МАЪРУФТАРИН АВЛИЁИ ОЛАМИ ИСЛОМ

(Ба муносибати 705-солагии Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд)

Дар кишварамон дар раванди эҳёи арзишҳои маънавию маърифатӣ, омӯзиши ҳаёт ва мероси алломаҳои бузург, ба таҳқиқ ва тарғиби таълимоти хоҷагон-нақшбандия таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. 
Пири ҳафтуми силсилаи хоҷагон, сарвари зинаи дуюми тариқати хоҷагон-нақшбандия – Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, ки бо номҳои «Хоҷаи бузург», «Баҳоуддини Балогардон», «Шоҳ Нақшбанд» машҳур аст, муҳаррами соли 718-и ҳиҷрии қамарӣ – моҳи марти соли 1318 милодӣ дар деҳаи Қасри Ҳиндувони атрофи Бухоро дар оилаи ҳунарманд – бофанда ва нақшандози матоъ ба дунё омадааст.
Дар баъзе манбаъҳо таъкид мешавад, ки насаби падарии Хоҷа Баҳоуддин ба пайғамбар (с.а.в.) мерасад. Муаллифи «Туҳфат-уз-зойирин» менависад, ки модари Баҳоуддин аз авлоди халифаи якум Абубакри Сиддиқ будааст.
Бобои падарии Хоҷа Нақшбанди Ҷалолуддин яке аз муридони вориди роҳи тасаввуф мебошад, момояш, яке аз занҳои тақводор ва илмдӯсти замони худ будааст. Падари Баҳоуддин, ки бо ҳунармандӣ машғул буд, як муддат дар қӯшуни ҳарбии ҳокими Мовароуннаҳр Баёнқулихон (ваф. 1358), ки аз қавми чиғатой буд, хидмат кардааст ва дар пиронсолӣ ба тариқат даромада, шогирди писараш, ки ба мартабаи устодӣ расида буд, мегардад. 
Баъзе муаллифон таъкид мекунанд, ки Хоҷа Баҳоуддин, ба сабаби аз хурдсолӣ бо ҳамроҳии падараш бо нақшбандӣ машғул будан, лақаби «Нақшбанд»-ро гирифтааст. Бино ба маълумоти манбаъҳои давраҳои баъдина, дар натиҷаи пайваста бо зикри Аллоҳ машғул шудан, исми Аллоҳ ба дили ӯ нақш бастааст, барои ҳамин ба ӯ чунин лақабро додаанд. Яке аз бузургони тариқати мазкур дар ин хусус гуфтааст:
Эй бародар, дар тариқи нақшбанд,
Зикри Ҳақро дар дили худ нақш банд.
Ғайр аз ин, ба туфайли хидматҳояш дар роҳи дин ӯ унвони «Баҳоуддин»-ро гирифтааст. 
Дар манбаъҳои тариқати хоҷагон-нақшбандия омадааст, ки баъзе пирони тариқат, аз ҷумла Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ ва Сайид Амири Кулол ба дунё омадан, баъди ба воя расидан ва ба яке аз шайхони бузурги тасаввуф табдил ёфтани Баҳоуддинро аз аввал башорат карда будаанд.
Вақте Баҳоуддин кӯдаки серӯза буд, бобояш ӯро ба назди Бобои Самосӣ, ки ба Қасри Ҳиндувон ташриф оварда буд, мебарад ва пири тариқати хоҷагон ӯро ба фарзандӣ қабул карда, башорат мекунад, ки ӯ дар оянда «пешвои замона» хоҳад шуд. Ҳамон вақт Бобои Самосӣ дар роҳи сайру сулук тарбия кардани Баҳоуддинро ба халифаи худ Сайид Амири Кулол месупорад.
Шояд, Баҳоуддин бо ҳамин саъю ҳаракати бобояш таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳ гирифта, дар ҳафтсолагӣ Қуръони каримро пурра ҳифз намудааст.
Пас аз вафоти Бобои Самосӣ Баҳоуддинро бобояш ба Самарқанд  мебарад, ӯ бо сӯфиёни он ҷо шинос шуда аз суҳбаташон баҳраманд мегардад. Дар манбаъҳо гуфта мешавад, ки Баҳоуддин баъди  аз Самарқанд ба Қасри Орифон баргаштан, кулоҳи тасаввуфии пири чоруми силсилаи хоҷагон Хоҷаи Рометанӣ, ки бо тахаллуси «Хоҷаи Азизон» машҳур аст, ба дасти ӯ меафтад ва ҳолати ӯро тамоман дигаргун месозад.
Чунин ба назар мерасад, ки Баҳоуддини Нақшбанд ҳанӯз ҳангоми ворид шудан ба роҳи тасаввуф ба ислоҳ ва такмили тариқати хоҷагон, ба пурра барқарор намудани тариқати хоҷагон, ки дар аҳди асосгузори тариқат Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ ба баъзе дигаргуниҳо дучор шуда буд, аҳд кардааст. Баҳоуддин аз як тараф аз рӯҳи Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ таълим гирифта, ба шогирди ҳамешагии ӯ табдил ёфта бошад, аз тарафи дигар аз шайхони тариқати яссавия низ таълим мегирад.
Баҳоуддини Нақшбанд низ мисли пираш аз пушти меҳнати худ рӯз диданро афзал дониста, бо касбу кор машғул шудааст. Вай даставвал ҳамроҳи падар бо ҳунари гуландозӣ ба газвор машғул мешавад, дертар ҷаву мош парвариш менамояд. 
Сайид Амири Кулол пеш аз вафоти худ ба Баҳоуддини Нақшбанд иҷозат медиҳад, ки муридонро тарбия кунад. Роҳбарии тариқатро ба ӯ месупорад, ба муридон амр медиҳад, ки аз паси Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд бираванд.
Хоҷа Баҳоуддин дар 3 рабеъулаввали соли 791 ҳиҷрии қамарӣ – 1 марти соли 1389 милодӣ дар синни 74 аз олам чашм мепӯшад ва дар зодгоҳи худ –  деҳаи Қасри Орифон дафн карда мешавад.

Комилҷон РАҲИМОВ,
доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: