СЕ МЕТР АДРАС

Набераам Рухшона мактаби миёнаро хатм кард.

Аҳли оила дар гирди дасторхон доир ба кадом муассисаи олӣ ҳуҷҷат супурдани ӯ баҳсу мунозира кардем. Яке ба донишкадаи омӯзгорӣ, дувумӣ ба соҳаи тиб, сеюмӣ ба бонку молия  тавсия намудем.
– Солҳои охир дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ нисбати пешина осонтар шудааст, дониши хуб дошта бошӣ, албатта дохил мешавӣ. Илова бар ин, ду сол боз дар курси тайёрӣ хондӣ. Солҳои мактабхонии мо курсҳои тайёрӣ набуд, тамоми донишро аз худи омӯзгор мегирифтем. Ман ба ивази се метр адраси намозишом ба донишкада дохил шуда будам, – ба набераам рӯ оварда гуфтам ман.
– Наход, бо се метр матоъ? – бо тааҷҷуб пурсиданд фарзандон.
Беихтиёр солҳои донишҷӯиямро пеши назар овардам...
Баъди хатми мактаби миёна  хостам таҳсилро дар донишкада  идома диҳам. Падари равшанфикру маърифатпарварам маро дастгирӣ кард, аммо момои якраву сахтгирам ба фикри онҳо розӣ нашуд.
– Хондани духтарбача шарт не. То мехонам гуфтана корҳои рӯзгорро ёд гир, – гуфт момоям бо истеҳзо.
Падару модарам шабу рӯз оиди хонданравии ман ба момо гап мекушоданд. Аммо ҷавоби ӯ қатъӣ буд.
– Шаҳри бегона, роҳи дур, дар оила танҳо худат кор мекунӣ. Маоши муаллимиат ба кадом як харҷи рӯзгор расад. Бар замми ин писарат ҳам ҳоло донишгоҳро хатм накардааст, – ба падарам рӯ оварда гуфт момо.
Рӯзе ба хонаи мо роҳбари синфам – муаллими Абдуназар меҳмон шуд. Ӯ аз нахостани момо ба хондани ман хабар дошт. Баъди пурсу пос ба момо гуфт:
– Момоҷон, Саодат мактабро хубу аъло тамом кард, дониши азхудкардааш зоеъ наравад, боварӣ дорам ба донишкада дохил мешавад.
– Баъди хонда шудан соҳиби чӣ гуна касб мешавад? – бо соддагӣ пурсид момоям.
Муаллими Абдуназар табассум карду гуфт:
– Баъди хатми донишкада муаллима мешавад, дар таълиму тарбияи фарзандони деҳа саҳм мегузорад...
Аз падар ва роҳбари синфам як умр миннатдорам, ки барои идомаи таҳсил момои якравамро розӣ кунонда буданд.
Ҳамин тариқ, бо ҳамроҳии падарам ба донишкадаи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супурдам. Падарам маро ба хонаи дӯсти солҳои донишҷӯияш амаки Худойбердӣ монду худ ба деҳа баргашт.
Он солҳо имтиҳонҳои қабулро паси ҳам қариб дар давоми як моҳ месупурдем. Рӯзҳои имтиҳон ҳавлии донишкада аз одам пур мешуд. Довталабон бо падару модар, дӯстон ё наздикони худ омада буданд. Ҳар гоҳ ки довталабе имтиҳон супурда мебаромад, онҳо атрофашро печонда табрик мекарданд.
Аз се фан бомуваффақият гузаштам. Аммо аз фанни таърих бахтам омад накард. Имтиҳонгиранда зане буд гандумӣ, қадбаланд ва бадхашм. Куртаи сафеди гулдораш аз зону боло буд, ба пойҳои хароби лучаш мани деҳотӣ бо тааҷҷуб нигоҳ мекардам.  
Ба се саволи билет дуруст ҷавоб додам, аз рӯйи саволи сеюм аз харита бояд қалъаи Брестро нишон медодам. Ҳаяҷон буд ё тарс, ҳамаи навиштаҳои харита дар пеши чашмонам чун мӯрча равуо доштанд.
– Дар куҷо ҷой гирифтани қалъаро надонӣ, ту чӣ хел донишҷӯ шудан мехоҳӣ? Аз аудитория баро! – ба куртаю пойҷомаи гулобӣ ва рӯймоли ҳошиядорам норозиёна нигоҳ карда амр кард муаллима.
Оҳиста аз хонаи имтиҳон баромадам. Аз ҳоли ман ҳеҷ кас намепурсид, ҳеҷ кас намешинохт ҳам. Дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Дар хараки назди дарахт рафта нишастам. Чӣ бояд кард? Ба кӣ муроҷиат кунам? Агар аз баҳри ҳамааш барояму ба деҳа баргардам, соли оянда маро ба хондан намефиристанд, зуд ба шавҳар медиҳанд. Чизе гулӯямро бухс мекард, бо овози баланд гиря кардан мехостам.
Ҳамин дам нафаре тақ-туқкунон омада дар наздам қарор гирифт. Сар боло карда дар рӯ ба рӯям муаллимаи дандонҳояш тиллоро, ки ҳуҷҷатҳоямро қабул карда буд, дидам.
– Ҳа, хоҳарам, чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ? – пурсид ӯ. 
Муносибати муаллимаи таърихро нақл кардам.
– Ҳамроҳи ту ҳеч кас наомад? Танҳо худат омадӣ? Наход бо нафаре гапзанон накарда бошед? – саволборон кард муаллима.     
– Падарам маро монда рафтанд. Ба ҳеч кас гапзанон накардаанд, – гуфтам бо овози гиряолуд. 
Муаллима каме фикр карду гуфт:
– Хоҳарҷон, ба ман нигоҳ кун, ман ба муаллимаи таърих мефаҳмонам, баҳоятро гирифта медиҳам. Вақте падарат омаданд, бо ман вохӯранд, хуб?
Ҳамин тавр, бо кӯмаки муаллимаи дандонтилло донишҷӯ шудам. Ба падарам мактуб навишта хушхабарро расондам. Ҳар дафъа, ки бо муаллимаи дандонтилло рӯ ба рӯ мешудам, падарамро мепурсид. Боз мактуб навиштам ва аз фанни таърих баҳои паст гирифтану бо кӯмаки муаллима дохил шуданамро низ баён кардам. 
Баъди як моҳи донишҷӯйӣ падарам ба шаҳр омад. Ӯ гуфт, ки модарат аз сандуқ се метр куртавори адрасро гирифта, ба сумкаам андохта, таъкид кард, ки аз номаш ба муаллимаат диҳам, барои кӯмак миннатдориашро расонам.
Ба гуфтаи падарам аҳли оила интизор будаанд, ки ба донишкада дохил шуда наметавонаму ба деҳа бармегардам.
– Духтарам, донишҷӯ шудӣ, табрик мекунам, – гуфт бо хурсандӣ падарам.
– Раҳмат, додоҷон, ин ҳама самараи меҳнати шумост, – гуфтам ва хотиррасон кардам, ки бояд бо муаллима вохӯрад.
Дар яке аз чойхонаҳои баҳавои шаҳр бо муаллима вохӯрдем. Баъди тановули хӯроки нисфирӯзӣ падарам гап кушод:
– Муаллима, ба шумо раҳмат, ба духтарам кӯмак расондаед. Ба қавле акнун “гӯшташ аз шумою устухонаш аз мо”. Боварӣ дорам, ки духтарам хубу аъло мехонад.
Баъди ин чизи коғазпечро аз сумкаам гирифта, ба сумкаи муаллима андохтам. Муаллима як-ду бор “лозим нест, овора нашавед” гуфту саросемавор онро ба сумкааш ҷой кард. 
Баъди хайру хуш бо муаллима падару духтар роҳи хонаи амаки Худойбердиро пеш гирифтем. Моро холаи Саида бо хурсандӣ пешвоз гирифт.
– Биёед, биёед, шумоёнро интизор шуда, ошро накашида истодаем, – гуфту ба сӯйи мизу курсиҳои дар таги воиш гузошташуда таклиф кард.
Баъди хӯрдани оши самарқандӣ амаки Худойбердӣ аз корҳои имрӯзаи мо пурсон шуд. 
– Э, дӯстам, маслиҳати шуморо гирифтаму, ба фикрам, муаллима аз мо меранҷидагӣ барин, охир духтарамон дар дасти онҳо 4-5 сол мехонад, розӣ кунем, хуб мешуд, – хавотиромез гуфт падарам. 
– Чаро меранҷидааст? Саодат дохил шуд, бо хулқи хубу баҳои аъло худро нишон диҳад, Худо хоҳад, ангуштнамои факулта мегардад, – хотирҷамъона гуфт амак.
Саҳарӣ падарамро ба деҳа гусел кардем ва ман ба донишкада омадам. Баъди дарси якум дар роҳрав бо муаллимаи дандонтилло рӯ ба рӯ шудам, ӯ ба саломи ман хоҳам-нахоҳам базӯр алейк гирифт.
Коғазпечро, ки дар он се метр адрас буд, пеши назар оварда, маънидорона табассум кардам...

Саодат РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: