1. МАОРИФПАРВАРЕ, КИ ДАР ҲАБСХОНАИ СИБИР ФАВТИД

Нависандаи бомаҳорат, журналисти дақиқназар, инсони фарҳангдӯст, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» Ҳамза Ҷӯра аз мухбирони фаъоли ҷамоатии «Овози тоҷик» мебошад.

Мақолаҳояш дар мавзӯъҳои адабӣ ва масъалаҳои муҳими рӯз мунтазам чоп мешаванд.
Алҳол ӯ рӯзгор ва осори шоиру нависандагонеро, ки дар охири асри XIX ва ибтидои садаи XX умр ба сар бурдаанд, таҳқиқ намуда, ният дорад саҳифаҳои торику номуайяни муҳити фарҳангии ин давр, эҷодиёти симоҳои маъруфи адабиёти маорифпарвариро дақиқ омӯзад ва ба аҳли завқу назар пешкаш намояд. 
Инак, мо тасмим гирифтем, ки намунаҳоро аз ин силсилаи мақолаҳо барои муштариёни рӯзнома чоп кунем.

Аксар медонанд, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар кишвари мо даҳҳо ҷадидон — маърифатпарварон умр ба сар бурда, баҳри пешрафти ҳаёт ва саводнокшавии аҳолӣ, бахусус ҷавонон саҳми бузург гузоштаанд. Кору фаъолият ва эҷодиёти онҳо ба даври истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Русияи подшоҳӣ ва ваҳшонияту зулми аморати Бухоро рост омада буд. Ин аст, ки Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Фахриддини Роҷӣ, Ҳоҷӣ Муин Шукрулло ва чанде дигарон дар Самарқанд барои ташкил намудани мактабҳои усули нав ва ислоҳ кардани ҷараёни таълим дар мадрасаю мактабҳои аморати Бухоро ҷонашонро ба хавф гузошта, амал кардаанд. Аммо аксарияти онҳо дар солҳои сиюми асри гузашта бо тамғаи «душмани халқ» кушта ё ҳабс карда шудаанд. Яке аз онҳо шоир, драматург, журналист Ҳоҷӣ Муин Шукрулло мебошад, ки соли сипаришуда дар Ӯзбекистону Тоҷикистон аҳли илму адаб 140-солагии ӯро таҷлил намуданд.
Ҳоҷӣ Муин Шукрулло соли 1883 дар гузари Руҳободи шаҳри Самарқанд дар оилаи хидматчӣ таваллуд ёфтааст. Ӯ дар 7-солагӣ аз модар ва дар 12-солагӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи бобои босаводаш мемонад. Бо кумаки бобояш – Мирсаид дар муддати кутоҳ саводи динӣ бароварда, сипас таҳсилро дар мактаби шоир Васлии Самарқандӣ давом медиҳад ва ба навиштани шеър ҳавас пайдо мекунад. Аз устодаш илми сарфу наҳв, ҳисобу китоб ва ғайраро мукаммал омӯхта, чанд муддат муаллимӣ мекунад. Бо маслиҳати маорифпарвари машҳури замон Абдуқодир Шакурӣ ва устодаш Васлӣ дар гузари Хоҷа Нисбатдори шаҳр мактаби усули ҷадид ташкил карда, ба шогирдон баробари донишҳои динӣ, аз фанҳои дунявӣ низ дарс мегӯяд. Дар ин муддат борҳо ба ҳуҷуми хурофотпарастон дучор шавад ҳам, фаъолияти худро далерона давом медиҳад.
Бо гузашти солҳо Ҳоҷӣ Муин дар муҳити Самарқанд ҳамчун шоир ва адиб шинохта шуд. Намунаҳои эҷодиаш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҳамон давр мунтазам чоп мешуданд. Онҳо мазмун ва мундариҷаи ҷадидона дошта, ҷавононро ба озодфикрӣ ва саводомӯзӣ ҳидоят мекарданд. Ӯ ғайр аз забони тоҷикӣ, ба забонҳои туркӣ (ӯзбекӣ) ва арабӣ ҳам менавишт. Хурофотпарастонро чашми дидан надошт. Шеърҳои ҳаҷвию танқидиашро дар нашрияҳои «Тарҷумон», «Самарқанд» ва ғайра бо тахаллусҳои  «Ботурбек», «Мулложунбул», «Гумном», «Мушфиқӣ» чоп мекард. Дар ин бора худи ӯ дар хотираҳояш мегӯяд: «Шеърҳои то соли 1914 навиштаам қариб 2000 мисраъро дар бар мегирифтанд». 
Ҳоҷӣ Муин соли 1914 чанд шеъри ба тарбияи наврасон бахшидаашро ҷамъ оварда, ба унвони «Гулдастаи адабиёт» аз чоп баровардааст. Он аз нуздаҳ саҳифа иборат буда, шеърҳои таълимиву ирфонии муаллифро фаро гирифтааст. Омӯзгорон шеърҳои «Панд баҳри фарзанд», «Хитоб ба кӯдаки беилм», «Насиҳат», «Тифли бузург», «Искандар ва фақир», «Иттифоқ», «Шикоят», «Ба нафси худ», «Эътироф»-и ӯро, ки дар ин баёз ҷой доштанд, ҳангоми тадрис истифода бурдаанд.
Адабиётшиносон фаъолияти адабии Ҳоҷӣ Муинро омӯхта, ба драматургия, асарҳои саҳнавии вай баҳои баланд додаанд. Чунончӣ, шодравон адабиётшинос, олим ва муҳаррир Ғафурҷон Маҳмудов дар асараш «Мавзӯи истиқлоли миллӣ дар адабиёти ҷадид» дар бораи драматургияи мавсуф чунин навиштааст:
«Драмаи «Мактаби куҳна — мактаби нав»-и Ҳоҷӣ Муин (1916) ба масъалаи муҳими давр — тарғибу ташвиқи мактаби усули нав бахшида шудааст. Агар дар дигар песаҳо образи бой қаҳрамони манфӣ бошад, дар асари Ҳоҷӣ Муин вай ба сифати қаҳрамони пешқадам, тарафдори мактаби нав ва навоварӣ ҷилвагар мешавад... Дар драма ғояи ба мамлакати дигар асир нашудани одамон ҳам пеш гузошта шудааст» (Ғ. Маҳмудов, «Ҷадид адабиётида миллий истиқлол». Тошкент 1999, саҳ. 66).
Савол пайдо мешавад, ки майлу ҳаваси Ҳоҷӣ Муин ба драматургия аз куҷост? Пеш аз ҳама, ин таъсир аз эҷодиёти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва ба хусус, песаи «Падаркуш»-и ӯст. Зеро ӯ дар хотираҳояш чунин мегӯяд: «Дар таърихи соли 1914 песаи «Падаркуш» дар Самарқанд ба саҳна гузошта шуд. Ин асар ба ман сахт таъсир кард ва ман дигар корҳоро як сӯ гузошта, аз пайи навиштани асарҳои саҳнавӣ шудам. Сараввал бо ҳаммуаллифии Нусратулло Қудратуллоев песаи «Тӯй»-ро навиштем. Дар он давлатманде, ки барои суннатии писараш сарфу хароҷоти беҳуда карда, охирон ба ҳабс гирифтор шудааст, ҳаҷву танқид карда мешавад. Мазмун ва ғояи ин асар бинандаро ба камхарҷ гузарондани тӯю маъракаҳо ҳидоят мекард, ки аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошт. Ҳамин тариқ, ман ҳамон солҳо пасу пеш песаҳои «Зани мазлума», «Кӯкнорӣ», «Мактаби кӯҳна — мактаби нав»-ро навишта, ба саҳна гузоштам. Дар байни онҳо песаи «Зани мазлума» аз ҷониби тамошобинон хеле ҷонибдорӣ карда шуд. Ин аст, ки асари мазкур на танҳо дар Самарқанд, балки дар тамошохонаҳои берун аз он низ 11 маротиба гаштаю баргашта намоиш дода шуд».
Соли 1919 сарвари ҷадидон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар шаҳри Қаршӣ аз ҷониби ҷаллодони амир ваҳшиёна кушта мешавад. Ин ҳодиса ба Ҳоҷӣ Муин сахт таъсир мекунад ва бахшида ба ин фоҷиаи мудҳиш песаи машҳураш «Қурбониёни маориф»-ро менависад. Дар асар ваҳшиёна кушта шудани Беҳбудӣ бо тобишҳои гуногуни бадеӣ хеле таъсирнок тасвир шудааст, ки ҳамон солҳо дар театрҳои Самарқанд, Бухоро ва Каттақӯрғон такрор ба такрор намоиш дода шуда, нафрати халқи одиро нисбат ба ҷаллодони амир Олимхон садчанд карда буд.
Хоҷӣ Муин шеърҳои ҳаҷвию танқидии худро дар рӯзнома ва маҷаллаҳои даврӣ бо тахаллусҳои гуногун чоп мекард. Ин аст, ки бо ташаббуси ӯ аввали солҳои 20-уми асри гузашта дар рӯзномаҳои «Меҳнаткашлар товуши» ва «Зарафшон» бо унвони «Таёқ» гӯшаҳои танқидӣ ва ҳаҷвӣ кушода шуданд, ки дар онҳо мустабидон ва душманони халқи камбағал ошкоро танқид ва ҳаҷв карда мешуданд.
Қобили қайд аст, ки ин адиби оташсухан охири ҳамон солҳои пурошӯб дар назди рӯзномаи «Овози тоҷик» ба таъсис додани маҷаллаи ҳаҷвии «Мушфиқӣ» муваффақ мегардад ва ҳамчун муҳаррир дар муддати кӯтоҳ дар атрофи худ ҳаҷвнависони моҳир, аз қабили Фахриддини Роҷӣ (Абӯтанбал), Мунирхон Муйинзода (Ханҷар), Баҳриддин Азизӣ (Кофири Истаравшанӣ), Исмоилхон Домулло (Исфарагӣ), Ҷинқарча Сафохон (Даҳани фаранг), Ахмедӣ (Кунҷков), Ҷабборӣ (Тарсончак), Абдулҳамид Маҷидӣ (Танбал)-ро ҷалб мекунад.
Хонандагон ҳар як шумораи маҷалларо бесаброна интизор мешуданд. Шиори доимии он: «Ростӣ — растӣ, каҷ шудӣ — фач шудӣ» буд. Хабару мақолаҳои ин нашрия одӣ, аммо басо нишонрас буданд.
Ин аст, душманон ходимони маҷалла, пеш аз ҳама, муҳаррири он Ҳоҷӣ Муин Шукруллозодаро чашми дидан надоштанд ва пайи қасди ҷони ӯ мешуданд.
Ҳоҷӣ Муин дар байни шоиру нависандагони охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ ҳамчун адиби маорифпарвар мақоми баланд ва дар пешрафти жанрҳои ҳаҷву драматургия баъд аз Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ саҳми назаррас дошт.
Ба қарибӣ мо ба ҳавлии хурдакаки Ҳоҷӣ Муин, ки дар мавзеи Руҳободи шаҳри Самарқанд воқеъ аст, рафта, бо набераи шоир Бахтиёр дар бораи ҳаёти бобои маорифпарвараш суҳбат оростем:
—  Модарам Салимабону, ки фарзанди хурдии бобоям буданд, соли 2018 дар синни 95 вафот карданд. Аз он кас як ҳуҷҷат боқӣ мондааст. Он тарҷимаи ҳоли бобоям, ки 7-уми августи соли 1937 навишта шудааст. Раҳматӣ модарам бо оби чашм такрор ба такрор мегуфтанд, ки падарашон Ҳоҷӣ Муинро бо сабабҳои номаълум соли 1938 ба ҳабс гирифтаанд, эшон соли 1942 дар яке аз ҳабсхонаҳои Русия вафот кардаанд. 
Ин ҳуҷҷати 21-саҳифагӣ ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навишта шуда, чунин  сарлавҳаҳо «Мухтасари тарҷимаи ҳолам», «Кӯшиш ба шоирӣ», «Дар соҳаи драматургия», «Бедорӣ ва ҷадидӣ» ва «Масъалаи мафкура» дорад. 
Дар саҳифаҳои 15-16 рӯйихати осори чопшуда (11 номгӯй) ва асарҳои чопнашуда (190 номгӯй), аз ҷумла 1500 мисраъ шеър ва 500 шеъру мақола ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ мавҷуданд.
Дар саҳифаи 14-уми шарҳи ҳол кас ба чунин ҷумлаҳо дучор меояд: «Лекин ман бо баъзе хатоҳои содиркардаам соли 1929 якчанд сол ба мусибатҳои пай дар пай дучор шудам. Лекин он рӯзҳои сахту сангин низ гузашту аз нав ба кори эҷод машғул шудам».
Ҳамон солҳо Ҳоҷӣ Муин аз ҷониби ходимони НКВД ба ҳабс гирифта шуда, соли 1932 ба озодӣ баромада буд. Акнун ӯ корҳои маърифатии худро пинҳонӣ давом медод. То соли 1938 дар мактабҳои усули нав кор карда, шогирдонро дар руҳи озодӣ тарбия кард, ба онҳо баробари фанҳои динӣ илмҳои дунёвӣ ҳам омӯзонд. Дар даҳҳо нашрияҳо фаъолияти пурсамар дошт. Вале ҳамеша бо тарсу ваҳм зиндагӣ мекард.
Чунки табъидҳо идома доштанд. Ҳамсафонаш Фахриддини Роҷӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Ҷавдати Самарқандӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Саидризо Ализода ва даҳҳо дигарон ҳамчун душмани халқ бадном шуда буданд. Ҳоҷӣ Муин ҳар як дақиқаи ҳаёташро бо ваҳму таҳлука мегузаронд. Метарсид, ки ходимони ин идора боз меоянду ӯро дубора гирифта мебаранд. Чунки як маротиба ҳамчун «душмани халқ» ба рӯйхати сиёҳ афтода буд.
Ӯ тирамоҳи соли 1937 (аниқтараш шаби 28-уми сентябр) тарҷимаи ҳоли худро навишта шуд ва зану фарзандонашро даъват карда гуфт:
«Ҳамаи саргузаштамро дар ин варақҳо навиштам. Баъди сари ман шумо донед, ки падаратон одами дину диёнатдор, маърифатпарвар аст. Ман на ҷосуси ҳукумат ва на душмани халқ ҳастам. Танҳо ба манфиати халқу миллат кор кардам.  
— Муҳаррамбону, — ба ҳамсараш нигариста илова кард ӯ, — дар ҳама ҳолат фарзандонро эҳтиёт кун, бохабар бош. Умед дорам, замоне меояд, ки ҳамаи корҳои хуби ман рӯйи об мешаванд».
Пас аз се моҳ, яъне 2-юми январи соли 1938 3-4 нафар шахсони низомӣ ба хона зада даромада, Ҳоҷӣ Муинро бо мошини зиреҳпӯш гирифта рафтанд. Баъди чанд рӯз суди ҳарбии вилояти Самарқанд ҳукми худро эълон кард. Яъне «Ҷосуси ашаддии ҳукумати советӣ» Ҳоҷӣ Муин Шукруллоевро ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда, ба ҳабсхонаи шаҳри Магадани Русия фиристод.
Сад афсӯс, ки ба Ҳоҷӣ Муин шодии дубора ба ватан баргаштан насиб накард. Гуруснагӣ ва ҳавои сарди Сибир ӯро соли 1942 дар синни 59 ба доми марг кашид.

Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: