ҲОФИЗИ МАҲБУБИ ДУ ХАЛҚ

Ба муносибати таҷлили Рӯзи ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ дар шафати майдони Регистон – тарабхонаи «Муъҷиза» анҷумани фарҳангии бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваста буд.

Ба гӯшам мерасад овози форам,
Барорад аз дилу ҷонам ҳама ғам,
Зи овози хушаш дардам шавад дур,
Зи қадду қоматаш чашмам гирад нур.
Ба муносибати таҷлили Рӯзи ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ дар шафати майдони Регистон – тарабхонаи «Муъҷиза» анҷумани фарҳангии бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваста буд. Дар он на танҳо аҳли қалами Самарқанд, инчунин ходимони  адабиёт, журналистон, меҳмонони олиқадр аз пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ низ ҳузур доштанд. 
Қисми расмии чорабинӣ ба охир расида, навбатро ба устодони санъат доданд. Бонуи ширинсухан Шаҳло Аҳророва бо ҳисси масъулият ва ҳаяҷон номи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Асадулло Атоуллоевро эълон намуд. Зери қафкубии ҳозирон ба саҳна марди маллаандоми хушқаду қомат ва чеҳрахандон, ки шиму костюмаш ба худаш мезебид, баромад. Мавҷи кафкубӣ ба  фалак печид. Ҳофиз бо сипосгузорӣ таъзим намуд ва аввал суруди «Қалам дардамро навис»-ро ба забони давлатӣ иҷро намуд. Сипас ба забони модарӣ суруд оғоз кард: 
Нигори турки тоҷикам кунад сад хона вайрона, 
Бад-он мижгони тоҷиконаю чашмони туркона...
Мухлисони бешумор гулдастаҳои тару тоза тақдим карда, барояш комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд. 
***
Ба зебу зиннати ин гулшани бехор мехонӣ,
Ба шаъни ин диёру халқи шуҳратёр мехонӣ...
Асадулло дар мактаби миёнаи рақами якуми ноҳияи Ургут таҳсил гирифта, аз бачагӣ ба санъат дил баст. Устоди сахтгир, вале меҳрубону дилсӯз Собирҷон Исмоилов ба ӯ сирри захма ба тор задан, талаффузи калимаҳо, дар саҳна идора кардани худро омӯхт. Маҳз бо дастгирӣ ва ҷонибдории Собирҷон Исмоилов дар анҷуманҳои гуногун ширкат варзида, истеъдоди хешро сайқал дод. Бо тавсеа ва ҳидояти ӯ ба мактаби махсуси санъат рафта, бисёр чизҳоро ёд гирифт.
Соли 1973-юм соҳиби номаи камол шуд ва бо дуои волидайну устодони хайрхоҳ ба пойтахти Тоҷикистон рафта, ба Донишкадаи давлатии санъат ҳуҷҷатҳои худро супурд. Хушбахтона, аз имтиҳонҳои эҷодӣ сарбаланд гузашта,  номи донишҷӯро гирифт. Аз ҳунармандони номӣ Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Маҳмудҷон Воҳидов, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошимов ва дигарон сабақи зиндагӣ, одаму одамгарӣ, суруду таронаҳои мардумӣ омухт, ба мероси фарҳангии аҷдод дилбастагӣ пайдо кард. Ашъори диловезу мондагори шоирони классик Рӯдакӣ, Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Туғрал ва муосир Мирзо Турсунзода, Шукӯҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ ва Ҷонибек Қувноқ ӯро беш аз пеш мутаваҷҷеҳ сохтанд. Шеърҳои шоирони номбурда аз репертуари ӯ ҷой гирифтанд. 
– Дӯсти наздикам, ҳамкасби меҳрубону покизакорам Асадулло дар муҳити савту суруд ба камол расид, садои махмалин дорад, сурудҳои ӯро пиру барно дӯст медоранд, – мегӯяд Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Абдуваҳҳоб Баҳриев. – Ӯ  овози форам дорад. Мухлисон аз сурудҳои ӯ ғизои маънавӣ мегиранд, муътақиди Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов мебошад. Чанде пеш дар хона-музейи Ҳоҷӣ Абдулазиз шаби эҷодӣ ва гиромидошти ӯ баргузор гардид. Асадулло бо сурудҳои дилошӯби классикӣ рӯҳи устодро шод кард.
Оре, қаҳрамони навиштаи мо Асадулло Атоуллоев якбора дар осмони санъат ба тобиш наомадааст. Дар олами санъат яке пайдо шудаву фаромӯш шудагон кам нестанд. Аммо Асадулло дар дунёи савту суруд ном ва эҳтирому эътибор пайдо кард.
Ҳоло писараш Комрон ва даҳҳо нафар шогирдон идомадиҳандаи кори ӯянд.  
– Устод Асадулло Атоуллоев санъаткори заҳматкашу сермаҳсул, аз ҳама муҳимаш, хоксор, ҳақгӯ ва дилёбу дарёдил аст, – мегӯяд ҳофизи шинохта Шерзод Узоқов. – Мо санъаткорони самарқандӣ Зулфия Рашидова, Иноятулло Раҳмонов, Бахтиёр Мавлонов ва Охунҷон ӯро устоди худ меҳисобем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: