Исроил ба аҳолии осудае, ки мунтазири кумаки башардӯстона дар Ғаззо буданд, зарба зад

Дар натиҷаи ин ҳодиса 7 нафар ба ҳалокат расида, 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

 Бар асари ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба яке аз шоҳроҳҳое, ки мардуми осоишта дар ҷануби шаҳри Ғаззо мунтазири тақсими кумакҳои башардӯстона буданд, дастикам 7 нафар кушта шуданд.

 Ҳамчунин, бар асари ин ҳамлаҳо беш аз 20 фаластинӣ захмӣ шудаанд, хабар медиҳад tass.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: