САРГУЗАШТҲОИ НАВИ БОБОКӮҲӢ

Бобокӯҳӣ вақти саҳарӣ аз хоб хест, якбора дандонаш ба дард даромад.

Чӣ илоҷ, раҳи поликлиникаро пеш гирифт. Одам бисёр будааст, маҷбур навбат гирифт. Кор омад накунад ҳам намешудааст. Навбати ӯ расида буд, ки духтур аз дари утоқаш гардани борикашро бароварда гуфт: «Вақти хӯроки нисфирӯзӣ шудааст». Хуб гуфту ягон соат гирду пеш сайр кард, то вақтро гузаронад. Ниҳоят вақти муқаррарӣ тамом шуд. Вале аз духтур дарак набуд. Расо як соат дер карда омад. Аз қошу қавоқаш барфу борон мерехт. Ҳеч касро маҷоли гап задан набуд. Охир чӣ ҳам мегуфтед, дер ё зуд таги анбураш меафтед. Дандонаш сахттар ба дард даромад. Болокорӣ аз ҷойи кораш ду маротиба занг заданд. 
Акнун навбаташ расида буд, ки як занак, ки кӯдак дар бағал дошт, омад. Чӣ илоҷ, одоб, аввал вайро гузаронд. Ҳанӯз зану кӯдак аз дарун набаромада, занаки барзангии дигаре бо доду вой омад. Вай ба навбат ҳам нигоҳ накарда, бе пушт-пушт ба ҳузури духтур даромад. Дарди дандон кам-кам майнаи сарашро ба ҷӯшондан сар кард. Домани сабрро маҳкам дошта, дар толори поликлиника пасу пеш қадам мезад, ки баногаҳ як мардаки тоқипӯши тану тӯшдори солхӯрда омад. Вай дари духтурро тақ-тақ зада, нимкора кушода буд, ки аз дарун садои духтур ба гӯш расид: «бед, муаллимҷон, бед!». Оббо, ин чӣ рӯз буд, – аз дил гузаронд Бобокӯҳӣ. 
– Алло, ал-ло-о, чиба гап намезанед, кай мебиёед, хона меҳмон меомадааст, зуд бошед, – баногаҳ садои зан ба гӯшаш расид. Чашмаш ба навиштаҷоти пушти дар афтод, ки навишта буданд: «Вақти қабул аз соати 8 то 16». Соати дасташро нигоҳ кард: аз чор панҷ дақиқа гузаштааст... 
***
Балое ногаҳонӣ омаду манзилеро ба пуррагӣ сел бурд. Чанд нафар аз он дар амон монданд. Дар он миён Бобокӯҳӣ шоду масрур шукри Яздон мекард. Гуфтанд, ки чаро ҷое, ки тавба бикунӣ, билакс шукргузорӣ мекунӣ? Гуфт: 
– Ба он хотир, ки солҳо танҳо ман хона надоштам ва дар ба дари мардум мегаштам. Шояд, ба сифати аз офат зарардидае, ман ҳам соҳиби кулба шавам. 
***
Муллое Бобокӯҳиро насиҳат карду гуфт, ки одам бояд босабру тоқат ва шукргузор бошад. Вай зуд ҷавоб дод: 
– Ба як касалӣ шукр кардам, дуюмаш рӯ намуд. Ба дуюмаш тоқат кардам, сеюмаш гул кард. Ба сеюмаш розӣ шудам, чорумаш дандон сафед кард. Ба чорумаш шукргузорӣ кардам, панҷумаш дар мағзи шикам нақора ба даст гирифт... Ба ман нигоҳ кунед, номи ман Бобокӯҳист, на Шукрулло.
***
Аз Бобокӯҳӣ пурсиданд: 
– Дорову тавоно кист? 
Гуфт: 
– Он ки аз яке илму хирад, аз дигаре маданияту маърифат, аз сеюмӣ мулку давлат, аз чаҳорумӣ молу сарват рабуда, даст бар сина мезанад, ки ман дорою тавоноям! 
***
Бобокӯҳиро хонуме кареҳсурат пеш омад. Вай қоидаи хушгуфториро риоя карда, ба ӯ муроҷиат кард: 
– Зебосанами нозанин! 
Азбаски хонуми аз ҳусни худ огоҳ боре бо чунин ибора лутф надида буд, якбора шӯрид: 
– Хунукбашара! 
Бобокӯҳӣ ҳам паст наомада оҳистаяк гуфт: 
– Бале, мо худро мешиносем, аммо ба он чӣ ки гуфтед, «–тарин»-ро илова кунед, шумо ҳам худатонро иншооллоҳ мешиносед! 
***
Тану ҷони одам бедард шавад, хуб намешудааст! Мана, худатон як санҷида бинед. Ҳамин ки аз хоб хестед, маҳин-маҳин чашматон дард кунад, шукр мегӯед, ки он узв дар шумо ҳаст. Рост-дия, дар баъзеҳо якеаш, дар бархеи дигар ҳар дуяш ҳам нест. Ё тавба! Ё агар поятон майда-майда ҷӯш занад ҳам, худи ҳамин хел! Охир фоидаашро бинеду роҳат кунед. Якум, ин ки шумо сари як дард ду маротиба Худоро, яке дар сари шукру дигаре дар сари тавба ба забон мегиреду ёд мекунед. Дуюм, ин ки шумо дар ҳақиқат медонед, ки он узв дар шумо ҳасту амал мекунад. Сеюм, ҳушёр мешавед, он мавзеъро ғамхорӣ менамоед. Чорум, мағрур намешавед, ки шумо як камбудие надоред. Бинобар ин, мо розӣ нестем, бо ононе, ки мегӯянд, дард балост. Баръакс, дард дардмандонро кони давост.
***
Рӯзе Бобокӯҳӣ бо гурӯҳе аз ҳамсафарон савори мусофиркаш аз бари қабристон мегузашт. Ҳама даст ба рӯ кашида омин гуфтанд. Танҳо Бобокӯҳӣ ба дигар самт назар афканда, гузашта рафт. Муллое, ки бо онҳо ҳамроҳ буд, ба вай бо киноя рӯй оварда гуфт: 
– Чаро ҳама даст ба дуо бардоштанд, шумо аз ин ганҷи охират худатонро бенасиб гардондед?! Вай лабханде заду гуфт: 
– Худо медонад, дар охират ба рӯйи кадоме аз мо хазинаи ганҷ мекушоянд, ман ба сабаби он ки аҳли ин қабристонро намешиносам, аз даст кушода омин гуфтан парҳез кардам. Мабодо дар ин ҷо ягон фосиқро гӯронда бошанд ё ягон аҳмақи дӯзахии аз ду дунё бехабарро, ман ҳам ба дӯзах наравам. 
***
Бобокӯҳӣ бо ҳамсафарон аз бари қабристони ғайриисломӣ мегузаштанд. Вай даст ба омин бардошта дуои дурударозе кард. Муллое, ки бо онҳо якҷоя мерафт, тамасхуромез гуфт: 
– Эй аҳмақ, ин чӣ кори кардаи ту, ки дар мазори «ғайридинҳо» дасти дуо бардоштӣ? 
Бобокӯҳӣ гуфт: 
– Ман дуо кардам, ки Худоё ин ғайридинҳоро мусулмон гардон, ки мабодо аз ҷойҳояшон ба сабаби омин нагуфтани муллоямон хеста, мо мусофиронро лагадкӯб накунанд.

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: