«ҲАМА АЗ НЕКИИ МАН ЁД ОРАНД...»

Охирҳои баҳори соли 2019 Абдуллоҳ Раҳмон аз шиддати беморӣ роҳи Душанберо пеш гирифт, баъдтар ба Тошканд ҳам рафт.

Охирҳои баҳори соли 2019 Абдуллоҳ Раҳмон аз шиддати беморӣ роҳи Душанберо пеш гирифт, баъдтар ба Тошканд ҳам рафт. Миёнаҳои моҳи августи ҳамон сол ба дидорбинӣ рафтам, суҳбат оростем, маслиҳатҳо доданд. Боз чанд бори дигар ба аёдаташон рафтем. Ҳама вақт дар паҳлуяшон рӯзномаю китобҳо меистод. Асло аз дард шикоят намекард, балки шукронаи Парвардигор намуда, аз илму маърифат, забону адабиёт... сухан ба миён меовард. Бузургонро бо некӣ ёд карда, аз онҳо иқтибос меовард. 
Шоир аз сиёсати давлат, даъватҳо ба китобхонию маърифатдӯстӣ сипосгузор буд.  Ояндаи илму фарҳанг, адабиёт дар Ӯзбекистон хуб аст гуфта, ба доираи адабию эҷодии Сурхон, имкониятҳои эҷодкорони он баҳои баланд медод. Боре барои ба Бухоро сафар намуда, вохӯриҳо ташкил намуданаш изҳори миннатдорӣ намуд. Нияти бо гурӯҳи эҷодкорон ба Бухоро сафар доштани худро гуфта таъкид намуд, ки агар Худованд  имкон медод, ормон намемонд. Ҳамчунин, қайд намуд, ки силсилаи шеърҳои “Бухоронома”  ҳам дорад. Аз шоир Равшани  Эҳсон ҳамчун марди ҷасуру шуҷоатманд ёдовар шуд, ки дар зиндагиаш муҳити эҷодию сатҳи худшиносии мардуми Бойсун баландтару беҳтар гардида буд. 
–  Дар муддати бистарӣ буданам аз гӯшаю канори вилояту берун аз он омадани дӯстон, мухлисонро мушоҳида карда, дарк намудам, ки беҳуда назистаам, –  гуфта чашмонаш об гирифтанд. Пас, орзуҳои нек намуда, барои мо дуои хайр дод. 
Нахустрӯзи соли равон ҳамроҳи дӯстон ба аёдати устод омадем. Дидорбиниву суҳбат бо шоир беш аз се соат давом кард. Аз хусуси нашри китоб, эҷодкорони имрӯзи тоҷик, азми сафари Бухоро, фаъолияти маҳфили  “Амвоҷи Варорӯд”, чеҳраҳои бузурги илму адаб Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон сухан рафт. Аз пешгӯиҳои Муҳаммад Иқбол дар шеър намунаҳо оварда шуд. Шоир А. Раҳмон шукри даврони истиқлол намуда, аз ояндаи дурахшон умеди калон дошт. Вақте дӯстон: «Устод, шумо албатта, сиҳат мешавед, ашъоратон ба таври мукаммал чоп мешаванд, минбаъд якҷоя кор мекунем», гуфта дилбардорӣ мекарданд, мегуфт: “Кошкӣ”. Ва бо табассум илова мекард: “Агар сесад ҳунар донӣ, ба вақти марг дармонӣ”. 
Раҳораҳ аз дил гузашт, ки ба инсон чӣ қадар шуҷоату ҷасорат, иродаи қавӣ лозим, то дар ҳолати бистарӣ, дарди ҷонкоҳ кашидан чунин суҳбат орояд, ғами адабиёту фарҳангро хӯрад. Ба фидоии фарҳангу адабиёт будани устод А. Раҳмон бори дигар эътимодам қавӣ гашт. Хотираи ӯ хеле мустаҳкам буд, нутқи бурро, ранги рӯй ҳам тоза менамуд. Шоир шояд омадани маргро ҳис мекард, ки шеърҳои ҷонгудози “Марсияе барои худам”, “Дидори охирин аст”-ро эҷод карда буд. Оре, муборакбандагони Худо чунинанд. 
4-уми марти соли равон ҳаво аз пагоҳӣ тира буд. Нисфирӯзӣ борони маҳин оғоз ёфт, шамоли сард мевазид. Хабари ҷон ба Ҳақ супоридани Абдуллоҳ Раҳмон ҳама ҷо паҳн шуд... Турбати шоир дар паҳлӯи турбати модари мушфиқаш – Оишабибӣ Қаландарова ҷой гирифт, он тарафи қабри модар, қабри падари ӯ – Абдураҳимбобо Раҳмонов қарор гирифта буд, модару писар ҳамсоягӯр шуданд.
Мегӯянд, агар қабр омода бошаду дохили қабр борон – раҳмати Худо расад, ин нишонаи бандаи нек будани вафоткарда аст. 
Дар як суҳбат Ҳоҷӣ Муҳаммад Шоҳмуродзодаи Кӯҳистонӣ вафоти шоир – Абдуллоҳ Раҳмонро талафи бузург номида гуфт, ки миёнаҳои моҳи феврали соли ҷорӣ бо ҳамроҳии Ҳоҷӣ Бобомуҳаммад Олимзод ба аёдаташ рафтем, ҳангоми хайрухуш шоир ташаккур баён намуд,  чун байти зерин: 
Таҳти пойи аҳли маъно хок будан солҳо, 
Беҳ зи чун гул бар сари дастони нодон 
зистан-ро хондам, аз чашмони шоир ашк баромад...
Шоир А. Раҳмон дар бораи роҳи ҳаёти инсон, масъалаи марг бисёр ишораҳо дорад, аз ҷумла, мегӯяд: 
Чу будам зинда, айбамро шумурданд, 
Бадам кӯю ба кӯ чун бод бурданд. 
Ҳама аз некии ман ёд оранд, 
Ҳамон рӯзе, ки бар хокам супурданд.
Бояд гуфт, дар китоби дарсии “Адабиёт” (синфи XI соли 2018) дар бораи ашъори А.Раҳмон мулоҳизаҳо баён шуда, ғазали “Навписанд афтодааст”-и ӯ ҳамчун намуна оварда шудааст, ки худи ҳамин ибтидои таҳқиқу тадқиқи ашъори мавсуф аст. Умед аст, ки омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори шоир минбаъд ба таври бояду шояд роҳандозӣ мешавад. Ёдат ба хайр, шоири некном! 

Маҳкам ҶАЪФАРЗОДА,
омӯзгори мактаби рақами 7, 
ноҳияи Сариосиё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: