ЖУРНАЛИСТИ ЗАҲМАТКАШ ВА ХОКСОР БУД

Бале, фардо чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, кас намедонад.

Шоире фармудааст:
Ин шом зани ҳомиларо 
мемонад,
Нармак-нармак қадам 
ба роҳ мемонад.
Зояд ба саҳар тифлаки 
ғам ё шодӣ?
Инро на ману на ту, 
Худо медонад.
Бале, фардо чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, кас намедонад. Зани ҳомилаи шаб субҳи ноябри соли равон барои ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик», «Чуст ҳақиқати» ва яке аз гузару оилаҳои шаҳри Чусти вилояти Намангон тифли ғам зод. 
Дар 71-умин солгарди умри худ хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон, масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳиявии «Чуст ҳақиқати», рӯзноманигори касбӣ Анвар Муродов бар асари беморӣ ин дунёи фониро падруд гуфт.
Анвар Муродов 10 ноябри соли 1951 дар гузари Бофандаи шаҳри Чуст дида ба дунё кушод. Баъди хатми мактаби таълими ҳамагонии зодгоҳ фаъолияти меҳнатиашро ба сифати коргар дар Колоннаи механиконидашудаи байниколхозии шаҳри Чуст оғоз намуд. Вале ҳушу ёдаш доим ба кори матбуот буд. Вақте фурсат даст дод, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд супорид. Баъди хатми донишгоҳ соли 1981 ӯро дар Маркази эҷодиёти бачаҳою наврасони шаҳри Чуст ба сифати роҳбар ба кор қабул карданд. Солҳои бозсозӣ, вақте як саҳифаи рӯзномаи ноҳиявии Чуст – «Чуст ҳақиқати» тоҷикӣ шуд, масъалаи кадр пеш омад. Хулоса карданд, ки бори ин саҳифаро Анвар Муродов ба дӯш гирифта метавонад: сокини Чуст, роҳбари Маркази эҷодиёти бачаҳою наврасони шаҳр, мактаби тоҷикиро хатм кардааст, маълумоташ олӣ, журналист.
Шурӯъ аз соли 1993 Муродов чун масъули саҳифаи тоҷикии «Чуст ҳақиқати» ба кор пардохт. Хабару мақолаҳои ӯ аз овони донишҷӯйияш дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» («Ҳақиқати Ӯзбекистон»-и собиқ) чоп мешуд. Тавону салиқаашро ба назар гирифта соли 2006 маъмурияти рӯзномаи «Овози тоҷик» ӯро хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон таъин намуд. Кор дар ду ҷабҳа аз сабру таҳаммул ва тавону салиқаи ӯ дарак медод. Тӯли фаъолият дар ин вазифа журналисти заҳматписанд ва хоксор бо хабару мақола ва гузоришҳои хонданияш ба дили хонандагон роҳ ёфт. Боре нашунидаем, ки ӯ гуфта бошад: «Чаро  маводи интиқолдодаи ман чоп нашуд?»...
Шодравон соли 2018 бо мукофоти давлатӣ – медали «Шуҳрат» сарфароз гардонда шудааст.
Синни 60-70 барои онҳое, ки бо маънавият ва қалам сарукор доранд, синни камолот аст. Зеро таҷрибаашон зиёд мешавад, дар кӯраи ҳаёт мепазанд. Дареғ, Анвар Муродов дар айни ба камолот расидан, моро тарк гуфт. Хонаи охираташ обод бод! Худои мутаол ба аҳли оила ва наздикони ӯ сабри ҷамил ато намояд.

Ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: