ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: УФУҚҲОИ ДӮСТӢ

мо на фақат ҳамсояем...

мо на фақат ҳамсояем...
Дар забони тоҷикӣ  калимаи “ҳамсоя” хеле пурмаъно буда, мазмуни рамзӣ ҳам дорад.  Мо  эзоҳи ин вожаро бо “соя” бештар вобаста медонем. Ин калима дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” чунин  шарҳ ёфтааст: “он ки хонааш ба хонаи каси дигар  девор ба девор, бевосита пайваст ё хеле наздик бошад, ҳамҷавор”. Барои тасдиқи  он як байти пурарзиши Авҳадӣ оварда шудааст:
То надонӣ, ки кист ҳамсоя,
Ба иморат талаф макун моя
Дар зиндагии халқҳои тоҷику ӯзбек вобаста ба калимаи “ҳамсоя” бисёр зарбулмасалу ривоятҳо ҳаст. “Ҳаққи ҳамсоя”, “ Ҳамсоятабақ”, “Аввал ҳамсоя бигир, баъд ҳавлӣ” , “Ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд” ва ҳоказо.
Солҳои охир дар минтақаи мо, хусусан чун сухан дар бораи робитаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон равад, ибораи “ҳамсоягии нек”  хеле бамаврид истифода мешавад. Ин бесабаб нест. Зеро тавре ки  пештар дар мақолаамон зери сарлавҳаи “Дуои халқ иҷобат мешавад” (ба муносибати дусолагии сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар таърихи 9-10 марти соли 2018, “Овози тоҷик”, 8-уми марти соли 2020) зикр шуда буд,  “дарахти дӯстие, ки ду сол пеш шинонда шуд, самар медиҳад”.
Аммо офати пандемияи коронавирус, ки тамоми “узвҳоро  беқарор”  намуд, ба рушду пешравии робитаҳои неки ҳамсоягии мо чун дар дигар минтақаҳои дунё таъсири манфӣ расонд.  Вале ин маънои онро надорад, ки дар байни ду кишвари дӯсту ҳамсоя  алоқаҳо суст шуда бошанд. Маҳдудиятҳое, ки ҷорӣ гардидаанд, албатта муваққатианд ва  робитаҳои муфиди дуҷониба боз пойдор мешаванд. Зеро мо на фақат ҳамсояем, балки хешу табор ҳам ҳастем.
Зуҳуроти  риштаҳои хешу таборӣ, хусусан дар чанд моҳи охир қудрати худро нишон дод. 
Ҳама хабар доранд, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9-уми апрел ба Тоҷикистон иборат аз 15 вагон маводи зарурӣ барои пешгирии бемории коронавирус фиристода шуд. 
8-уми май бо миқдори зиёди ёрии моддии башардӯстона, гурӯҳи табибон иборат аз 8 нафар анестезиолог-реаниматолог, пулмонолог, эпидемиолог, инфексионист ва дигар мутахассисон низ  барои кӯмак  фиристода шуданд.  Ин амри хайр баъд аз гуфтугӯйи телефонии сарварони ду давлат Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 5-уми май  амалӣ гардид.  11-уми май вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин ҳангоми  мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов  ин кӯмакҳоро  далели дурахшони дӯстиву ҳамсоягии неки халқҳои бародар арзёбӣ намудааст.
Дар зодгоҳи ман (деҳаи Сӯфиорифи ноҳияи Истаравшан) як одати хуб ҳаст. Ҳар касе, ки иморат месозад, ҳатман бо номи  “болорбаророн” (баъди бардоштани девор,  маросими пӯшидани бом) ҳашар ташкил мекунад. Барои он махсус даъват кардани ҳамсоя, наздикону ҳамгузарҳо шарт нест. Мардум худашон барои кӯмак меоянд. Ҳар кас ҳунари худ (яке андовагарӣ, дигаре сутунбардорӣ ва ҳоказо)-ро намоиш медиҳад. Ва ҳамсояҳо барои ин ҳашар, албатта хӯроке  пухта, ба қавле «дастдарозӣ» мекунанд. Куҳансолон фотиҳа медиҳанд. Ин ойин дар Ӯзбекистон низ роиҷ аст. 
Алҳол дар вилояти Сирдарё ҳашари умумихалқӣ бешубҳа, авҷ гирифтааст. Аз тамоми гӯшаву канори сарзаминамон ба сирдарёиҳо кӯмак мерасад. Тоҷикистон низ аз ин маърака дар канор намонд. 20-уми май бо супориши сарвари ин давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф сохтани оқибатҳои садамаи обанбори Сардоба  ба вилояти Сирдарё  51 вагон масолеҳи сохтмон фиристода шуд.  Семент, ранг, мех,шифер ва ғайра имрӯз барои бинокорони сирдарёӣ хеле заруранд. 
Дар Ӯзбекистон барои бартараф сохтани оқибатҳои нохуши офати табиию техногенӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд. Бо вуҷуди ин кӯмаки башардӯстонаи бародарони тоҷикистонӣ ба ҳашари умумихалқии кишвари мо дастгирии назаррас аст. Ин, бешак, аз саховатпешагии ҳамсоягон, хешу табори тоҷикистонии мо дарак медиҳад, ки қобили таъкид  аст. Зеро дар замони пандемия, ки ҳар кӣ қолинашро худ аз об бароварданист, чунин кӯмакҳои моддӣ ифодаи амалии ҳисси ғамхории бародаронаву башардӯстона, ҳамчунин дастгирии амалии якдигар аст.
Дирӯз дар  шабакаи интернет боз як хабарро хондам: «гурӯҳи ширкатҳои ҶС «Ӯзэлектроаппарат» ва КМ «Techno Cable Group» ба ширкати тоҷикистонии «Энерго Комплект Инжиниринг» ҷиҳати таъмин кардани беморхонаҳои Тоҷикистон бо маводи зарурӣ як миқдор бор фиристоданд.
“Шарикони мо аз ҳисоби худ маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродиро иборат аз респиратор, айнак, дастпӯшак, либоси муҳофизатӣ ва ниқобҳои тиббӣ харидаанд. Ҳамаи ин воситаҳо баъди ба Тоҷикистон расидан ба ихтиёри беморхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дода мешаванд”, — хабар додааст ширкати «Энерго Комплект Инжиниринг».
Ин рӯзҳои душвор ҳам мегузаранд. Зиндагии мардумони мо ва тамоми аҳли олам бо мурури вақт ба маҷрои мӯътадилаш бармегардад. Аммо кӯмакҳои башардӯстонаи байниякдигарӣ, зуҳуроти инсонпарварӣ аз ёди халқҳо ҳаргиз фаромӯш намешаванд.

 Шоқаҳҳор САЛИМОВ, шореҳи сиёсӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: