Раиси Сенат дар Тӯрақӯрғон

Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бинобар иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва коҳиш додани нодорӣ дар ҳудудҳо дар солҳои 2020-2021» бо ташрифи амалӣ дар вилояти Намангон буд.

Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бинобар иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва коҳиш додани нодорӣ дар ҳудудҳо дар солҳои 2020-2021» бо ташрифи амалӣ дар вилояти Намангон буд.
Дар рафти ташриф вай ба як қатор субъектҳои соҳибкорӣ, муассисаҳои тиббӣ шинос шуда, бо фермерон, соҳибкорон ва бо аҳолӣ мулоқот орост. Дар ноҳияи Тӯрақӯрғон зиёда аз 227 ҳазор нафар шаҳрвандон истиқомат мекунанд. Дар зарфи чаҳор соли гузашта дар ноҳия як қатор корҳои васеъмиқёс ва бунёдкориҳо ба амал бароварда шуданд. Дар ноҳияе, ки зодгоҳи Исҳоқхон Тӯра Ибрат мебошад, ба номи ӯ маҷмӯа ва як қатор нуқтаҳои хидматрасонию маданӣ, савдо, хонаҳои истиқоматии бисёрошёна қад рост мекунанд. Дар ин корҳо саҳми соҳибкорони чашмикордон калон аст.
Ташрифи нахустини роҳбари Сенат ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Дилрабо СДА» буд. Дар ин ҷо аз масолеҳи трикотажӣ либосҳои гуногун барои мардон, занон ва бачаҳо истеҳсол карда мешаванд. Дар он 700 нафар занону духтарон кор мекунанд. Масолеҳи асосии корхона асосан ба Русия содир мешавад. Дар ин ҷо бо ҳамкорони Амрико аз Туркия ва Чин ба миқдори 200 ҳазор доллари ИМА дастгоҳ оварда шуд. 
– Роҳбари Сенат ба корхонаамон ташриф оварда, баробари бо фаъолияти меҳнатии кормандонамон шинос шудан андешаю дархостҳоямонро низ ба эътибор гирифт, ки аз ин сарамон ба осмон расид, – гуфт роҳбари корхонаи «Дилрабо СДА» Маъсуда Содиқова.
Дар корхонаи муштараки «Рунамтех» қариб 100 нафар занону духтарон кор мекунанд. Дар оянда шумораи кормандон боз ҳам зиёд мешавад.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Оқтош текстил» дар деҳаи калонтарини ноҳия – Оқтош воқеъ буда, асосан дастпоккун истеҳсол мекунад.
Мулоқот дар корхонаи «Рубин БИА» ба фоидаи соҳибкорон ҳаллу фасл гардид. Дар корхона асосан маҳсулоти бетону филиз истеҳсол мегардад. Раиси Сенат дар мулоқот ба сифат бештар эътибор гузоштанро таъкид кард.
Дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Абдусалом равнақи», ки Муҳаммадшариф Қосимов сарварӣ мекунад, анъанаи мактаби «устоду шогирд» ба роҳ монда шудааст. Ҳоло 20 нафар кормандон бо ҳунари миллӣ шуғл меварзанд. Роҳбари Сенат дар ин ҷо ба фаъолияти ҷавононе, ки дар ривоҷёбии саноати мебел саҳм мегузоранд, баҳои баланд дод.
Турсунбой Комилов аз кишоварзони пешсафи ноҳия ба шумор меравад. Вай ҳар сол аз пахта ва ғалла нақшаҳои ба зиммагирифтаашро барзиёд иҷро мекунад. Ӯ бо Фармони Президент бо ордени «Меҳнат шуҳрати» сарфароз гардидааст. Фермери чашмикордон аз ҳар як гектари кишти пахта 50 сентнерӣ, аз 132 гектар ба хирмани давлат 580 тонна «тиллои сафед» супурданро ба нақша гирифтааст. Раиси Сенат дар саҳроҳои пахтакории хоҷагии фермерии «Турсунбой Комилов» бо чинакчиён вохӯрд, ба пешсафон мукофотҳо супурд. Вохӯрии раиси Сенат дар ҳокимияти ноҳия бо фаъолон ва депутатҳои шӯрои маҳаллӣ баргузор гардид.

Зоҳидахон КЕНҶАЕВА,
ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: