«ЧУН ФАРЗАНД ДАР ВУҶУД ОЯД...»

Номгузорӣ ба тифли навзод яке аз анъанаҳои қадимтарини башарият буда, дар номҳо тамаддун, андешаву маниш ва пешаву ҳунари миллат инъикос ёфта, ҳамчун маҳсули тафаккури давраҳои гуногуни ташаккули ҷамъият то ба имрӯз омада расидааст.

Таърих бо ном ҳамроҳ аст ва агар номро аз таърих бардорем, чизе барои гуфтан вуҷуд дошта наметавонад. Ин аст, ки доир ба робитаи ном ва соҳиби он ҳанӯз дар даврони антиқа байни файласуфони Юнони Қадим баҳс барангехта буд ва шуълаи алангаи он то имрӯз низ дар миёни файласуфон ва мутафаккирони дин хомӯш нашудааст.
Дар фаҳмиши нахустинсонҳо, ки ҳоло ҳам дар байни баъзе аз халқҳо ба мисли эскимосҳо ҳифз шудааст, инсон ин муттаҳидкунандаи ҷисм, ҷон ва ном аст. Онҳо аз байни ин се чиз танҳо номро ҷовидона мепиндоштанд.
Аммо аз рӯйи пиндошти мисриёни қадим номҳо намиранда буда, ба хайру неъмат ва манфиати шахсе, ки фавтидааст (марҳум), вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекарданд, ки номи шахси фавтида на аз байн равад ва на ба таҳқире дучор гардад. Дар Юнони Қадим дар лавҳачаи сурбӣ номи марҳумро навишта, онро ба дарё мепартофтаанд. Тибқи иттилои Л. Я. Штернберг  тамоми мардуми ҳиндуаврупоӣ ба он бовар доштанд, ки ном муҳимтарин ҷузъи инсон буда, он ҳам нафас ва ҳам ҳаёти ӯст. Ҳамин тариқ,  дар даврони қадим номро бо ҷони одам пайванд ва як ҷузъи асосии он дониста, тасаввур мекарданд, ки он метавонад ба як қувваи фавқуттабиӣ табдил ёфта, сеҳру ҷоду гардад. Бинобар ин, номи худро ҳамеша махфӣ нигоҳ медоштанд ва дар ҳаёти рӯзмарра аз номҳои муқаррарӣ ё лақаб истифода мебурданд, ки ин анъана то имрӯз низ дар байни аксарияти халқҳои олам идома дорад.
Дар байни қавми яҳуд чунин анъана марсум будааст, ки агар касе бемор шавад, ӯро Хаим (яъне «ҳаёт») ном мебурдаанд ва тифлоне, ки лоғару бемор ба дунё меомаданд онҳоро низ Хаим, Дов (хирс), Лейб (шер) ном мегузоштаанд.
Дар кишварҳои насронӣ бошад, барои тифли навзод аз рӯйи анъана номҳои муқаддасро мегузоштанд, ки кӯдак ҳам бигузор софдил ва орӣ аз ғаразҳои нопок ба воя расад. Чунин мепиндоштанд, ки номи наку кӯдакро аз ҳар гуна бало эмин нигоҳ медорад. Агар падару модар бо номҳое, ки дар калисо гузошта мешуд, розӣ намешуданд, бинобар ин, номи дувумро ба кӯдак мегузоштанд, ки минбаъд ин ҳамчун анъана давом ёфт. Ин расм дар байни қавми яҳуд низ роиҷ аст. Дар байни славянҳо ба кӯдак додани номи фавтида мумкин набуд, аммо дар байни  қавми яҳуд баръакс ба кӯдак номи фавтидаро мегузоштанд.
Ба дунё омадани кӯдак хушбахтии бузурги падару модар аст. Маросими номгузорӣ дар байни қавмҳои олам гуногун мебошад, аммо бархе аз номҳо аз тафаккури тотемӣ сарчашма мегиранд. Дар мифологияи мардумони туркнажод тотемаи гург, махсусан гурги бӯр ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Дар тахайюли онҳо гурги бӯр табиатан дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Дар устураҳо ва афсонаҳои онҳо номҳои зиёде вомехӯранд, ки бо номи Гург(-и бӯр) марбут мебошад.
Номҳои бадавиёни араб бештар аз номҳои ашёи рӯзгор, ҳайвоноти ваҳшӣ ва ғайра гирифта шудааст. Масалан, Сураҷ ва Қутайба – ифодакунандаи маънои зини уштур, Увайс (гург), Асад (шер) ва Аббос (шери жаён), Ҷакол (дӯстдори саг) ва ғ. Ҳамаи ин номҳо, ки аз таассуроти тотемии мардумони даврони қадим дарак медиҳад, барои бадавиён ҳамчун номҳои муҳофизӣ гӯё ҷиҳати рондани деву аҷина хизмат мекардаанд ва ин гуна номҳоро кӯдакон то 7-солагӣ бо худ медоштанду минбаъд номи дигар мегирифтанд, вале номи аввала, ҳарчанд ба забон овардани он расм набуд, бо онҳо ҳамеша боқӣ мемонд.
Танҳо дар даврони ислом дар байни қавмҳои араб номҳо то ҳадде дигар гаштанд. Аммо таассуроти тотемии арабҳо минбаъд низ пурра аз байн нарафт. Дар радифи ҳамин гуна номҳо мусулмонони ғайриараб низ фарзандонашро бо номҳои ҳайвоноти ба қавмҳои араб муқаддас номгузорӣ мекарданд, зеро иқтибос шудани номҳо ва маънои онҳо дар байни қавмҳои гуногуни олам роиҷ будааст. Масалан, номи яҳудии Голд (аз Златаи славянӣ), Либе (Любов), Хуснӣ (аз Ҳусни арабӣ) ва аксарияти номҳои славянӣ аз забонҳои лотинӣ ё юнонӣ иқтибос шудаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар дини ислом чунин шарт мавҷуд нест, ки номҳо бояд ҳатман бошанд. Номи Искандар дар забони арабӣ иқтибос аз забони яҳудӣ дар шакли Александр мебошад. Ин ном дар даврони элленистӣ шуҳрати зиёд дошта, дар байни қавми сефардҳои Африкаи Шимолӣ дар шакли Сендар истифода мешудааст. Номҳои зиёди қуръонӣ ба мисли Иброҳим, Исмоил, Яҳё, Мусо, Исо, Ҳорун ва ғ. иқтибос дар забони арабианд.
Дар ҳадиси Ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Ба фарзандон гузоштани номи зебою хушоҳанг ва дорои маънои некро шоиста донем, на ин ки маъно қабеҳ ҳам бошад, арабӣ бошад». Ат-Тирмизӣ аз забони Ойиша нақл мекунад, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) номҳои дорои маънои қабеҳро иваз мекард. Аз Ибни Умар (р.а.) нақл ҳаст, ки духтари Умар (р.а.) Осия ном дошт, ки маънои гунаҳгорро дорад ва Пайғамбар ӯро Ҷамила (яъне зебо ва хушрӯй) ном ниҳод. Гузоштани номҳо ва сифатҳои Худовандро низ рад мекард, масалан Холиқ, Аҳмад, Маликуламлок ва ғ. Пайғамбари ислом, инчунин, ба гузоштани номҳое, ки банда ё ғуломи касе ё чизе буданро ифода мекунад, иҷозат надодааст: Абдулкаъба — банда (ғулом)-и Каъба), Абдуннабӣ — банда (ғулом)-и набӣ), Абдуррасул — банда (ғулом)-и расул) ва ғ.
Агар ба номмонии пешазисломии ориёнажодон назар намоем, номҳои ин қавм аз фарҳанги баландашон дар номгузорӣ шаҳодат медиҳад. Дар асоси иттилои «Шоҳнома» ориёиҳо дар давраи асотирӣ номи фарзандро на пас аз таваллуд интихоб мекардаанд, балки ҳангоми издивоҷ бар онҳо ном мениҳодаанд, чунон ки Фаридун – подшоҳи номдори асотирӣ дар «Шоҳнома» барои се писараш дар оғоз номе намениҳад. Фирдавсӣ мегӯяд:
Падар низ нокарда аз 
ноз ном,
Ҳаме пеши пилон 
ниҳоданд гом. 
(Шоҳнома, 
ҷ.1, саҳ.128).
Замоне ба онҳо ном интихоб мешавад, ки издивоҷ карда, бо арӯсони худ ба дарбор меоянд. Арӯсон, ки духтарони шоҳи Яман буданд, низ ном надоштаанд:
Падар ном накарда аз 
нозашон,
Бад-он то нахонанд 
б-овозашон. 
(Шоҳнома, 
ҷ.1, саҳ.128).
Фиристодаи Фаридун бо номи Ҷандал ба шоҳи Яман мегӯяд:
Мар он ҳар серо низ 
нокарда ном,
Чу бишнидам ин, 
шуд дилам шодком.
Ки мо низ номи се
 фаррухнажод,
Чу андархур ояд, 
накардем ёд. 
(Шоҳнома, 
ҷ.1, саҳ.132).
Аз он ҷиҳат шодком аст, ки онҳо ном надоранд, яъне ҳанӯз издивоҷ накардаанд ва метавонад онҳоро хостгорӣ кунад.
Тибқи дигар сарчашмаҳои хаттӣ дар таассуроти мардумони ориёинажод тотемаи асп ҷойи асосиро мегирад. Номҳое, ки аз тотемаи асп сарчашма мегиранд, танҳо ҳамчун лақаб ба шахсони машҳур гузошта мешудааст: Масалан, Арҷосп (дар Авасто Отургушнасп – соҳиби аспи мода), Гаршосп (дорандаи аспи  лоғар), Луҳросп (дорандаи аспи тунд), Таҳмосп (дорандаи аспи тануманд, зӯрманд), Ҳувосп (дорандаи аспи  хуб), Беварасп (соҳиби даҳ ҳазор асп), Шедосп (соҳиби аспи дурахшон) ва ғ.
Номҳои дигари ниёгонамон, ки бар онҳо муҳри таърихии чандҳазорсола гузошта шудааст ва ҳеҷ қавме наметавонад онҳоро аз худ гӯяд, ҳамон зебономҳои некмаъно ва хушоҳангу гӯшнавозеанд, ки бар пояи суннатҳои номгузории гузаштагон тавассути шоҳасарҳои бузурги миллиамон то ин замон расидаанд. Мисоли барҷастаи он, номҳои дар «Шоҳнома» истифодашуда, ки шакли тағйирёфтаи номҳои бостонӣ мебошанд: мисли Ҷамшед, Фаридун, Ковус, Афросиёб, Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Хусрав, Кайхусрав, Манучеҳр, Исфандиёр, Бежан, Рудоба, Таҳмина, Фарангис, Манижа, Судоба, Гурдия, Гурдофарид ва ғ. Қисме аз номҳо аз номи моҳҳо ва рӯзҳо, ки рамзи пирӯзиву некӣ, меҳру садоқат буда, дар пояи минуӣ қарор доштанд, гузошта мешудааст, ки намунаи онҳоро аз «Авасто» ва «Бундаҳишн» метавон дарёфт: Баҳман (маниши хуб, ниҳоди нек), Баҳром (пирӯз, музаффар, ғолиб) ва ғайра.
Қолаби номсозии пешин то имрӯз дар бархе аз номҳо ҳифз шудааст. Қобили зикр аст, ки дар забонҳои форсии бостон ва авастоӣ асосҳои хатмшуда бо -а ба ҷинсияти занона мансубанд. Ҳарчанд дар давраи баъдинаи ташаккули забонамон ҳолатҳо ва ҷинсияти грамматикӣ аз байн рафтанд, вале таъсири фарқияти ҷинсияти он дар номҳо шояд боқӣ монда бошанд. Дар навиштаи «Бундаҳишн» номи нахустин марду зани ҷаҳон – Машӣ ва Машёна гувоҳи ин гуфтаҳост. Бо пасвандҳои -а, -ина сохта шудани ном ҳам дар Авасто ва ҳам дар «Шоҳнома» низ ба чашм мерасад: Саока (номи изадбонуи нигаҳбони хушиву парвариш), Варидкана (номи духтари Гуштосп), Рудоба, Судоба, Манижа, Нӯша, Озода, Гурдия, Таҳмина (дар радифи ҳамин ном номҳои занонаи Заррина, Симина, Мушкина ва ғ. низ ба вуҷуд омадаанд).
Пасванди -ак ва пасвандгунаи - моҳ, - шоҳ дар забонҳои авастоӣ ва порсии миёна баъзан ҳамчун ифодакунандаи ҷинсият истифода мешудаанд. 
Аренавак ва Сангҳавак (номи духтарон (хоҳарон)-и Ҷамшед), Фарзонак, Равшанак, Савсанак; Андармоҳ (рӯзҳои якум то панҷуми ҳар моҳ бад-ин ном хонда мешуд), Пурмоҳ (моҳи пурра – рӯзҳои ёздаҳум то понздаҳум), Дорошоҳ, Хшаёршоҳ ва ғ.
Пасвандгунаи насабсози -зод (-зода), ки имрӯз хеле серистеъмол аст, шояд шакли тахфифшудаи вожаи зот, яъне тухма, насл бошад. Зеро дар забони форсии миёна барои ифодаи мансубияти насабӣ вожаи зот бо иловаи пасванди нисбат -он истифода мешудааст. Масалан, Отурфарнбағи Фаррухзотон (яъне, Озарфарнбағи Фаррухзод).
Номҳои сохтаю мураккабе, ки аз вожаҳои форсии бостон ва ё авастоӣ дар даврони баъдина мураттаб шудаанд, намунаи олии номсозӣ маҳсуб меёбанд: Рашнавод, Фаррух, Гулшаҳр, Гурдгир, Густаҳам, Гаждаҳам, Меҳрон, Меҳрак ва ғ. Дар асоси номҳои қадимӣ, ки танҳо маъноҳои ҳуриву зебоӣ, ростиву покӣ, фазлу дониш, додварзиву додгустарӣ, дӯстдориву муҳаббат, пирӯзиву саодатмандӣ, хайру некӣ, тандурустиву офият ва амсоли инҳоро ифода менамуданд, дар даврони нав низ ҷузъҳои гуногуни номсозии иборат аз маъноҳои фавқуззикр падид омада, номҳои зебою дилнишинро сохтаанд. Масалан, ҷузъҳои номсози занона: моҳ, гул, бика, намо, ноз, бону, ҷаҳон, парӣ, ваш, бахт, меҳр, ва ғ.; ҷузъҳои номсози мардона: худо, дин, дод, шоҳ, ёр, нек, пок, хуш, ҷон ва ғ. Мавриди зикр аст, ки бо пасвандгунаҳои гул, офарид, ноз, гурд, чеҳр, моҳ дар «Шоҳнома» низ номҳои занона мавҷуданд, ки бешак он идомаи ҳамон фарҳанги номгузории гузаштагон аст. Гулнор, Гулшаҳр, Гурдофарид, Беҳофарид, Мушкиноз, Шаҳрноз, Нозёб, Чеҳрзод, Гурдия, Моҳёр, Моҳофарид ва ғ. 
Фарҳанги номмонӣ тавассути суннатҳои миллӣ идома ёфта, ҳеҷ эътиқоди дигаре натавонистааст бунёди онро барканад. Баръакс, вожаҳо ва номҳои иқтибосӣ дар амсилаи номсозии миллӣ рахти амал баста, як шакли ба худ хоси миллиро гирифтаанд. Дар пояи бархе аз ин номҳо вандгунаҳои номсози ғайримиллӣ номҳои нави миллиеро ба вуҷуд овардаанд, ки умри беш аз ҳазорсола доранд ва он рисолатеро, ки дар забону фарҳанги миллии мо анҷом медиҳанд, дар забони асл иҷро накардаанд. Масалан, вандгунаҳои номсози занона: нисо, нур, султон, давлат, бегим, хотун, хоним ва ғ. ва ё вандгунаҳои номсози мардона: муҳаммад, алӣ, оллоҳ, абду, абу, амир, назар, давлат, султон, саид, хон ва ғ.
Маҳз ҳамин фарҳанги волои номгузорӣ дар тафаккури аксарияти мардуми мо побарҷост, ки пас аз ворид шудани иқтибосоти зиёди арабӣ то ба имрӯз низ ба маънои ном таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва ҳар падару модар кӯшиш мекунанд беҳтарин номе, ки ҳам маънои нек ва ҳам талаффузи гӯшнавоз дошта бошад, ба фарзандаш интихоб намоянд.
Аммо таассуф аз он, ки бо вуҷуди соҳиби чунин хазонаи пурганҷ будан, баъзан дар диламон майли бегонагарӣ хуруҷ мекунаду рӯ ба номҳои ноошно меоварем. Шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ дар яке аз мақолаҳояш менависад: «Дар номҳои одамон ҳам вазъи таърихи халқ ифода мешавад. Чун арабҳо Осиёи Миёнаро истило карданд ва мардум ба ислом гаравиданд, чунон ки Абдулқосим Фирдавсӣ пешгӯӣ карда буд:
Чу бо тахт минбар 
баробар шавад,
Ҳама ном Бубакру Уммар 
шавад.
Ҳама номҳои суғдиву паҳлавию сакоиву бохтарӣ ва ғайра, ба исмҳои арабӣ бадал шуданд, юнонӣ, ибронӣ туркӣ низ тоҷиконро ҳалқапеч карданд. Албатта ин ҳолати сартосарӣ набудааст. Тоҷикони сарбаланд номи баланди худро ҳам аз шабохуну рӯзохунҳои ҳаводис дифоъ кардаанд».
Ин нукта дар асари Ричард Нелсон Фрай – яке аз эроншиносони машҳури Донишгоҳи Ҳарвард низ қайд гардида, таъкид мекунад, ки вақте ғайриарабҳо исломро қабул мекарданд, ба онҳо номи арабӣ дода мешуд.
Гузоштани номи нек ибтидои орзуи нек дар ҳаққи фарзанд аст. Аз ин рӯ, номи зебою муносиб, ҳангу гуворо ва писандидаю наку гузоштан ба фарзанд аз суннатҳои қадимӣ ва вазифаҳои аввалини падару модар мебошад. Анъанаи беҳтарин ва гуворотарин ном гузоштан ба фарзанд хоси миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик буда, он аз умқи таърих сарчашма мегирад. Хоҷа Насириддини Тӯсӣ дар «Ахлоқи Носирӣ» фармудааст: «Чун фарзанд дар вуҷуд ояд, ибтидо ба тасмияи ӯ бояд кард ба номи некӯ, чи агар номи номувофиқе бар ӯ ниҳанд, муддати умр аз он нохушдил бошад». Номҳои тоҷикӣ мардонагӣ, диловарӣ, тавоноӣ, доноӣ, ҳусн, зебоӣ, родмардӣ ва саховатмандӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсонро ифода менамоянд. 
Гузашта аз ин, ёдовар бояд шуд, ки бо ин мушкилот кишварҳои дигари ҷаҳон низ рӯ ба рӯ шудаанд. Бинобар ин дар аксари кишварҳо барои номгузорӣ ё феҳристи махсус таҳия шудааст ва ё аз ҷониби ин ё он мақомоти босалоҳият номгузорӣ назорат карда мешавад. Масалан, дар кишварҳои Исландия, Дания ва Ҷопон феҳристи номҳо таҳия шудааст ва мардум танҳо дар асоси феҳрист ба фарзандонашон ном интихоб мекунанд. Дар Зеландияи Нав, Норвегия, Малайзия, Олмон, Португалия ва ғайра рӯйхати «сиёҳ»-и номҳои манъшуда тартиб дода шуда, раванди номгузорӣ дар ин кишварҳо аз ҷониби мақомоти махсус назорат карда мешавад. Дар кишварҳои Италия, Шветсия ва Чин бошад, дар сурати ба фарзанд берун аз фарҳанги миллӣ ном гузоштани шаҳрвандон аз ҷониби давлат барои вайрон намудани ҳуқуқи кӯдак ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Г. ШАРОФЗОДА,
С. МАТРОБИЁН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: