ДАР ҲУЗУРИ МАКТАБИЁН

Боиси хушҳолист, ки ба туфайли эътибор нигаронидан ба китобу китобхонӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мактабҳои эҷодӣ шоиру нависандагон ва умуман аҳли зиё ба мактабҳо зуд-зуд ташриф оварда, бо омӯзгорону донишомӯзон вохӯрӣ ва мулоқотҳо мегузаронанд.

Ба қарибӣ сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» Асадулло Исмоилзода, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Ҳамза Ҷӯра, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов дар  мактабҳои таҳсилашон тоҷикии деҳаҳои Порашт, Ӯхм ва Моҷарми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах, Синтаб ва Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ шуда, бо омӯзгорону донишомӯзон вохурӣ баргузор намуданд. Меҳмонон зимни вохӯрӣ бо хонандагони мактаби рақами 13-уми деҳаи Порашт аз боби илму дониш, адабиёту фарҳанг ҳарф зада, гуфтанд, ки вориси арзандаи Ҷонибек Қувноқ, Қироншоҳ Шарифзода  барин суханварон бошед, ки парвардаи ин сарзамин ҳастанд.
Хонандагон Азим Холибеков, Субҳидам Анорбоева, Фариштабону Ҳусанбоеваҳо аз ашъори шоирони тоҷик шеърҳо қироат карданд.
Дар маҳаллаи Ӯхм меҳмононро раиси маҳалла Ҷалил Ниёзов ва директори мактаби рақами 46 Икром Баротов истиқбол гирифтанд. Сипас, мулоқоти гарму самимӣ ба вуқӯъ пайваст. Онҳо доир ба нуқтаҳои муҳими Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон гуфта гузаштанд.
Меҳмонон ба мактаби рақами 32-юми деҳаи Моҷарм низ ташриф оварданд. Лаҳзае дар хонаи омӯзгорон аз боби фарҳанг, маърифат, сифати китобҳои дарсӣ сӯҳбат оростанд. Омӯзгори фанни география Ҷамшед Ҳакимов аз сифати пасти китобҳои дарсӣ, тарҷумаи онҳо шиква кард. Ӯ гуфт, ки бигузор ба тарҷума ва таълифи ҳар як китоби дарсӣ омӯзгор ва  донандаи ҳамон фан даст занад. Дар он сурат саҳву хато ва бемантиқиҳо раҳ намеёбанд. 
Ҳамон рӯз меҳмонон ба Синтаб расида, нахуст аз мактаби рақами 49-уми поёноби деҳа дидан карданд. Директори мактаб Боймуҳаммад Ниёзов бовар кунонд, ки ҷамоаи омӯзгорон ба маҷаллаву рӯзномаҳо обуна мешаванд. Шумораҳои нави онро дастрас намуда, мутолиа хоҳанд кард. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Бобур Назаров бошад хоҳиш намуд, ки арзу талаби ӯро нисбати беҳ намудани сифати китобҳои дарсӣ, алалхусус  барои синфҳои поёнӣ ба масъулони Маркази таълими ҷумҳурӣ расонанд.
Дар толори мактаби рақами 38-уми деҳаи Синтаб бо саъйи роҳбари мактаб Мӯъмин Элмуродов ва ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ-маърифатӣ Икром Ортиқов хонандагон ба ин муносибат саф ороста буданд. Меҳмонон дар ҳузури онҳо аз боби мактаб, таълиму тарбия сухан гуфтанд. 
Аз шогирдони мактаб Қурбонгул Холиқова,  Худоназар Қиличев, Дилрабо ва Ганҷина Саломатуллоева, Фараҳноз Бозороваҳо дар васфи Ватан, дӯстӣ, бузургии падар-модар шеърҳо қироат намуданд.
Ва ниҳоят ба деҳаи Эҷ расида, бо ҷамоаи омӯзгорон ва хонандагони мактаби рақами 43-юм вохӯрданд. Дар ҳоле, ки Соли нав дар мекӯбаду ҳама ба он омодагӣ мегиранд, маҳфили хонандагон як навъ омодагие буд ба он ҷашн.
Директори мактаб Нуруллоҳ Солеҳов, ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ-маърифии мактаби рақами 30 Дилмурод Қӯзиев, аз омӯзгорони ҳозира ва нафақахӯр Элмурод Рӯзиев, Рашид Нурназаровҳо дар бораи аҳамияти ин гуна вохӯриву маҳфилҳо гуфта гузаштанд.
– Устод Садриддин Айнӣ барҳақ фармудаанд: «Қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад»,– гуфт зимни суҳбат Д. Қӯзиев. – Аз ин рӯ мо рӯзнома ва маҷаллаҳои дӯстдоштаи худро, ки торафт хонданибоб мешаванд, бояд дастгирӣ намоем.
– Ман ба ин деҳаҳо бори нахуст омадам, аммо таассуротам калон аст,– мегӯяд Ҳамза Ҷӯра. – Ин водор месозад, ки қайдҳои сафарро муфассалтар ба қалам гирам.
Дар маҳфил шеърхониҳои хонандаи синфи 9, ғолиби озмуни фаннии марҳилаи вилоятӣ Саъбагул Тӯева, аз синфҳои 5-6 Шаҳбоз Рашидов ва Моҳина Иброҳимоваҳо дар дили ҳозирин таассуроти хуб боқӣ гузошт. Абдукарим Шарифов ба китобхонаҳои ҳамаи ин мактабҳо дудонагӣ китоб туҳфа кард.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: