ТАШХИС АНИҚ – МУОЛИҶА ДАҚИҚ

Муассисаи давлатии маркази барқароркунии саломатӣ ва табобати варзишии назди Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд беш аз 50 сол аст, ки амал мекунад.

Табобатгоҳ солҳои шӯравӣ дар назди рӯди хушҳавои Дарғам бунёд гардида буд.
Алҳол дару дарвозаи табобатхона барои ҳама боз аст. Ҳоло беш аз 50 нафар шифокорон дар ин ҷо фаъолият доранд. Яке аз онҳо ҷонишини ректори таълимгоҳи мазкур, мудири муолиҷагоҳи узвҳои инсон Вакилҷон Сулаймонов мебошад, ки ҳамчун донандаи хуби касб, инсони хоксору  росткор дар байни ҳамкорону корафтодагон соҳиби обрӯ ва эҳтироми хос аст. Шояд аз ҳамин сабаб директори шифохона Фарҳод Ботиров маслиҳат дод, ки маҳз дар бораи ӯ чизе нависам. 

БО ДУОИ ПАДАР

Бикӯш, то ба каф орӣ калиди ганҷи 
вуҷуд,
Ки беталаб натавон ёфт гавҳари мақсуд.
(Камоли ҲУҶАНДӢ)

Он айём ӯ дар мактаби рақами 32-и маҳаллаи Кафтархона (ҳоло мактаби рақами 77-и шаҳри Самарқанд) таҳсил мегирифт. Гоҳ-гоҳ падараш Шерқуламак, ки ронанда буд, ҳамроҳ бо дӯсти шифокораш Матлуб Самеъбоев ба хонаашон меомад. Суҳбати онҳо дар атрофи як пиёла чой, ба қавле, қӯр мегирифт.
Зиндагиномаи доктори фанҳои тиб, профессор Матлуб Ҳотамович ибратангез буд, аз ин сабаб модараш Маърифат Муйинова, ки дар табобатхонаи шаҳри Самарқанд чун ҳамшираи шафқат кор мекард, ба фарзандон маслиҳат медод, ки мисли ӯ шифокор, табиби ҳозиқ шаванд.
Вакилҷон ҳарчанд ба техника ҳаваси зиёде дошт, бо талаби модару дуои хайри падар ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд супурд ва хушбахтона номи донишҷӯйи мактаби олиро гирифт. Аз устодони меҳрубон Матлуб Самеъбоев, Шуҳрат Ниёзов, Ӯткур Хушмуродов, Зулола Мавлонова, Саид Кубаев бисёр чизҳоро омӯхт. 
Соли 2004 бо диплом ва роҳхати донишкада ба табобатхонаи шикастубанди вилоят  омад. Бо амри тақдир ба писари Матлуб Самеъбоев – Рустам шогирд шуд ва аз вай табобати сутунмӯҳраи инсонро омӯхт. Вакилҷон тӯли  фаъолияти корӣ аз ин инсони пухтакор на танҳо сабақи касб, ҳамчунин дарси одаму одамгарӣ гирифт.
Инак, чанд соли охир ӯ дар муассисаи давлатии маркази барқароркунии саломатӣ ва табобати варзишӣ кор мекунад.

ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН?

Дар ҳама кор машварат бояд,
Кори бемашварат накӯ н-ояд.
Ба хотири бо фаъолияти қаҳрамони лавҳаи худ аз наздик шинос шудан ба бинои дуошёнаи хушсохти замонавӣ ворид шудам. Утоқи кории ӯ дар ошёнаи дуюм ҷойгир будааст. Вакилҷон бо ташхису муолиҷаи беморон банд буд ва ман аз фурсат истифода бурда, бо яке аз онҳо суҳбат кардам.
– Ман тамоми умр омӯзгор будам, – худро муаррифӣ кард М.Ҳайдарова. – Вакилҷон аз айёми мактабхонӣ ҳушёру чаққон, зираку рамузфаҳм буд. Дасташ сабук, забонаш ширин, суханҳояш тасаллибахшанд. Дар ин ҷо ташхис аниқ, муолиҷа дақиқ аст. Муҳимаш, табобат тавассути ҳаракатҳои ҷисмонӣ ва бо кумаки асбобҳои замонавӣ сурат мегирад.
– Таҷрибаи зиёди корӣ, суханони гуворои Вакилҷон ба қалби ҳар як корафтода асар мекунад, – мегӯяд мудири шуъбаи бемориҳои асаб Назира Рустамова. – Зеро беморро нафақат бо дору, балки бо суханони нарму табассуми пурҷозиба ҳам табобат кардан мумкин аст. Санъати табобат – санъати олиҷаноб буда, он дар вуҷуди ҳамкасбам Вакилҷон муҷассам гардидааст. 
Бояд таъкид намуд, ки Вакилҷон Сулаймонов бо маслиҳати устодонаш ва дастгирии роҳбарияти табобатхона дар Маскав ва Тошканд такмили ихтисос намуд. Ҳамзамон ӯ барои сайқал додани дониши худ корҳои илмиву тадқиқотӣ ҳам мебарад. 
Бинобар ҳамин пайваста китоб мехонад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз навидҳои тиббиёт бохабар мешавад. Хушбахт аст, ки дар зиндагӣ ҷойи худро ёфтааст.
Ҳамсараш Зебуннисо Рауфова дӯзанда ва пазандаи хуб буда, алъон ба тарбияи фарзандон машғул аст. Агар ҳар рӯз 20-30 саҳифа асари бадеӣ нахонад, хобаш намебарад.
Вакилҷони миёнақад, камгӯшту чаққон гоҳ ба пурсишҳои ман посух медоду гоҳ бо муоинаи беморон машғул мешуд. 
Бешубҳа, миҷозони зиёд навбат мепоиданд, то аз дасти сабуки ӯ ба дардашон шифо ёбанд. Бинобар ин суҳбатро мухтасар карда, барояш комёбиҳо таманно намудем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: