Дар рафти амалиёти нотариалӣ барои аҳолӣ шароити қулайтар фароҳам оварда мешавад

  • Дар рафти амалиёти нотариалӣ барои аҳолӣ шароити қулайтар фароҳам оварда мешавад
  • Дар рафти амалиёти нотариалӣ барои аҳолӣ шароити қулайтар фароҳам оварда мешавад
  • Дар рафти амалиёти нотариалӣ барои аҳолӣ шароити қулайтар фароҳам оварда мешавад
  • Дар рафти амалиёти нотариалӣ барои аҳолӣ шароити қулайтар фароҳам оварда мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимот оид ба фароҳам овардани қулайиҳои амалиёти нотариалӣ ба аҳолӣ шинос шуд.

Имрўз ставкаҳои боҷи давлатӣ ҳангоми анҷом додани амалҳои нотариалӣ ба категорияҳои зиёд ҷудо карда шудаанд, ки ҳисобкунии онҳоро мушкил гардонда, нороҳатиро ба вуҷуд меорад. Аз ҷумла, боҷи давлатӣ барои тасдиқкунии шартномаҳои марбут ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба 12 тоифа ва барои шартномаҳои амволи ғайриманқул, гарав, ипотека ва лизинг ба 6 категория тақсим шудаанд.

Ба ин муносибат, Сарвари давлат дастур дод, ки низоми амалиёти нотариалиро соддатар намуда, қулайҳои онро барои аҳолӣ афзун гардонанд. Вобаста ба ин лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» таҳия гардид. Лойиҳа оптимизатсияи ставкаҳои боҷи давлатӣ, ки барои анҷоми амалиёти нотариалӣ ситонда мешаванд, пешбинӣ менамояд.

Масалан, дар айни замон ҳангоми ҳисоб кардани меъёрҳои боҷи дахлдори давлатӣ майдони манзил, қувваи муҳаррик ва соли истеҳсоли воситаҳои нақлиёт ба назар гирифта мешавад. Минбаъд категорияҳои боҷҳо кам карда, ставкаҳо якхела гардонда, андозаи баъзеи онҳо кам карда мешавад.

Аз ҷумла, боҷи давлатӣ барои тасдиқкунии нотариалии шартномаҳои хариду фурӯши амволи ғайриманқул, сарфи назар аз  майдони он дар шаҳрҳои Тошканд, Нуқус ва марказҳои вилоят ба миқдори як маротибаи андозаи асосии ҳисоб, инчунин дар дигар ҷойҳо дар ҳаҷми 0,5 ААҲ муқаррар карда мешавад.  

Маблағҳои тафриқавӣ барои тасдиқи нотариалии шартномаҳои гарав, ипотека, лизинг ва қарз бо муқаррар намудани меъёри ягона ягона карда мешаванд.

Ҳангоми тасдиқи нотариалии фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сарфи назар аз андозаи муҳаррик ва соли истеҳсол, боҷ ба андозаи ягонаи се баробари арзиши асосии ҳисобшуда ситонида мешавад. Андозаи боҷ барои тасдиқи нотариалии чунин шартномаҳо, ба монанди иҷора ё бемузд истифода бурдани амвол, додани ваколатнома ба воситаҳои нақлиёт низ кам карда мешавад. Боҷи давлатӣ барои додани шаҳодатномаи таъминоти нафақаи ғуншавандаи шаҳрванд ба ворисон бекор карда мешавад.

Қабули қонуни мазкур ба осон кардани равандҳои нотариалӣ, рафъи нофаҳмиҳои гуногун, ҳолатҳои муноқишавӣ ва фасод мусоидат хоҳад кард. Соле бештар аз 100 миллиард сӯм дар ихтиёри аҳолӣ мемонад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: