ЯК ДУНЁ ВАЗИФАВУ МАҚСАД – БАРОИ ИҶРО

Аз муроҷиатҳои пешинаи Президент Шавкат Мирзиёев, ки ба ҳукми анъана даромадааст, мепиндоштам, ки тамоми масъалаҳои ҳассос ва дархури ҳаёти тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ ва ҷамъияти он фаро гирифта мешуд.

Аз муроҷиатҳои пешинаи Президент Шавкат Мирзиёев, ки ба ҳукми анъана даромадааст, мепиндоштам, ки тамоми масъалаҳои ҳассос ва дархури ҳаёти тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ ва ҷамъияти он фаро гирифта мешуд.
Ҳоло акнун аз муроҷиати охир ба парлумон маълум мегардад, ки агар хоҳиши роҳбар барои пешрафти ҳамешагӣ ва қонеъ нагаштан бо дастовардҳову пирӯзиҳо вуҷуд дошта бошад, бешубҳа, барои рушду нумӯъ ва тараққиёт доим заминаҳои нав фароҳам овардан аз имкон берун нест.
Чунин усули кор, ки ислоҳоти ҳама ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятро фаро мегирад, хусусан барои ҷумҳурии мо, ки бештар аз чоряк аср дар фазои бастаи рукуд ба сар бурд, дархур буд. Ҳар дафъа муроҷиатҳои солҳои гуногунро, ва нафақат муроҷиатҳоро, мешунавему мехонем, амиқ дарк кардан сода аст, ки то чӣ андоза давлат ва ҷамъият дар ниҳоду афкор дар чорчӯбаи қолибҳои маъмулии барҷомонӣ ва рукуд афтида будааст. Ҳоло акнун шикастани ин қолибу занҷирҳои афкору тинат кори сода нест ва табиист, ки вақту заҳмату машаққати зиёду доманадор мехоҳад. Ин мафкура ва шеваи зиндагиву коре, ки дар даврони популизми истиқлолият тарбия гардидаву ташаккул ёфт, шикастан ва боз сохтанаш чӣ мушкил.
Аммо чун ислоҳотгари даврон Шавкат Мирзиёев бинобар ормонҳои ҷамъият ва тақозои виҷдони роҳбариву вазъияти боташаннуҷ ин ҷодаи ноҳамвору барои қишре аз мулозимони парвардаи низоми собиқ нохушро пеш гирифтааст, тавре ки дар Муроҷиати охир бо қатъият гуфтааст, «ҳарчи қадар мушкил набошад, мо аз роҳи ислоҳоти демократӣ барнамегардем».
Ислоҳот ба зоти худ ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ як сохту низом саҳл набудааст. Он боз сахттар ва мушкилтару дандоншикантар мегардад, агар неруҳои муқовиматгар дар ниҳодҳои давлатӣ сахтҷонӣ кунанд.
Табиист, ки барои як нафар ходими матбуот, мисли камина, наметавонам дар бобати тамоми мавзӯъҳои воқиан фарогири Муроҷиат таваққуф намоям ва дар асл ҳам барои баъзе аз онҳоро талқин намудан соҳибу вориди он касбу соҳа бояд буд. Аммо аз ин нуктаҳои муҳим, ки барои ому хос якзайл фаҳмову равшан аст, мехоҳам чандеро ба қалам орам.
Мавзӯи дӯстӣ байни қавму динҳо ва маданияту тинатҳои гуногун аслан хеле забонзад мебошад, вале агар вай танҳо ба хотири эъломия ва андармон кардани мардумон гуфта нашавад, ба дард мехурад. Ин матлаб хусусан дар замони мо, ки дар нимкураи ғарб оташи нажодпарастиву миллатгароӣ ва нифоқҳои байнимазҳабӣ забона мезананд, ҷавобгӯйи ситезаҳо буда метавонад.
Дар даврони нави роҳбарияти ҷумҳурӣ дар ин бобат хеле корҳои муфид анҷом дода шуд. Бо вуҷуди ин мавзӯъ то андозае ҳассос ва нозук аст, ки аз он каме дар ғафлат мондан ва ё фориғбол гардидан, гарон меафтад. Мутобиқ ба 30 июли сол, ки Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии дӯстӣ эълон намудааст, дар ҷумҳурии мо низ чун Рӯзи дӯстии халқҳо ҷашн гардиданаш, ки пешво онро дар Муроҷиат пешниҳод намуд, идомаи ҳамон услуби дӯстипарастиву дӯстихоҳӣ аст, ки Шавкат Мирзиёев онро аз аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омадан на чун шиор, балки дар сиёсати дохиливу хориҷии худ дар меҳвари муносибати байни давлат бо ҷамъияти гуногунмиллату мухталифмазҳаб ва бо мамлакатҳои хориҷ, хусусан ҳамсоягон, гузоштааст.
Мавзӯъҳои озодии сухан ва воситаҳои ахбор, умуман, дар тамоми муҳимтарин изҳорот ва нутқҳои Президент дахолат карда мешаванд. Ин дафъа фикри боз ҳам озодтар намудани дасту фикри журналистону блогерҳо аз тариқи қонунгузорӣ садо дод, ки, гумон мекунам, барои боз ҳам озодтар намудани фазо ва майдони эҷоди ҳамкасбонамон заминаи боваринок фароҳам меорад. Пушида нест, ки дар муҳит ва шароити падидомадаи  нави гуногунандешӣ ва озодии матбуот на танҳо соҳибмансабон, балки иддае аз ҳамкасбонамон бо шеваву лаҳни собиқ кор мебаранд – ҳароси ботинӣ вуҷуди онҳоро ҳанӯз тарк накардааст.
Бояд гуфт, ки ин ҳама як дунё вазифаву мақсад ва нақшаву ормонҳо на танҳо дар назди ниҳодҳои давлатӣ, балки дар пеши ҷамъият низ гузошта мешавад ва табиист, ки барои татбиқи онҳо ҳама масъулиятро ба ӯҳда гирифта, бояд аз як гиребон сар бароварда ҷадал намояд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
муовини сармуҳаррири «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: