КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БАРОИ РУШДИ ПОЙДОР ВА БЕҲБУДИИ МИНТАҚА ЯКДИЛОНА КӮШИШ МЕКУНАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов 5-6 августи соли ҷорӣ аз шаҳри Туркманбошӣ боздид ба амал овард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов 5-6 августи соли ҷорӣ аз шаҳри Туркманбошӣ боздид ба амал овард.
6 август дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»-и наздикии шаҳри Туркманбошӣ Мулоқоти машваратии сеюми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш таҳти раёсати Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Вакили махсуси Котиби генералии СММ оид ба Осиёи Марказӣ, сарпарасти Маркази минтақавии дипломатияи превентив барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман ширкат намуданд.
Осиёи Марказӣ минтақаи молики аҳамияти калони геостратегӣ ва геоиқтисодӣ мебошад. Дар ин ҷо беш аз 74 миллион нафар аҳолӣ иқомат мекунад. Таърих ва маданияти халқҳо, иқтисодиёт ва инфрасохтори мамлакатҳои минтақа боҳам алоқамандии зич доранд.
Зери роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон сиёсати фаъолона ва прагматикро  ба амал татбиқ менамояд, ки ба принсипҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ асос меёбад. Аз он ҷумла, дар солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту логистикӣ, маданиву гуманитарӣ бо суръатҳои баланд инкишоф меёбанд. Бо ташаббуси роҳбари давлат дар муддати таърихан кӯтоҳ дар Осиёи Марказӣ муҳити сиёсии комилан нав ташаккул ёфтааст.
Тавре ки роҳбари Ӯзбекистон чандин бор таъкид намудааст, дар назди мамлакатҳои минтақа мақсади асосӣ – бо кӯшиши умумӣ Осиёи Марказиро ба минтақаи суботнок, аз лиҳози иқтисодӣ мутараққӣ ва шукуфон табдил додан қарор дорад. Барои даст ёфтан ба ин мақсад ва ҳамчунин комилан ба амал татбиқ намудани зарфияти минтақа, мустаҳкамсозии муносибати боэътимоди тарафайн, некҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ Президент Шавкат Мирзиёев соли 2017 ташаббуси ташкили Мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказиро пеш гузошта буд.
Ин ташаббус, ки ҷавобгӯи аниқи манфиатҳои халқҳои бародари мамлакатҳоямон мебошад, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ёфт ва зуд ба воқеият табдил гардид. Ҳамоиши якуми роҳбарон моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон – Нурсултон, дуюмаш моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд ба вуқӯъ пайваст.
Ҳамоиши навбатӣ дар «Аваза» инчунин пурмуҳтаво ва пурмазмун гузашт.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нутқи худ таъкид кард, ки ба туфайли иродаи сиёсии ягона ва кӯшиши муштарак имрӯз минтақаамон ба фазои некҳамсоягӣ, ҳамкории муфиди ҷонибҳо ва рушди суботнок табдил меёбад.
– Дар ба вуҷуд омадани муҳити нави сиёсӣ дар ин ҷо нақши Мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ беназир аст. Мулоқотҳои мунтазами мо дар дараҷаи баланд имкон медиҳад, ки зарфияти нодири минтақа комилан ба амал татбиқ гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлатамон доир ба масъалаҳои муҳим нуқтаи назари худро иброз кард ва чандин пешниҳодро изҳор намуд.
Таъкид шуд, ки воқеияти имрӯз қадамҳои қатъиро барои ташаккули модели нави ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тақозо менамояд. Муҳим аст, ки нуқтаҳои нави пешрафт, драйверҳои нави тараққиёт барои ояндаи дарозмуддат муайян карда шавад.
Ногузирии афзудани савдои дохилии минтақа таъмин гардида, бо мақсади ба режими пурраи савдои озод гузаштан мамониатҳои мавҷуда бартараф карда шаванд.  Аз ҳисоби инкишофи кооператсияи саноатӣ, инноватсия ва технологияи рақамӣ занҷири тӯлонии арзиши иловагиро ба вуҷуд овардан имкон дорад.
Таъкид шуд, ки барои ин робитаҳои бевоситаи тиҷоратиро байни соҳибкорон ва минтақаҳои мамлакатҳоямон рағбатнок гардонда, зуд-зуд анҷуманҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баргузор карда шавад.
Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки барои қабули Муоҳида дар бораи самтҳои умумии ҳамкории минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ фурсат фаро расидааст.
Босамар ба кор андохтани потенсиали нақлиёту транзити минтақа ба манфиатҳои умумии стратегии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мувофиқ меояд. Низоми вусъатёфта ва ҳамгароии нақлиёт дар қитъаи Евроосиё метавонад хаби транзитии ҳалқавӣ гардад.
Бинобар ин роҳбари давлат барои ҳарчи пурратар ба кор андохтани даҳлезҳои дарамали нақлиётӣ ва инфрасохтор, аз он ҷумла бандарҳои баҳри Каспий, марказҳои бузурги логистикии фаромарзӣ баромад намуд. Ғайр аз ин дар оянда Ӯзбекистон барои аз имконоти даҳлези фарогири Афғонистон «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар», роҳҳои автомобилгард ва оҳани  «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» истифода намудан умедвор аст.
Инчунин аҳамияти барқарорсозии  алоқаҳои пурраи нақлиётӣ бо риояи талаботи санитарӣ таъкид ёфт.
Масъалаҳои бехатарии энергетикии минтақа бо назардошти инкишофи иқтисодиёти миллӣ ва аҳолӣ аҳамияти боз ҳам муҳим касб менамояд. Бинобар ин кӯшиш дар бобати ташаккули фазои умумии ягонаи энергетикӣ бояд идома дода шавад ва ҳамзамон ба татбиқи таъҷилии энергетикаи «сабз» ва технологияи сарфакунандаи энергия эътибори алоҳида нигаронда шавад.
Президенти Ӯзбекистон фаъолсозии фаъолияти Шӯрои танзимгари электроэнергетикаи мамлакатҳои Осиёи Марказиро пешниҳод намуд ва ҳамзамон бо васеъ намудани мандат ва ваколати он ва ҳамчунин дараҷаи намояндагии мамлакатҳо ибрози назар намуд.
Эътибори иштирокдорони мулоқот дар шароити пандемия ба тезутунд гардидани масъалаи таъмини аҳолӣ бо амволи озуқаворӣ нигаронда шуд. Дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон афзоиши нарх ва норасоии озуқавории асосӣ ба назар мерасад.
Роҳбари давлат ташаббусро дар бораи баргузор намудани мулоқотҳои мунтазами вазирони хоҷагии қишлоқи мамлакатҳои минтақа пешниҳод кард, ки ба рӯзномаи маҷлиси якум масъалаи татбиқи низоми минтақавии мониторинги бехатарии озуқаворӣ дохил карда шавад.
Ин имкон медиҳад, ки самтҳои дақиқ ва барномаҳои муштарак оид ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва назорати сифати онҳо, инчунин ба бозори ҷаҳон расондани онҳо муайян карда шавад.
Инчунин ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии зич ва кӯмаки ҳамдигар дар мубориза бо пандемия дахолат карда шуд.
Бо ин мақсад Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, ки низоми ягонаи иттилоотӣ дар бобати шинохтани санҷиш ва сертификатҳои ваксинатсия, васеъ намудани табодули таҷриба дар соҳаи профилактика, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда, тарбияи ходимони тиббӣ, роҳандозии ҳамкории илмӣ дар соҳаи фармакология ва кооператсия доир ба истеҳсоли дорувории аз лиҳози барои ҳаёт муҳим роҳандозӣ гардад.
Роҳбари мамлакат таъкид кард, ки масъалаҳои экологии минтақа ҳамеша дар маркази эътибор бояд қарор дошта бошад. Домани ҳамкориҳо бояд васеъ карда, тамоми чораҳо доир ба нармсозии оқибатҳои фоҷиаи баҳри Арал андешида шавад.
Ба ин маъно Президенти Ӯзбекистон таҳияи барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз»-ро барои Осиёи Марказӣ» пешниҳод намуд, ки он ба мутобиқшавии мамлакатҳоямон ба тағйироти иқлим ва ҳамчунин татбиқи ҳарчи бештари технологияи сарфакунандаи захира мусоидат менамояд.
Роҳбари Ӯзбекистон аҳамияти муҳими мустаҳкамсозии алоқаҳои минтақаамонро бо дигар минтақаҳои бузурги ҷаҳон таъкид кард. Президент аз роҳбарони давлатҳо барои дастгирӣ ва иштироки фаъоли ҳайатҳои мамлакатҳояшон дар кори Анҷумани байналхалқӣ оид ба вобастагии ҳамдигарии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки ба қарибӣ дар Тошканд баргузор гардид, изҳори миннатдорӣ намуд.
Изҳори боварӣ гардид, ки бо кӯшиши умумӣ резолютсияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба ин масъала қабул гардида, инчунин иштироки фаъоли Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентив барои Осиёи Марказӣ изҳор гардид.
– Ҳамаи мо дарк менамоем, ки ҷавонон дар инкишофи мамлакатҳоямон чӣ андоза нақши муҳим доранд, ки аксарияти аҳолии минтақаро ташкил менамоянд. Имрӯз, вақте ки дар тамоми ҷаҳон мубориза барои ақлу қалби насли ҷавон идома дорад, мо ҷавононамонро  бояд тарбия намоем, ки аз онҳо ояндаи Осиёи Марказӣ вобаста мебошад, ки онҳо дар рӯҳи ватанпарварӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ парвариш ёбанд, – изҳор намуд Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат пешниҳод кард, ки соли оянда дар Ӯзбекистон Анҷумани ҷавонони Осиёи Марказӣ баргузор гардад, ки он дар ташаккули пойгоҳ барои мустаҳкамсозии боварӣ ва дӯстӣ, гуфтугӯи фаъоли намояндагони ҳукуматҳо ва ҷавонони мамлакатҳоямон қадами муҳим мегардад.
Омили муҳими мустаҳкамсозии муносиботи бародарии халқҳоямон инкишофи фазои умумии маданиву тамаддунӣ дар оянда ба шумор меравад.
Президенти Ӯзбекистон аҳамияти ташкили мунтазами ҷашнвора, рӯзҳои маданият ва кино, нашри муштараки китобҳоро бахшида ба мероси мадании Осиёи Марказӣ таъкид кард.
Боз як омили таъсирбахше, ки ба наздиксозии халқҳоямон мусоидат менамояд, соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Муҳим аст, ки рағбатноксозии иловагӣ барои афзудани табодули сайёҳии дохилиминтақавӣ фаъолона корбурд гардад.
Роҳбари давлат оғоз намудани татбиқи амалии барномаи муштараки «Як саёҳат – тамоми минтақа»-ро бо фарогирии тамоми рангорангии маҳсулоти сайёҳӣ пешниҳод намуд.
– Анҷумани имрӯза боз барои он молики аҳамияти махсус мебошад, ки он дар арафаи рӯйдоди муҳим – 30-солагии истиқлолияти давлатҳоямон баргузор мегардад. Ин замон солҳои бароямон мураккаб буд. Хулосаи асосӣ – фақат якҷоя, шарикона, бо дастгирии ҳамдигар мо метавонем масъалаҳои дар наздамон қарордоштаро ҳал намоем, рушди суботноки минтақа ва боло бурдани некӯаҳволии мардумро таъмин намоем. Дигар роҳ нест! – таъкид кард Президент Шавкат Мирзиёев.
Аҳамияти рӯҳияи суботнок ва бебозгашт бахшидан ба ҷараёнҳои ҳамкории минтақавӣ, ҳарчи бештар истифода намудани зарфияти «дипломатияи халқӣ», парлумонҳо, институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва фазои расонавӣ барои ин мақсадҳо таъкид гардид.
– Инкишофи минбаъдаи гуфтугӯи занони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, васеъ гардидани робитаҳоро дар заминаи даст ёфтан ба мақсадҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи баробарии ҷинсӣ истиқбол менамоем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.Бо назарошти мақоми афзояндаи парламентаризм Президенти мамлакатамон дар Тошканд баргузор намудани Анҷумани минтақавии парлумониро таклиф намуд.
Дар поёни нутқи худ роҳбари давлат изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои Мулоқоти машваратӣ дар кори мустаҳкамсозии минбаъдаи бисёрҷанбаи шарикии халқҳои бародари Осиёи Марказӣ саҳми муносиб мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов вохӯрд.
Роҳбари давлати мо сатҳи баланди ташкили Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»-и Туркманистон ҷараён дорад, таъкид кард, ки он бешубҳа марҳилаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мегардад.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, ҳамкорӣ дар майдонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Сарони давлатҳо бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки сарфи назар аз давраи душвори пандемия, муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон рушди босуръатро нишон медиҳанд.
Ба масъалаҳои вусъат додани алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ диққати махсус дода шуданд.
Дар мулоқот рафти иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшуда баррасӣ шуд. Муҳимияти пешбурди лоиҳаҳои нав, густариши робитаҳо байни минтақаҳои ҳамсоя ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар барои идома додани динамикаи мусбати ҳамкорӣ таъкид шуд.
Дурнамои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, ворид шудан ба бозорҳои нав тавассути долонҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, аз ҷумла таъсиси долони байналмилалии нақлиётӣ ва транзитӣ тибқи созишномаи Ашқободро баррасӣ гардиданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои омодагӣ ба мулоқотҳои дарпешистода баррасӣ шуданд. Дар бораи дар ояндаи наздик гузаронидани ҷаласаҳои навбатии Комиссияҳои байниҳукуматӣ ва Шӯрои корӣ барои муайян кардани «нуқтаҳои афзоиш»-и нав, омода кардани лоиҳаҳо ва созишномаҳои пешомаднок созиш ҳосил шуд.
Роҳбарон ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Дар поёни мулоқот сарони Ӯзбекистон ва Туркманистон омодагии худро оид ба пайваста амиқсозии шарикии стратегӣ дар асоси тамоюлҳои эътимоди мутақобила ва эҳтиром ба манфиати халқҳои ду кишвар тасдиқ карданд.
Президент Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров музокирот анҷом дод.
Сарвари давлати мо Садир Ҷапаровро бо аввалин иштирокаш дар Мулоқоти машваратӣ самимона табрик гуфт ва қайд кард, ки ин платформаи бисёрҷониба ба қабули қарорҳои муштарак ба манфиати тамоми минтақа имкон фароҳам меорад. Дар вохӯрӣ рафти иҷрои созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Ӯзбекистон 11-12 марти соли ҷорӣ ба даст омадаанд, инчунин масъалаҳои мубрами амнияти минтақа муфассал баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки аз аввали сол ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳои мо қариб 10 фоиз афзуда, аз 425 миллион доллар гузашт. Татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, нассоҷӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳо оғоз шудааст. Мубодилаи фаъолонаи фарҳангию башардӯстона ва робитаҳои байниминтақавӣ идома дорад.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика, аз ҷумла сохтмони муштараки НБО-и «Қамбарота-1» баррасӣ шуданд.
Сарвари давлатамон аҳамияти муҳими стратегӣ доштани лоиҳаи роҳи оҳани «Ӯзбекистон — Қирғизистон — Чин», муҳим будани тезондани музокирот оид ба сохтмони онро қайд кард.
Президенти Қирғизистон аз талошҳои амалии Ӯзбекистон оид ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар минтақа пуштибонӣ кард. Вай таъкид намуд, ки ташаббуси сарвари Ӯзбекистон, ки ба руши пайвастагии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нигаронда шудааст, ба манфиатҳои халқҳои бародари минтақаамон ҷавобгӯ аст.
Созишнома дар бораи идомаи робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ва баланд барои рушди пайвастаи ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо ба даст омад.
Ҳамчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.
Дар доираи Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ намоишгоҳи амволи саноатии миллии мамлакатҳои минтақа ташкил карда шуд.
Дар майдони «Made in Uzbekistan» имконоти саноати озуқаворӣ, бофандагӣ, чарму пойафзор, электротехникӣ, кимёӣ, дорусозӣ ва заргарӣ, саноати масолеҳи сохтмон ва автомобилсозии Ӯзбекистон намоиш дода шудааст.
Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулоти Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низ гузошта шудааст. Майдони умумии он беш аз 8 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Президентҳо ба сифати маҳсулоти гузошташуда таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд, ба роҳбарони масъул доир ба васеъ намудани табодули амволи байниҳамдигар ва кооператсияи саноат супоришҳо доданд.
Дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» ҷашнвораи таомҳои миллии халқҳои Осиёи Марказӣ ва консерти дӯстӣ ба вуқӯъ пайваст.
Аввал президентон бо таомҳои миллӣ шинос гардиданд.
Пас аз он барномаи тантанавии консертӣ бо иштироки устодони санъати минтақа ба амал омад. Баромадҳои рангоранги дастаҳои фолклориву этнографӣ ва артистони эстрада, суруду рақсҳои миллӣ муштаракот ва наздикии маданияти халқҳоямонро аёнан намоиш доданд.
Дар доираи ҳамоиш дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» Анҷумани иқтисодии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ пайваст. Кори анҷуман дар шакли сессияҳои мавзӯӣ аз рӯйи самтҳои алоҳида ташкил карда шуда буд: ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетикӣ ва кимё ва ҳамчунин дар ҷиҳати нақлиёт ва логистика. Дар ҷараёни ҳар як сессия ҳолати ҷорӣ ва рушди истиқболи ҳамкории бисёрҷониба муҳокима гардид. Инчунин пешниҳодоти мушаххасе, ки ба муайян намудани «нуқтаҳои нави инкишоф»-и  иқтисодиёти мамлакатҳои минтақа нигаронда шудааст, баррасӣ гардиданд. Дар доираи анҷуман инчунин мулоқотҳо ва гуфтугӯҳои дуҷониба баргузор гардида, бисёр муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Дар доираи Мулоқоти машваратӣ ҷамъомади навбатии Гуфтугӯи занони пешвои Осиёи Марказӣ ба амал омад. Дар он Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ширкат намуд. Дар он масъалаҳои рушди ҳамкории байни мамлакатҳои минтақа дар соҳаи сиёсати гендер, баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти ҷамъият баррасӣ гардиданд. Дар доираи анҷуман декларатсия бинобар ҷамъбасти баргузор гардидани Гуфтугӯи занони пешвои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.
Ин чорабиниҳо дар доираи Мулоқоти машваратии навбатии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин мулоқоти Гуфтугӯи занони пешво ва Анҷумани иқтисодӣ гувоҳи ба дараҷаи сифатан нав баромадани мулоқоте, ки он бо ташаббуси Президенти мамлакатамон ба вуқӯъ пайваст, гардид.
Бо ҳамин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Туркманистон ба охир расид.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: