Дар соли 2023 дар Ӯзбекистон рақами гаронбаҳотарин ба чанд сӯм фурӯхта шуд?

Дар соли 2023 дар Ўзбекистонда тавассути савдои музоядаи онлайн зиёда аз 87 ҳазор рақами автомобилӣ фурӯхта шуд. Дар ин бора хидмати матбуоти биржаи молу ашёи хоми ҷумҳурӣ хабар дод.

Аз ҷумла, ҷамъи арзиши умумии  рақамҳои фурӯхташуда 396,1 миллиард сӯмро ташкил дод.  Ба навиштаи Spot, гаронтарин рақами "зебо" ба як шахси юридикӣ ба маблағи 450 миллион сӯм фурӯхта шудааст.

 Дар ҷои дуюм рақами мошин ба маблағи 439,56 миллион сӯм қарор дорад, ки шахси юридикӣ харидааст.  Ба панҷгонаи хариди рақамҳои гаронбаҳо  рақамҳои арзишашон 399,6 миллион сӯм, 395 миллион сӯм ва 378,18 миллион сӯм, ки аз тарафи шахсони ҷисмонӣ харида шудааст, дохил шуданд.

 Қаблан маълум буд, ки аз 29 январ то 4 феврал шаҳрвандони Ӯзбекистон тавассути ауксион барои гирифтани рақамҳои мошин 18,8 миллиард сӯм харҷ кардаанд.

Дар соли 2022 дар  онлайн-ауксион ба нархи 669,6 миллион сўм рақами 50 777 ZZZ  фурӯхта шуда буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: