Асадуллоҳи АТОУЛЛОҲ: «ШАШМАҚОМ» – ҶОНУ ДИЛАМ

Он рӯз дар яке аз гӯшаҳои хушбоду ҳавои Самарқанд иди касбии кормандони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ идома дошт.

Он рӯз дар яке аз гӯшаҳои хушбоду ҳавои Самарқанд иди касбии кормандони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ идома дошт. Ба саҳна ҳофизони номдор як-як баромад карда, бо сурудҳои дилошӯб табъи ҳозиронро болида месохтанд. Ногоҳ баранда эълон кард, ки навбат ба Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон Асадуллоҳи Атоуллоҳ дода мешавад.
Баъди кафкубиҳои бардавоми аҳли толор аз паси парда чеҳраи марди маллаандоми хушсару либос, ки дар даст тор дошт, пайдо гашт. Вай даст пеши бар гирифта, аввал нимтаъзимкунон салом дод, сипас бидуни саросемагӣ, бо нармӣ, озоду равон сурудашро оғоз кард:
Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо 
инҷост, 
Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо инҷост...
Вақте суруд ба поён расид, садои пурмавҷи мухлисон гӯё толорро ларзонд. Асадуллоҳ таъзимкунон ақиб рафту қарсак авҷ гирифт. Мазмун: боз якта шавад! Ин дафъа вай ба забони ӯзбекӣ суруди «Қалам дардамро навис»-ро иҷро кард.
Асадуллоҳ, ҳангоми дар мактаби рақами 1-уми ноҳияи Ургут таҳсил гирифтан, дил ба санъат баста буд. Вай овони таҳсил дар синфи шашум бо суруди «Гулнора меояд ба рақс» дар озмуни ноҳиявӣ ғолиб омада, роҳхат ба мусобиқаи вилоятӣ гирифт. Сипас вай натанҳо дар чорабиниҳои мактабӣ, инчунин шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ба эҳтироми мухлисон соҳиб мегашт.
Муҳаббат ба санъат ӯро ба Душанбешаҳр бурд. Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода супурда, аз имтиҳони қабул сарбаландона гузашт.
Агар дар мактаби миёна аз устоди нахустинаш Собирҷон Исмоилов захма ба тор задану суруд иҷро карданро омӯхта бошад, дар пойтахти Тоҷикистон аз Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Ҷӯрабек Набиев ва дигарон асрори овозхониро ёд гирифт. Пас аз соҳиби диплом шудан, фаъолияти меҳнатиро дар дастаи ҳунарии шашмақомхонони назди идораи симо ва садои Тоҷикистон оғоз кард. Дере нагузашта навоварӣ ва ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯро ба ҳисоб гирифта роҳбари гурӯҳ таъин намуданд.
– Самарқанд – тамаддуни Шарқ ва зодгоҳи ҳофизи номдор Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов аст, – мегуфт ба ӯ ҳангоми суҳбат Барно Исҳоқова, – ана барои чӣ талаб аз шумо дучанд аст. Умуман, умедамон аз шумо калон.
Асадуллоҳ аз суханони устодаш рӯҳи тоза гирифта, пайваста машқ мекарду истеъдоди худро сайқал медод, ба бойгонии радиои Тоҷикистон роҳ ёфта, сурудҳои Ҳоҷӣ Абдулазизи самарқандиро бо диққат гӯш мекард. Ба ивази меҳнат ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ маҳорати сарояндагии ӯ ба тадриҷ афзуд. Албатта, варақ задани рисолаҳои мусиқӣ роҷеъ ба «Шашмақом» низ фоида дод. Шояд аз ҳамин сабаб сафарҳои эҷодии ӯ ба Берлин, Теҳрон, Деҳлӣ, Тошканд, Истаравшан, Арабистони Саудӣ хеле хотирмон буд.
Ҳоло Асадуллоҳ эҷодкори озод буда, бо тарғиби «Шашмақом» банд аст. Аз ҳама муҳимаш шогирдони бешумор дорад, ки анъанаи неки ӯро идома медиҳанд.
Бо писари ягонааш Комрон пайваста машқ карда, сурудҳои наву тоза эҷод менамоянд. Дар репертуари онҳо шеърҳои шоирони классику муосир Хоҷа Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Ҳилолӣ, Фузулӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода,  Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Ҷумъаниёз Ҷабборов, Эркин Воҳидов, Ҷаъфари Муҳаммад ва дигарон фаровонанд.
– Рост мегӯянд, ки ҳар бадӣ некӣ доштааст, – изҳор дошт Асадуллоҳи Атоуллоҳ, – дар вақти пандемия мо – ҳофизон гӯё «хонашин» шудем. «Аз бекорӣ – кадукорӣ» – бо писарам ба панҷ суруди тоҷикӣ ва ҳамин қадар суруди ӯзбекӣ оҳанг бастем, ки моли шоирони муосир мебошанд.
– Ҳар ҳунарманд, ба ҷузъ овозхонӣ бо касбу коре машғул аст...
– Донистам, ки аҷдоди мо ҳалвопаз будаанд. Агар ҳофиз намешудам, анъанаи неки онҳоро идома медодам. Бинобар ҳамин, гоҳ-гоҳ бо ширинипазӣ машғулам. Барои худситоӣ не, бояд бигӯям, ки пухтани қариб даҳ хел палав ва кабоби тӯй аз дастам меояд. Шояд аз ҳамин сабаб ҳангоми ҷамъ омадани ёру дӯстон ҳамкасбам Мардони Мавлон ба исрор талаб мекунад, ки шахсан ман кабоб ва палави самарқандӣ тайёр кунам. 
Мақсади ман дар анҷумани байналхалқии мақомчиёне, ки дар шаҳри Шаҳрисабз имсол баргузор мегардад, иштирок кардан аст,зеро шашмақом ҷону дилам, — мегӯяд ӯ.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: