СОҲИБКОРӢ РУШДУ НУМӮЪ МЕКУНАД

Бо ҳокими ноҳияи Балиқчӣ Ҷасурбек Абдурайимов дар долони бинои ҳокимият вохӯрд ва зери дарахтони паси ҳавлии ҳокимият суҳбат оростем.

Бо ҳокими ноҳияи Балиқчӣ Ҷасурбек Абдурайимов дар долони бинои ҳокимият вохӯрд ва зери дарахтони паси ҳавлии ҳокимият суҳбат оростем. Дар ин гармои тоқатфарсо он ҷоро барои мулоқоту суҳбат беҳтарин ҷо меҳисобам, зеро ҳавояш софу салқин аст.
– Бино ба гуфтаи ҳокими вилоят тайи ду соли охир дар ноҳияи шумо соҳибкорӣ хеле ривоҷ меёбад. Мехостам бо баъзеи соҳибкороне суҳбат кунам, ки дар ҳавлиашон нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд, – изҳор намудам ба вай.
– Дар он сурат бо шумо раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сортепа Баҳодурҷон Худойбердиев ҳамроҳӣ мекунад. Имсол дар ин ҷамоат як гурӯҳ соҳибкорони нав ба арсаи меҳнат қадам ниҳоданд, – гуфт ҳокими ноҳия.
Баъд ӯ тавассути телефон Баҳодурҷон Худойбердиевро вазифадор сохт, ки маро ба ҳавлии соҳибкорони маҳаллааш роҳбаладӣ намояд.
Маълум шуд, ки ҷамоати Сортепа 2274 нафар аҳолиро муттаҳид менамояд. Онҳо аъзои 650 хонавода мебошанд ва аксарият ба кишту парвариши зироатҳои гуногун, боғи мевазор ва ангур, ҳамчунин чорво ва парранда машғуланд. Дар ҷамоат ҳафт хонаводаи камбизоат ба қайд гирифта шудаанд ва бархе аз онҳо ба парвариши паррандаҳо ва харгӯш рӯ овардаанд.
– Гурӯҳеро ба корҳои мавсимӣ ҷалб намудем ва ҳар кадоми онҳо 750 ҳазор сӯмӣ маош мегиранд ва маишати оилавиашонро таъмин мекунанд, – гуфт Баҳодурҷон Худойбердиев. 
 Вақте ки ба ҳавлии сокини ҷамоати Сортепа Неъматулло Абдуқодиров даромадем, дар як гӯшаи он чанд қафаси парранда ва харгӯшпарварӣ ба чашмамон хӯрд.
– Ин паррандаҳову харгӯшҳоро барои парвариш ба мо корхонаи кластерии “Баркамол мӯйнаси” ҷудо кардааст. Дар шароити пандемияи коронавирус мо ба кор таъмин шудем. Ман солҳои дароз боз дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон кор мекардам. Роҳҳо баста шуданд ва равуо бароямон мушкил гардид. Аммо ҳокимияти маҳаллӣ ба ҳимояи мо бархост ва ҳоло бо ҳамсару бачаҳоям ба парвариши ин паррандаву харгӯш шурӯъ намудем,– мегӯяд Неъматулло Абдуқодиров.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо як писараш– Ҳурматуллоҳ қарзи шаҳрвандиашро иҷро мекунад ва ба наздикӣ аз сафи артиш ба хона бармегардад. Вай низ бекор намемонад ва ҳамроҳи волидайн ба парвариши паррандаҳову харгӯшҳо машғул мешавад.
– Ана ин чӯҷаҳо баъди тахминан сиву панҷ рӯзи дигар тайёр мешаванд ва онро ба дастурхони мардум пешкаш мекунем. Шумораи харгӯшҳоямон аз панҷ сар ба бист сар афзоиш ёфт, – иброз дошт Неъматуллоҳ Абдуқодиров.
– Соҳибкорони нави мо баъди афзудани саршумори харгӯшҳо бачаҳояшро дар худ нигоҳ медоранд ва боз онро парвариш мекунанду афзоиш медиҳанд, аммо модахаргӯшҳоро ба корхонаи кластерӣ бармегардонанд. Дар ин миён барои меҳнати кардаашон ҳар моҳ 500 ҳазор сӯм маош низ ба даст меоранд,– ба суҳбат ҳамроҳ шуд раиси ҷамоат Баҳодурҷон Худойбердиев.
Вай боз таъкид кард, ки сокинони ҷамоат мувофиқи хоҳиш ва салоҳияти худ парвариши парранда ё харгӯшро бар ӯҳда мегиранд. 35-40 рӯз мегузараду паррандаҳо калон мешаванду барои гӯшт онро бурда месупоранд. Аммо харгӯшҳо солона чаҳор маротиба афзоиш меёфтаанд.
– Яҳёбек Норматов пештар низ ба парвариши харгӯшҳо машғул мешуд, вале саршумори он кам буд. Акнун ба вай корхонаи кластерӣ боз ҳашт сар харгӯши калон ҷудо кард,– гуфт раиси ҷамоат.
– Бале, кас аз харгӯшпарварӣ низ даромади хуб ба даст меорад. Харгӯшҳо дар 27 рӯз мезоянду афзоиш меёбанд. Гӯшти он дар баробари парҳезӣ будан барои баъзе бемориҳо дору низ мебошад. Нархаш нисбати гӯшти гову гӯсфанд 30-40 дарсад арзон аст, – мегӯяд Яҳёбек Норматов.
Вай боз тазаккур дод, ки ин харгӯшҳо гибрид ё микс мебошанд. Чунин харгӯшҳо заминро кофта, ҳама ҷоро хоктӯда намекунанд, аз як ҷо ба ҷои дигар намегурезанд. Аз мӯи ин харгӯшҳо кулоҳҳои гуногун тайёр мекунанд ва гӯшташ барои истеъмол низ хуб аст.
Дилором Исмоилова Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонро хатм кардааст ва аз соли 2016 инҷониб нафақахӯр мебошад. Солҳои дароз аз забони англисӣ сабақ додааст, дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардааст. Аммо имрӯз ба ҳайси яке аз соҳибкорони маъруфи вилояти Андиҷон шинохта шудааст.
– Аввал ба бозомӯзии як гурӯҳ ҷавонон оғоз намудам. Ҳоло дар байни сӣ нафар шогирдон ҳафт нафарро ҷавонони бозомӯзе ташкил медиҳанд, ки аз шумори фарзандони оилаҳои камбизоати ҷамоатамон маҳсуб меёбанд. Ба онҳо ройгон дарси англисӣ мегузарам. Дар рӯзҳои карантин ва ба манзури пешгирӣ аз пахши коронавирус дарсҳоро аз тариқи онлайн идома дода истодаам,– мегӯяд Дилором Исмоилова.
– Аммо шуморо ба ҳайси соҳибкор ба мо муаррифӣ карданд-ку? – рӯй овардам ба ин хонум.  
– Ҳозир бо ҳам дар ҳавлӣ сайр хоҳем кард. Шумо мебинед, ки ману шавҳарам баъди ба нафақа баромадан ба кадом корҳо даст задем, – кӯтоҳ посух дод Дилором.
Баъд аз мо даъват кард, ки пеш аз “сайри” ҳавлӣ аз меваҳои рӯи дастурхон бичашем.
Дар тарафи рости ҳавлӣ гармхона сохтаанд. Дохили он ниҳолҳои зиёди лимуву афлесун нашъунамо ёфтаву ба чаҳор тараф шоху шона паҳн карда буданд. 
– Се сол муқаддам ин гармхонаро бунёд кардем. Кӯчатҳоро худамон парвариш кардем. Парвариш ва нигоҳубини хуби ниҳолҳо низ мусоидат менамояд, ки он зуд ба ҳосил дарояд. Ба ин тараф нигаред. Ин дарахтони афлесуну мандаринанд. Мо гумон мекардем, ки ин ниҳолҳои субтропикӣ ҳаргиз ба муҳити мо хос наянд ва намесабзанду ҳосил намедиҳанд. Аммо имсол ҳосили зиёд ба даст хоҳем овард, –  гуфт ӯ.
Дар поёнтари ҳавлӣ қуттиҳои зиёди занбӯриасалпарварӣ гузошта буданд. Ба гуфтаи соҳибхона занбӯрҳои асалро ду сол инҷониб парвариш мекунанд. Соли гузашта 500 килограм асали тоза гирифтанд. Нигоҳубини он ба дӯши писари калонии хонавода Хуршедбек будааст.
– Аз хонаводаи мо касе ба ягон ҷо ба ҷустуҷӯи кор намеравад. Ҳамин замини назди ҳавлиамон аъзои хонаводаи моро мепояд. Ману ҳамсарам аз аввал ба тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳ кардем ва имрӯз самараи онро худамон дида истодаем, – мегӯяд сардори оила Турсуналӣ Пӯлатов.
Тавре ки вай боз таъкид кард, аксари соҳибкорону фермерҳо кӯчатҳоро аз онҳо харида мебаранд. То ин замон ба миқдори зиёд кӯчатҳои помидору бодиринг ва турбу карам фурӯхтаанд.
– Баъзеҳо баъди ҷамъоварии ҳосили кишт дар ҷои он карам, помидор ё бодиринг парвариш мекунанд. Ин кӯчатҳоро имрӯз ё фардо харидорон омада мебаранд. Дар он тараф кӯчатҳои нав майса задаанд. Дувоздаҳ моҳ дар хона мо ба парвариши кӯчатҳои гуногун машғулем. Танҳо аз ҳамин ҳисоб буҷаи хонавода соли равон ҳудуди понздаҳ миллион сӯм даромад ба даст овард, – мегӯяд бо ифтихор Турсуналӣ.
– Дар ин ҳавлӣ панҷ ташаббуси Президенти мамлакат татбиқ мегардад. Аъзои хонавода дар ривоҷи илму маърифат, варзиш, таъмин ба ҷои кор ва амсоли он ҳиссаи калон мегузоранд. Дар ҷамъоварии ҳосил ва ба қуттиҳо ҷой кардани он аз нерӯи ҷавонони маҳалла низ истифода мекунанд ва дар ивази меҳнат барояшон дастмузд мепардозанд, – мегӯяд Баҳодурҷон Худойбердиев.
 Вай илова кард, ки мо метавонем боз ба чанд хонаводаи дигари маҳаллаи Сортепа сар занем. Дар ин шароити барои тамоми мардумамон мураккаб сортепагиҳо аз роҳи меҳнат худро аз  мушкилоти иқтисодӣ наҷот медиҳанд ва маишати оилавиашонро таъмин мекунанд.   

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: