Дар Ӯзбекистон истеҳсоли электромобилҳои BYD ба роҳ монда мешавад

26 сентябри соли ҷорӣ маросими тантанавии имзои Созишномаи сармоягузории “Ташкили истеҳсоли воситаҳои нақлиётии барқӣ ва гибридӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо дар Ӯзбекистон” байни Вазорати сармоя, саноат ва савдои Ӯзбекистон ва конгломерати BYD-и Чин баргузор гардид.

Мувофиқи ҳуҷҷат,  ширкати “BYD Auto” ва ҶС “Ўзавтосаноат” корхонаи муштараки  “BYD Uzbekistan Factory”-ро оид ба истеҳсоли автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ дар кишвари мо созмон медиҳанд.

Ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсолот дар марҳилаҳои аввал ва дуюми татбиқи  лоиҳаи сармоягузорӣ 50 ҳазор адад ва бо анҷоми марҳилаи сеюм ин рақам ба 300 ҳазор мошин мерасад.

Тавре ки дар маросим қайд гардид, BYD Uzbekistan Factory аввалин корхонаи муштараки пешвои ҷаҳонии Чин дар соҳаи электромобилҳо берун аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мегардад, ки ба шарофати дастовардҳои саноатӣ, илму техникаи автомобилии Ӯзбекистон ва ҷолибияти сармоягузории Ӯзбекистон имконпазир гардид , хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССТ.

Барои маълумот: дар соли 2022 концерни чинӣ дар истеҳсоли мошинҳо бо манбаъҳои алтернативии энергия пешсафи ҷаҳонӣ шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: