БЕШАЗОР – ДАР КӮҲСОР

Фасли баҳор – фасли кишту кор ва албатта мавсими сабзонидани ниҳолҳои манзаравӣ ва меванок аст.

Бинобар ҳамин ҷамоаи аҳлу тифоқ ва сермиллати садорати идораи давлатии ҷангали вилояти Самарқанд  дар асоси лоиҳаи «Макони сабз» маъракаи ниҳолшинониро  бо тайёрии пухта ба поён расонданд.
– Дар тасарруфи идораи мо 10 ҳазору 537 гектар замин буда, аз он қариб 905 гектараш бешазор аст, – гуфт роҳбари идораи мазкур Зиёдулло Ҷамолов, – минтақаи мо дар шаш ноҳияи вилояти Самарқанд, ки дар доманакӯҳҳо ва талу ёнаҳои кӯҳсор ҷойгир шуда, танҳо ҳамин сол 475 гектар ҷангалзору бешазор бунёд шудааст.
Хушбахтона дар моҳи март ҳаво сербориш омад ва қариб ҳамаи ниҳолҳои манзаравӣ ва меванок сабзиданд.
– Зиёдулло Ӯроқович, ниҳолҳоро аз куҷо пайдо мекунед?
– Дар тасарруфи идораи мо хоҷагии ниҳолпарварӣ вуҷуд дошта, беш аз 15 гектар майдони обёрӣ дорад. Ана дар ҳамон ҷо ниҳолҳои гуногуни мевадор ва манзаравӣ парвариш ёфта, ба ноҳияҳои вилояти Самарқанд тақсим мешаванд.
Дар асоси лоиҳаи «Макони сабз» дар ҳудуди вилоят беш аз 16 миллиону 400 ҳазор бех ниҳоли манзаравӣ ва меванок сабзиданд, ки ба он идораи мо  саҳми арзанда гузоштааст.
Танҳо дар ҳудуди Чӯпонато  186 гектар майдони бекорхобида сабз хоҳад шуд. Барои обёрӣ аз хазинаи давлатӣ 8 миллиард сӯм ирсол гардид.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ сарвари давлатамон ба Самарқанд ташриф оварда, аз корҳои васеи ободу зебо гардонидани боғбон хурсанд шуданд.
Имрӯзҳо садҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон аз шафати Чӯпонато гузашта бо ҳавас ба ниҳолу қаламчаи гулбутта менигаранд.
Боз мехохам ба мухлисони бешумори рӯзнома расондам, ки дар доманакӯҳҳои Ургут, Самарқанд ва Пастдарғам боғҳои мевадор бунёд шудааст, ки баъди 3-4 сол ҳосил мекунанд. Зеро Президентамон дар назди мо вазифа гузоштаанд, ки дар кӯҳсор чормағз, бодом, писта, тути балхӣ, зардолу, нок ва ғайра парвариш намоем. Дар як гектар майдони бекорхобида 500 бех ниҳоли писта парвариш карда, барои ҳар як ниҳол 25 литр об бо нилҳои махсус чакра-чакра обёрӣ мешаванд.
– Солҳои гузашта дар коғаз миллионҳо бех ниҳолҳои манзаравӣ ва меванок гӯё «сабзиданд», ки оқибат миси кори дурӯғини изофанависон фош шуд...
– Иншоаллоҳ, замона ва мо низ дигар гардида, бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарвари давлатамон масъала ранги дигар гирифт.
Шахсан ман ва зердастон ҳар рӯз аз нашъунамо ва дар асоси қоидаҳои агротехникӣ парвариш ёфтани ниҳолҳои манзаравӣ ва меванокро назорат мекунанд. Агар ягон бех ниҳол хушк шавад, барои гунаҳкор  ҷазо ва ҷарима муқаррар шудааст.
Воқеан дар омади гап бояд таъкид кард, ки камина бисёр китобҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ мутолиа намуда, борҳо хондаам, ки дар солҳои қаҳтӣ мардум маҳз хушкмева истеъмол карда, аз гуруснагӣ эмин мондаанд. Сонӣ мева хӯрокҳои серғизо ва шифобахш ба ҳисоб меравад. Афсӯс, ки баъзе шахсони кутоҳандеш ҳатто дар назди ҳавлӣ ё сари кӯча ду бех ниҳолу қаламчаи гулбутта парвариш намекунанд. Агар аз  нуқтаи назари динӣ гирем ҳам, аҷру савоби сабзонидани ниҳолҳо бештар аст.
Дар кӯҳсор  пайдоиши бешазор натанҳо барои мардум, инчунин паррандаҳо ва ҳайвоноти ваҳшӣ низ фоиданок мебошад. Зеро хӯрок афзоиш меёбад ва шумораи онҳо бешак  зиёд хоҳад шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,  
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: