ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР...

Хонаи барҳаво, озодаву шинам.

Хонаи барҳаво, озодаву шинам. Садои радио, ки табрикоти кормандони онро бахшида ба “1 октябр – Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён” тамоми омӯзгорони ҷумҳуриро табрик менамуд, ба гӯш мерасид. Албатта, ин рӯзҳо дар хотири омӯзгорони собиқадор боқӣ мемонад... Ҳайитбой Ҳоҷиев низ баробари ин лаҳзаҳои солҳои гуногун ҷашни омӯзгоронро гӯё, ки ёд мекард. Бояд гуфт,  Ҳайитбой Ҳоҷиев аз зумраи омӯзгоронест, ки ба соҳиби касб шудани ҳар як хонандаи дабистон маслиҳати худро мерасонд. Вай аз зумраи якумин омӯзгорони ҷавони мактаби деҳаи Навобод буд, ки соли 1964 баъди 2 соли фаъолият оғоз намудани мактаби 77-ум ба номи А.Фирдавсӣ (алҳол мактаби рақами 9-ум) фаъолияти меҳнатии худро оғоз бахшид. Моҳи сентябри соли 1965 ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи географияи Донишкадаи давлатии Хуҷанд супурд ва онро соли 1970 хатм намуда, соҳиби диплом гардид. Тӯли фаъолияти омӯзгорӣ ҳамчун омӯзгори фанни география ва муовини директор кори худро идома бахшидааст. Имрӯз шогирдони ӯ хидматҳояшро ба некӣ ёд мекунанд.
– Омӯзгорӣ аз касбҳои пуршараф ба ҳисоб меравад, ки машаққати зиёдро дар таълиму тарбияи наврасон талаб мекунад, – гуфт ҳангоми суҳбат Ҳ. Ҳоҷиев. – Шукри худованд, ки банда низ аз ин интихоби ин касби бошараф ҳаргиз пушаймон нашудаам. Муаллим шахсияти обрӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ шахси бузургест, ки дар баробари волидайн хонандаро олами маънӣ, таълиму тарбия меомӯзад. Тавре ки мегӯянд:
Ҳаққи устод аз падар 
 беш аст,
В-аз падар устод дар 
пеш аст. 
Муаллим аз солҳои бебозгашти ҷавонӣ, таълиму тарбияи ҷавонону хонандагон, лаҳзаҳои хотирмон ҳарф зад. Бинобар гуфти устод, соли 1995 бо сабаби бад гардидани саломатӣ дар синни 55 фаъолияти меҳнатии худро қатъ кардааст.  
– Имрӯз бо писарам Ҳомидҷон ва набераҳоям Билолу Ҷумъагул, ки ҳар рӯз дар паҳлӯям ҳастанд, доир ба дарсгузарии омӯзгорон ва фаъолияти онҳо суҳбат мекунам, – мегӯяд Ҳайитбой Ҳоҷиев. – Воқеан, баъди истиқлолият ва тӯли солҳои охир дар кишварамон аз ҷониби Президент ва ҳукумат доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа корҳои зиёд ба амал бароварда мешаванд. Албатта, ин эътибор ба соҳибони касби пуршараф бояд илҳом бахшад ва онҳо болои худ кор баранд, бобати маълумоти бештар пайдо кардани хонандагон доир ба фанҳои гуногун, дарсҳои иловагӣ ташкил намоянд. Омӯзгор ҳамон ҷӯяндаест, ки ҳама вақт аз болои худ кор мекунад.    
Фаъолияти меҳнатии 30-солаи омӯзгор Ҳайитбой Ҳоҷиев имрӯз барои омӯзгорони мактаб дарси ибрат аст. То андозае вай тӯли ин солҳо нақши худро гузошт ва дар хотироти шогирдони худ ҷой гирифт. Имрӯз омӯзгори нафақахӯр дар синни 82 умр ба сар мебарад. Бояд гуфт, ки имрӯз яке аз фарзандони эшон Ҳомидҷон Ҳоҷиев касби падарро интихоб намуда, дар мактаби 43-юми деҳаи Навобод аз фанни география ба шогирдон дарс мегӯяд. 

Меҳровари ҚОДИР,
ноҳияи Бӯкаи 
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: