МАҚСАДҲОЯМОН МУШТАРАК

Аз қадим халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки урфу одат ва анъанаҳои муштарак доранд, ҳамеша чун ҳамсояи наздик, дӯстона зиндагонӣ мекунанд.

Онҳоро риштаҳои дӯстӣ ва хешутаборӣ ба ҳам мепайванданд. Ба ҳам пайвастани маънавиёт, адабиёт, мусиқа ва тарзи зиндагии ин ду миллат як падидаи беназири таърих аст. Дар душвортарин давраҳои таърихӣ ҳамдигарро дастгирӣ карданд, паҳлӯ ба паҳлӯ истоданд. 

– Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилоят аз соли 2007 фаъолият дорад. Вазифаи марказ аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама дӯстии халқҳои нафақат ӯзбеку тоҷик, балки тамоми  миллатҳоеро, ки дар ҳудуди вилоят зиндагӣ мекунанд,  мустаҳкам намудан аст. Дар ин ҷода корҳои назаррасро ба роҳ монда истодаем. Дар ноҳияҳои Намангон, Чуст, Поп ва Косонсой зиёда аз 270  ҳазор нафар тоҷикон хушбахтона истиқомат мекунанд. Онҳо бо  дигар миллатҳо дӯстии мустаҳками хешутаборӣ доранд ва якҷоя барои рушду ривоҷи мамлакати бисёрмиллатаамон ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Аз тарафи ҳокимияти вилоят ба ҳар як маркази миллӣ ба миқдори 50 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд ва ин маблағро барои эҳтиёҷи марказ, ба чорабиниҳои маданӣ ва оилаҳои камбисот истифода мебарем, – мегӯяд раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Намангон Абдусаттор Ғафуров.  
Соли гузашта бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилоят бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Сотим Улуғзода, иди Наврӯз,  9 май – Рӯзи хотира ва қадр, Истиқлол, Конститутсия, инчунин, дар мавзӯъҳои “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо”,  “Ӯзбекистон – оилаи сермиллат”, “Бехатарии  сарҳад – осоиши  мамлакат” чорабиниҳо баргузор  гардид. 
Аз он ҷумла, намангониён  ба рушди адабиёт ва санъати тоҷику ӯзбек ҳиссаи сазовори худро  мегузоранд. Онҳо бо шоири ғазалсаро Чустӣ, шоири беҳамтои бачагонаи ҳар ду миллат Зафар Диёр, нависанда, академик Сотим Улуғзода, адибон Мутеъулло Наҷмиддинов, Муҳаммад Ҳакимзода, шоир Қаюмҷон Ҳамидӣ, очеркнавис ва публитсисти номдор Мансур Инъом ва артистони халқии Ӯзбекистон Мирзо Азизов, Ҳошим Арслонов ва Матлуба Дадабоеваҳо фахр мекунанд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: