«ДАР ДИЁРИ БАХТИЁРОН ҲАСТАМ!»

Дар зер мусоҳибаи хабарнигорамон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА ба хонандагони гиромии «Овози тоҷик» ҳавола мегардад, ки аз вазъи имрӯза ва истиқболи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ӯзбекистону Тоҷикистон нақл менамояд ва аз бардошти сафир аз ҷумҳуриамон бозгӯӣ мекунад.

– Сафири муҳтарам, қаблан мехоҳам изҳори сипос намоям, ки бо вуҷуди серкорӣ дар ин рӯзҳои барои ду ҷумҳурӣ сертараддуд, барои мусоҳиба фурсату имкон пайдо кардед. Шумо, ки ду сол мешавад дар Ӯзбекистон маъмурияти дипломатӣ доред, то чӣ ҳад аз ҷумҳурии мо шинохт пайдо кардед?
– Аз рӯзҳои аввали ворид шудан бо шаҳри зебои Тошканд Ӯзбекистонро ҳамчун кишвари пешрафта, мутараққӣ, обод ва рӯ ба рушд дарёфтам. Ҳангоми гузашт кардан аз кӯчаву хиёбонҳо чашмам ба бунёди сохтмонҳои азим, корхонаву коргоҳҳои гуногун, муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ, таълимгоҳҳои боҳашамат, дарахтони ороишӣ, гулбуттаҳо ва одамони касбу кори гуногуни хуштолеъ афтода, эҳсос кардам, ки дар кишвари ҳамсоя ислоҳот ва навсозиҳо ҷиддӣ шурӯъ шуда, бо маром идома доранд. Дӯстону ҳамкорони хайрхоҳ моро бо меҳрубонӣ пешвоз гирифтанд ва бароямон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварданд.
Баъди чанд вақт дарк кардам, ки халқи бародари ӯзбек мисли тоҷикон бо анъана, суннатҳои неки меҳмоннавозӣ, инсондӯстӣ, саховатмандӣ, фарҳанги баланди муошират, таъриху маданияти бой, расму ойини миллӣ ва анъанаҳои хоси мардумӣ дар ҷаҳон машҳур гардидааст. Мардумони ин сарзамини ганҷбахш, бешак некбин ва бонону намак, дар ҳар куҷо, ки рафтем бо меҳру муҳаббати самимӣ моро пазироӣ намуданд ва боварии моро ба дӯстии абадӣ бештар гардониданд. Аз ин рӯ, Ӯзбекистонро мисли Тоҷикистони маҳбуб ободу зебо, сабзу хуррам дида, аз пешравиҳои он фараҳманд гардидам. Дар ин кишвари шукуфон халқҳои гуногун дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, шукрони Истиқлолияти давлатӣ ва рушду нумӯи диёр менамоянд.
– Дар ҷараёни шиносоӣ, албатта, пеш аз ҳама аз заминаҳои ҳамкории ду мамлакат дар соҳоти гуногун ҷӯё шудед. Дар айни ҳол ва дар ояндаи наздик чӣ ҷанбаҳое вуҷуд доранд, ки заминаҳои ҳамкории ду ҷонибро фароҳам оварда тавонанд?
– Пеш аз ҳама бояд қайд намоям, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати дурандешонаи роҳбарони ду давлат – Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанба ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳоямон ба сатҳи сифатан нав баромада, аз дараҷаи шарикии стратегӣ ба сатҳи дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ расидааст. Бо чунин суръат рушд кардани ҳамкориҳои дуҷониба, аз як тараф, хидмати шоистаи ду Роҳбари давлат бошад, аз ҷониби дигар, муҳайё шудани шароитҳои муносиби ҳамкорӣ асос гардидааст, ки равобити дӯстона боз ҳам таҳким ёбад ва ҳамкориҳои муштарак ба маротиб боло равад.
Дар зарфи сиву як соли барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ беш аз 400 созишнома, ёддошти тафоҳум, қарордод ва шартномаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расидаанд. 
Аввал дар ташкили шабакаи ягонаи нақлиётӣ метавонанд корҳои зиёди чашмрасро ба анҷом расонанд. Ҷониби Тоҷикистон манфиатдор аст, ки дар бахши роҳҳои оҳан, автомобилӣ, ҳавоӣ ва ҳамлу нақли транзитӣ бо Ӯзбекистон ҳамкории бештарро ба роҳ монад. Дар натиҷа гардиши мол зиёд гардида, ҳар ду кишвар манфиати хуб мебинанд. 
Дигар афзоиши ҳаҷми муомилоти савдо ва тавсеаи сармоягузорӣ воситаи беҳтар намудани сифати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мегарданд. Ҳамзамон ҳар ду кишвар метавонанд аз имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ самаранок истифода намоянд ва корхонаҳои муштарак бунёд намоянд. 
– Равобити иқтисодии имрӯзро байни ду ҷумҳурӣ чӣ гуна арзёби мекунед?
– Бояд гуфт, ки айни замон миёни соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии ду кишвар ҳамкориҳо ба маротиб вусъат ёфта, дар муносибатҳои дуҷониба комёбиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Махсусан, дар самти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамкориҳо густариш ёфта, байни корхонаву муассисаҳо ва марказҳои савдову тиҷоратии ду кишвар гардиши молу маҳсулот ба маротиб боло рафтааст. Гардиши савдои молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соли 2020 бо назардошти мушкилоти пандемияи Ковид-19 ба 333,8 млн. доллари ИМА баробар гаштааст. 
Гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар дар соли 2022 ба 607,2 млн. доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашти 25,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ гардиши савдо ба 149,6 млн. доллар баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,7 фоиз зиёд аст.
Рақамҳои оморӣ далолат аз он мекунанд, ки ҳар ду кишвар ба савдои хориҷӣ ва гардиши мол диққати аввалиндараҷа медиҳанд ва баҳри некуаҳволии халқ кӯшиши зиёд менамоянд. 
Танҳо дар соли 2022 ҷиҳати роҳандозии рушди ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ ва ғайра байни мақомот ва тоҷирону сармоягузорони ду кишвар зиёда аз 100 созишномаву ёддошт ба имзо расонида шудааст.  
– Барои ҳарду ҷониб алоқаҳои гуманитарӣ бинобар далоили ҳамсоягӣ ва муштаракоти зиёд болотар аз ҳама гуна ҳамкорӣ аст. Шумо ин паҳлуи фаъолияти ҷонибҳоро дар чӣ дараҷа баҳо медиҳед?
– Солҳои охир гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ зиёд шуда, ходимони фарҳангу санъат, илму маориф, ҳунару эҷод бо ҳамдигар робитаи наздик барқарор намудаанд. Махсусан соли гузашта, ба муносибати  30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шуданд, ки онҳо бо муваффақият баргузор гардиданд. 
Дар маҷмӯъ, дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва  санъату ҳунар ҳамкориҳо густариш ёфта, дар ин самт пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Аммо бояд гуфт, ки заминаҳои мусоиди бештаре барои ҳамкорӣ вуҷуд доранд, ки онҳоро метавон дар оянда истифода намуд. Вобаста ба ин муассисаҳои илмиву фарҳангии ҳар ду ҷонибро зарур аст, ки аз шароитҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд ва муносибати мутақобилан судманди ҳамкориҳоро ба таври густурда тавсеа бахшанд. 
– Дар ин заминаҳо дар равобити тарафайн ба истилоҳ «дипломатияи халқӣ» ҷойгоҳи махсус дорад. Оё мо ҳанӯз дар ин ҷанба имконияти корбурднашуда дорем?
– Бале, дӯстӣ, эътимод ва ҳусни тафоҳум байни миллатҳои мо ҳамеша омили бунёдии ҳамкориҳои байнидавлатӣ буд ва боқӣ мемонад.  
Имрӯзҳо бисёрқутбӣ ва ҷаҳонишавӣ ба таври амиқ рушд карда, робита ва ҳамкориҳои байни кишварҳо пайваста тавсеа меёбанд. Дипломатия бо робитаи байни ҳукуматҳо маҳдуд нашуда, гуногунрангӣ, самт ва имкониятҳои васеи худро нишон дода, қисми таркибии муносибатҳои байналмилалӣ гардидааст. Дар ин миён дипломатияи халқӣ ҳамчун воситаи муҳими дипломатияи расмӣ фаъол гашта, дар миёни ҷомеа эътибори хуб пайдо намудааст. 
Дар ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши дипломатияи халқӣ низ назаррас мебошад.  Тайи солҳои охир миёни ду кишвар чорабиниҳои муштарак, конфронсу вохӯриҳои гуногун баргузор мегарданд, ки ба як пули муҳими пайвастани мардумони ду кишвар табдил ёфтаанд. Ба ғайр аз ин байни ноҳияҳои сарҳадӣ робитаҳо ниҳоят фаъол шуда, чорабиниҳои муштарак доир менамоянд. 
– То ҷое, ки аз воситаҳои ахбор ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маълумамон аст, Шумо қариб тамоми ҷумҳуриро бинобар тақозои вазифа ва бо қасди сайр давр задед ва гоҳо хеле дар фурсати кӯтоҳ гоҳ дар ин гӯша гоҳ дар он гӯшаи кишвар мебудед. Бо далели он, ки Ӯзбекистон аз кишварҳои масоҳатан хурд нест, ин ҳаракатҳои оҷил чӣ гуна даст медиҳад ва ҳолати қобили ҷисмонии худро чӣ гуна нигоҳ медоред?
– Барои мо сафарҳои мазкур қувват ва нерӯ мебахшанд. Зеро мо бо чашмони сар мебинем, ки бо шарофати сиёсати неку оқилонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистони Нав ба куллӣ симояшро дигар карда, барои ҳамаи халқу миллатҳои муқими кишвар имкони баробарро фароҳам овардаанд. Дар ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишин марказҳои милливу маданӣ таъсис ёфта, барои фаъолияти онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷиктабори Ӯзбекистон аз ин шароит ва имконот шукргузорӣ карда, якҷоя бо дигар халқу миллатҳои муқими мамлакат баҳри ободонии Ватанашон заҳмат мекашанд, аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат розианд ва аз дӯстиву бародарӣ шукрона мекунанд. Мо ин суханонро дар ҳар гӯшаи Ӯзбекистони ҳамсояву хеш ба гӯши худ мешунавем, ободкориҳоро бо чашмонамон мебинем, аз файзи суҳбати ҳамзабонони хеш, ки дар диёр мардумони муқимӣ ва бумӣ мебошанд, роҳат менамоем ва хастагиамонро фаромӯш мекунем. Боиси хушҳолист, ки ба ҳар гӯшаи ин диёри дӯст, ки меравем, истиқболи хубу самимиро эҳсос мекунем, пешравиҳоро дида, хушҳолу фараҳманд мегардем. Бе муболиға, ҳатто дар деҳаҳои дурдасте, мисли Пском, Полвонак, Нанай, Боғистон, Ухм, Порашт, Синтоб, Варзик, Равонак, Варганза ва амсоли инҳо мактабҳои тоҷикӣ фаъол буда, мардум бо забони худ таҳсилу гуфтугӯ менамоянд ва шароити хубе барои кору фаъолияташон муҳайё гардидааст. 
– Бо вуҷуди ин оё маконҳое ҳастанд, ки барои худ кашф накардаед?
– Бале, мо ҳоло дар назди  мардуми ноҳияҳои Сӯхи вилояти Фарғона, Деҳнав, Сариосиё, Узуни Сурхондарё, Деҳқонободу Ғузору Шаҳрисабзи Қашқадарё қарздор ҳастем ва шароити муосиди бо онҳо вохӯрӣ кардан насибамон нагаштааст. Аммо боварӣ дорем, ки имсол ҳатман вақт ёфта, ба ин маконҳои зебои тоҷикнишин сафар хоҳем намуд, аз наздик бо мардум мулоқот хоҳем кард. Дар ин минтақаҳо ҳам тоҷикони зиёд умр ба сар мебаранд, бо баъзе намояндагонашон вохӯрӣ ҳам кардаем. Онҳо низ мисли бародарони ӯзбек мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавоз мебошанд. 
– Табиист, ки Шумо аллакай дар созгории муносибати ҷумҳуриҳоямон саҳми фавқулода муҳим гузоштед. Аз ин боис табъан наметавонед дар оянда низ ба ин дастовардҳо ва арзишҳо бефарқ бошед. Бинобар ин оё орзуе гузоштаед, ки дар оянда ҷумҳуриҳоямон то чӣ андоза ба ҳам наздик гарданду ҳамгароии бештар аз имрӯза дошта бошанд?
– Барои ман акнун Ӯзбекистон ҳам як гӯшаи меҳру муҳаббат ва макони ҳамкориҳои минбаъдаи илмиву фарҳангӣ гардидааст. 
Ҳанӯз дар вақтҳои мактабхонӣ ва донишҷӯӣ аз рӯйи ёддошту хотира ва очерку қиссаҳои устод Айнӣ, адибону олимони машҳур Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мутеъулло Наҷмиддинов, Саттор Турсун, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Расулхон Ҳодизода, Низом Нурҷонов ва бисёр дигарон ба зиндагиву рӯзгор ва меҳмоннавозии мардуми Ӯзбекистон ва мавзеъҳои ободу дилкаш ва файзбору ҳосилхези он ошноӣ пайдо намуда будам. Вале имрӯз дар ин диёри бахтиёрон бо чашми сар мебинам, ки халқи ӯзбек ба қадри дӯст, меҳмон ва рафиқ мерасад ва ҳамеша аз дидори ӯ шод мегардад. Бешак, дар табиати ду халқ – тоҷику ӯзбек нону намак бахшидан, поси хотир доштан ва қадр кардани меҳмон ба суннати миллӣ табдил ёфта, нишонаи баланди одамият гардидааст. Онҳо нону намакро азиз медонанд, аз ёфтани дӯсти нав шукр мекунанд ва дар ҳама вазъият якдигарро дастгирӣ карда, шукри Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот менамоянд ва аз хешиву таборӣ бо ҳам шоду фараҳманд мебошанд. Пас, чӣ гуна метавон ин халқ ва ин кишвари соҳибзафару дӯстро фаромӯш кард? 
Мо ҳар куҷое набошем, ин нону намакро пос медорем ва барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ҳарду халқ талош менамоем.
– Ташаккур барои суҳбати самимӣ ва муфид.

Суҳбаторо 
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: