ДАР ШАҲРИ ҚӮҚАНД БОРИ НАХУСТ АМАЛИЁТИ ПАЙВАНДИ ГУРДА АНҶОМ ДОДА ШУД

Амалиёти ҷарроҳие, ки мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии махсус нахустин бор дар шаҳри Қӯқанд гузарониданд, хеле бомуваффақият анҷомид.

Дар айни ҳол беморон худро хуб ҳис мекунанд. 
Ин амалиёт  дар доираи ташаббусҳои Сарвари давлат ҷиҳати расонидани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба таври ройгон анҷом пазируфт.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар шаҳри Қӯқанд ҷорӣ кардани ин гуна таҷрибаҳо мунтазам давом хоҳанд кард ва шакли доимиро касб хоҳад намуд.
Шахсоне, ки мубталои бемориҳои гурда мебошанд ва ба амалиёти ҷарроҳӣ ниёз доранд,  минбаъд барои хароҷоти зиёдатӣ маҷбур нахоҳанд шуд.
Дарвоқеъ, муассисаи мазкур на танҳо ба сокинони шаҳри Қӯқанд ва атрофи он имкон медиҳад, ки аз хизмати босифати тиббӣ истифода кунанд, балки аз чунин имконият бошандагони минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳамҷавор низ метавонанд ба таври фаровон истифода баранд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: