БА ҲОВАН ОБ МЕКӮБЕМ

(ё мактуби кушод ба Ӯзбакбойи Раҳмон)

(ё мактуби кушод ба Ӯзбакбойи Раҳмон)
Бародари азиз! Дарди кӯҳнаамро тоза кардӣ. Ё худ захми носуреро, ки бо сад азоби алим аз хуншоршавӣ эмин медоштам, дониста ё надониста хуншор кардӣ. Чаро чунин кардӣ? Ман мақолаи ту «Китоб, рӯзнома ва забони адабӣ» («Овози тоҷик»,  20 январи соли 2021, № 6)-ро дар назар дорам.
Ба фикри оҷизам ҷавоби ин суолро банда низ медонам, аммо аз ин хусус сонитар.
Аз китобу мактабу рӯзнома, ки бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, бо ҳадафи ба ҷунбиш овардани нангу номуси миллии шаҳрвандони ҳаммиллатамон бо сӯзу гудоз сухан гуфтаӣ. Аҳсант! Аммо лаҳзаҳои андешаҳоятро рӯйи қоғаз овардан ҳеҷ фикр накардӣ, ки бо таъбири халқ «ба ҳован об мекубӣ?» Гумони ғолиб дорам, ки акнун ту мепурсӣ: «чаро?». Ту марди оқилӣ. Сабр пеша кун. Пурсишат бе ҷавоб намемонад.
Дар мактабе, ки (банда айнан ҳамон мактаби ту ба он ҷо рӯзнома бурдаро дар назар надорам) лоақал омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик (аз омӯзгорони китобхону китобдӯст маъзарат мехоҳам, аммо сафи эшон сол то сол мекоҳад, афсӯс) ҳам дар як сол як китоби бадеӣ намехонад, эътимоди  қавӣ дорад, ки дар дохили чорчӯбаи китоби дарсӣ сабақ додан кифоя аст, фарҳанги забони тоҷикиро (агар дошта бошад) танҳо баҳри ба фарзанд, ё набераи навзодаш ном гузоштан ба даст мегирад, аз Ҳофиз як ғазал (таҳлили ғазалро намегӯям) ҳифз накардааст... рӯзнома бурдан магар «ба ҳован об кӯфтан» нест? Боз ҳар яктояш се ҳазорсӯмӣ-а! Андеша накардӣ, ки муаллимро «хонавайрон» мекунӣ?
Дар яке аз мактабҳои сирф тоҷикии ноҳияи Сайҳунобод шогирде (соли сипаригашта мактабро хатм кард) панҷоҳ ғазали Алишер Навоиро пайи ҳам ифоданок қироат ва боз маънидод ҳам карда метавонад, аммо (сад дареғ!) кӣ будани Ҷалолиддин Балхии Румӣ намедонад, аз сеҳри сухани қудсии Ҳофиз ва шаҳди каломи Камол бебаҳра аст. Устодаш муаллими фанни забони давлатӣ, аз рӯйи ихтисос муаллими забони русӣ аст. Дар ҳамон мактаб омӯзгорони маълумоти олидори фанҳои забону адабиёти тоҷик ҳам ҳастанд. Асабҳои эшон мустаҳкам аст, боз ҳеч кас намепурсад, ки “шумо ҳам ҳастед, ё на?”
Аз озмуни китобхонон дар ҷумҳурии ҳамсоя ёдовар шуда, таъкид мекунӣ, ки дар кишвари мо низ муносибат ба китобу китобхонӣ ба дараҷаи сиёсати давлат боло рафт. Бале, ҳақ асту рост. Роҳбари кишвар решаи иллати маънавиро дарёфт ва ба он табар зад. Кош тадбирҳои марбути ин соҳа байни мактабҳое, ки таълиму тарбия дар онҳо ба забони тоҷикӣ аст, ба роҳ монда мешуд. Барои ин фармон, ё қарори махсуси Президент лозим нест. Дархости халқ, ташаббус ва андак эътибори роҳбарони соҳа кифоя аст, ки мушкил ҳаллу фасл шавад, зеро то кӯдак гиря накард, модар сина надод. Ва мо кӯдакони босабрем.
Чанд сол қабл бо се директори мактабҳои тоҷикӣ суҳбат ороста, аз фишурдаи он ба рӯзномаи “Овози тоҷик” маводе навишта будам. Ҳини суҳбат таклиф кардам, ки байни ҳамин се мактаб конфронси китобхонҳоро ба роҳ монем. Он лаҳза банда низ намедонистам, ки “ба ҳован об мекӯбам”. Дар деҳаҳои тоҷикнишине, ки таълиму тарбия ба ду забон аст, миқдори хонандагони синфҳои тоҷикӣ торафт кам мешавад. Ин аламовар аст! Волидон сабаб меоранд, ки дар донишкадаҳои ғайрипедагогӣ тестҳои дохилшавӣ ба  забони тоҷикӣ нест. Ташкил кардани такмили ихтисоси муаллимони забон ва адабиёти тоҷик низ муаммои сарбастаест. Чун дар адабиёти мо муаммогӯйӣ  ва муаммокушойӣ  аз байн рафтааст, кушодани муаммои болоӣ мушкилиҳо дорад.
Агар тоқати гӯш кардан дорӣ, воқеаеро нақл мекунам. Охири солҳои навадуми қарни гузашта як “Москвич”-и нимдоштам буд. Мошинсавор ба аёдати хеши беморамон, ба шаҳри Гулистон рафтам. Ҳини бозгашт баллони мошин фанд доду ба устохонаи таъмири баллон даромадам. Ҷавони хушмӯйлабе пешвоз гирифт, аз магнитафонаш суруди эстрадии тоҷикӣ чунон баланд садо медод, ки мо сухани якдигарро намешунавидем. Ишора кардам, ки овози магнитафонро пасттар кунад. Пас, пеш аз арзи матлаб пурсидам, ки оё матни сурудро мефаҳмад.
– Не, – ҷавоб дод ӯ.
– Пас, чаро гӯш мекунӣ?
– Ако, мо ҳам як замонҳо тоҷик будем, – фориғболона ҷавоб дод ҷавон.
– Ҳоло чӣ?
– Ҳоло танҳо бобоям тоҷикӣ медонад.
Аз ин ҷавоб банда на маҷоли хандидан доштаму на гиря кардан... Мабод, ки қисмати он ҷавон ба сари фарзандони мо ояд.
Масъалаи китобу мактабу  рӯзнома дарди миллат аст ва мабодо, ки ин дард ба захми носур мубаддал шавад. Ҳоло фурсат расидааст, ки падару модарон “чаро фарзанди ман ба мактаби олӣ дохил нашуд” гуфта, гиребони муаллимро бигиранд. Аммо боз ҳамон гап: модарон серкоранду кӯдакон сабру таҳаммули ҳайратафзо доранд...
Бародари азиз, ту марди хушзеҳнӣ. Аз ин рӯ бояд фаҳмида бошӣ, ки чаро дарди кӯҳнаи маро нав кардӣ ва чаро “ба ҳован об мекӯбӣ” гуфтам. Мо, ки ҳамдардем, биё, ба ҳар гӯш нағоракӯбӣ накунем. Ё гумон дорӣ, ки пас аз “андешаҳо”-ят ҳамдардони зиёде пайдо мешаванд? Кошкӣ, ҳамин тавр шавад...

Тӯхтамиши БОҚӢ,
журналист.

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: