Саҳми «Promeat agro» дар бозори гӯшту шир

Аз бозе, ки дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Promeat agro» дар ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд аз Олмон говҳои зоти «голштейн»-ро оварда, ба парвариш сар кард, дар ин ҷо тасаввурот дар бораи молдориву молпарварӣ тағйир ёфт.

Ин говҳои бузургҷусса, ки бо мақсади иҷрои барномаи гӯшту шир оварда шудаанд, ҳоло ба 1500 сар афзуда, 60 нафарро бо кори доимӣ таъмин намудааст.
Бо вуҷуди ин ки говҳои ин зот дар назар хеле бузург маълум мешавад, ҳар касе аз берун дохили ферма мегардад, водор карда мешавад, ки ба қоидаҳои оддии карантин риоя намояд. Дар ҳар сурат насл насли хориҷӣ ва гаронбаҳо аст.
Сохти ферма ҳам мисли фермаҳои маъмулии маҳаллӣ чор тарафаш девору бомаш паст нест. Атрофи ин молхонаҳо девор надоранд ва фақат барои паҳн шуда нарафтани онҳо атрофаш бо симтӯру дигар оҳанчӯбҳо иҳота гаштаанд.
Дар ферма гӯсолаҳо бинобар синнашон дар ҳар молхона гузошта шудаанд ва ҳатто ҷавонтарини онҳо, ки 1-2-моҳа мебошанд, ҳар яке дар қафасҳои ҷудогона ҷойгир карда шудаанд.
– Рӯзе то 8 тонна шир дӯшида мешавад, ки ба ҳисоби миёна 12-15 литр аз ҳар сар ва баъзе аз говҳо беш аз 30 литр ҳам шир медиҳанд, – мегӯяд роҳбари шуъбаи ветеринария ва рушди чорводории ноҳия Шерзод Йӯлдошев.
Аз ҳар сад сар гов то 80-85 гӯсола гирифтан барои чорвопарварони ин хоҷагӣ имкон медиҳад, ки сол то сол саршумори ин говҳои зотиро афзуда, дар сарпур намудани ниёзи мардум ба гӯшт ва шир саҳм бигиранд.

Сурат ва матни Т. ХОВАРӢ.
Вилояти ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: