ШАВҚИ КИТОБХОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД

Тавре аз мушоҳидаҳои чандинсола маълум мегардад, насли калонсоли мо китобхон, рӯзномаву маҷаллахон будаанд.

Фурӯғи коинот аз Офтоб аст,
Фурӯғи одамият аз китоб аст.
Тавре аз мушоҳидаҳои чандинсола маълум мегардад, насли калонсоли мо китобхон, рӯзномаву маҷаллахон будаанд. Алалхусус, солҳои 70 ва 80-уми қарни сипаригашта. Китобхонаҳои шаҳру ноҳия, мактабу ташкилоту корхонаҳо (солҳои пешин дар истироҳатгоҳҳо, ташкилоту корхонаҳо низ китобхонаҳои хурд мавҷуд буданд) лабрези китоб буданд. Ҳатто бисёр одамоне, ки бо илму маърифат сарукор доштанд, аз ҷумлаи олимону шоирон, нависандагону журналистон ва муаллимон дар хонаҳои хеш китобхонаҳои шахсӣ доштанд, ки аз онҳо садҳо нафар истифода мебурданд. Новобаста аз синну сол ва касбу кор одамон машғули китобхонӣ буданд. Бале, ба хондан шавқу завқ, садоқату эътиқод ва меҳру самимият буд он солҳо. Хондани рӯзномаву маҷалла бошад, як амри воқеӣ ва шуғли ҳамарӯзаи одамон буд. Яъне, бо хондани китобу рӯзномаву маҷалла одамон ҳам истироҳат мекарданду ҳам ғизои маънавӣ мебардоштанд. 
Ман чун омӯзгор собиқаи зиёди 40-солаи корӣ дорам. Дар ин муддат китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои бисёре харидаву ҷамъоварӣ кардаам, ки садҳо нафар, асосан хонандагону омӯзгорон, ҳатто коргарону нафақахӯрон аз китобхонаи шахсии банда ба таври васеъ истифода бурдаанд. Қисме 20-30 нусха, қисми дигар то 50-60 нусха, ҳаводорони илму маърифати володошта бошанд, садҳо нусха китобҳои назмиву насриро аз банда гирифта, хондаву бозпас гардондаанд. Ҳатто  баъзе китобҳои хуб аз хондани бисёриҳо фарсуда мешуданд. (Ҳалолашон бод!) Баъд аз солҳои 90-уми асри гузашта бошад, шавқи китобхонӣ оҳиста-оҳиста коҳиш ёфт ва имрӯзҳо аксарият ёд аз хондани китоб намекунад. Ҳама рӯй ба телефони мобилӣ ниҳода, хондану омӯзишро аз тариқи интернет қарор додаанд.
Ман мушоҳида мекунам, ки дар давоми 4-5 соли охир китобхонӣ аз миён рафта истодааст. Бо ташаббус ва заҳматҳои зиёди шоир, инсони фарҳангдӯсту маърифатпарвар Асадуллоҳ Исмоилзода дар собиқ маркази хоҷагии ҷамоавии Охунбобоеви ноҳияи Сариосиё мағозаи китобфурӯшӣ ташкил гардид. Ҳамаи китобҳои тоҷикии тозанашре, ки дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд рӯйи чопро медиданд, ба он ҷо оварда ба фурӯш гузошта мешуду дастраси муштариён қарор мегирифт. Афсӯс, ки он ҳам ба саҳлангориву бепарвоии бефарҳангон аз миён рафт. Имрӯзҳо бошад, мо танҳо эъломияи китобҳои тозанашри тоҷикиро аз рӯзномаву маҷалла, ё тариқи телефонҳои мобилӣ аз интернет мефаҳмем, вале барои дастрас кардани онҳо мушкилӣ мекашем. Дар маркази ноҳия ва дигар нуқтаҳо низ мағозаҳои китобфурӯшӣ ба роҳ монда шуда буд. Аммо бо иллати набудани муштариён онҳо тадриҷан аз фаъолият бозмондаву ба ҷойи китоб дигар масолеҳ ба фурӯш гузошта шудааст. Яъне, ба қавли Хоҷа Ҳофиз «Иллат он аст, ки ҳар рӯз батар мебинам».
Моҳи ноябри соли сипаришуда гузорам ба китобхонаи миллии шаҳри Тирмиз афтод. Ба нуқтаи фурӯши китобҳо дохил шудаму диламро сардӣ фаро гирифт. Садҳо нусха китобҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дар ҷевонҳо ва рӯйи замин омехтаву парешон ва чаппаву роста хобида буданд. Ман ҳис мекунам,  ки ба ин ҳол аз субҳ ба шому аз нур сӯйи зулмот меравем ва боқӣ ҳама ҳеч! 

Абдубароти ҚОДИРӢ, 
омӯзгори мактаби рақами 15-уми 
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: