МАСЪАЛАҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАБАХШИИ ЭНЕРГИЯ БАРРАСӢ ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои баланд бардоштани самаранокӣ дар соҳаи сӯзишворию энергетикӣ ва оптимизатсияи истеъмоли энергия ҷамъомад баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои баланд бардоштани самаранокӣ дар соҳаи сӯзишворию энергетикӣ ва оптимизатсияи истеъмоли энергия ҷамъомад баргузор намуд.

Мамлакати мо дар рушди босуръати иқтисодиёт дар назди худ вазифаҳои бузург гузошт. Ин ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикӣ, истифодаи самарабахши захираҳои мавҷударо талаб мекунад.

Масалан, дар Ӯзбекистон барои офаридани маҷмӯи маҳсулоти дохилии арзишаш як ҳазор доллар назар ба кишварҳои пешрафта 2-3 баробар зиёд энергия сарф мешавад. 44 фоизи талаботи солона ба маҳсулоти нафтӣ аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Ба ин хотир дар маҷлис масоили дар солҳои оянда 2-2,5 маротиба коҳиш додани истеъмоли нерӯи барқ баррасӣ шуд.

Зарурати мутобиқ кардани техникаи кишоварзӣ ва мошинҳои боркаши кишоварзӣ барои кор бо газ қайд карда шуд. То охири соли равон 3 таҷҳизоти истеҳсоли омехтаи пропан-бутан ва заводи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ (GTL) ба кор дароварда мешаванд. Дар натиҷа воридоти сӯзишвории реактивӣ, дизелӣ ва гази табии моеъ пурра иваз карда мешавад.

40 фоизи қувваи барқи дар мамлакати мо истеҳсолшуда барои гармидиҳӣ ва равшанӣ истифода мешавад. Дар ин раванд исроф низ зиёд аст. Масалан, дар Ӯзбекистон барои гарм кардани 1 метри мураббаъ майдон ба ҳисоби миёна 400 киловатт соат нерӯи барқ ​​истифода шавад, дар кишварҳои пешрафтаи шароити иқлимаш  шабеҳ бошад,  - 170 киловатт-соат харҷ мегардад.

Дар ин замина оид ба истифодаи васеи технологияҳои каммасраф дар тарҳрезӣ ва сохтмони биноҳои бисёрошёна, ҷалби сармояи хориҷӣ барои баланд бардоштани самаранокии энергетикии иншооти иҷтимоӣ супоришот дода шуданд.

Дар ҷараёни таҳлили истеъмоли энергия дар саноат вазифа гузошта шуд, ки оид ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар соҳаҳо ва ҷабҳаҳо барномаи чорабиниҳо таҳия карда шавад. Бинобар омӯзиши самаранокии энергетикии 285 корхонаи азими саноатӣ бо ҷалби созмонҳои байналмилалии аудити энергетикӣ, инчунин паст кардани тарифҳои нерӯи барқ ​​барои соҳибкороне, ки дар се баст, 1,5 маротиба барои сменаҳои шабона фаъолият мекунанд,  супоришот дода шуданд.

Манбаъҳои барқароршавандаи энергия - яке аз захираҳои азим, аммо то ҳол пурра истифода нашудаанд. Албатта, дар ибтидо, ин сектор хароҷоти калон талаб мекунад. Аммо, ин  имкони дар оянда ҳаллу фасл намудани мушкили нарасидани гази табиӣ ва нафт, ҳадди аққал ду маротиба сарфа намудани хароҷоти истеъмолкунандагонро фароҳам орад, сазовори эътимод хоҳад буд.

Масалан, агар дар 150 ҳазор хона панелҳои офтобӣ ва низоми обгармкунӣ насб карда шаванд, ин имкон медиҳад, ки дар як сол 319 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда шавад.

Аҳамияти ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз нав дида баромадани қонунгузорӣ ва фароҳам овардани шароити иловагӣ барои истеъмолкунандагон дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ таъкид шуд. Масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоягузории мустақим ба саноат, сохтмони нерӯгоҳҳои офтобии фотоэлектрикӣ ва бодӣ дар минтақаҳо баррасӣ карда мешаванд.

Масоили татбиқи васеи системаи автоматикунонидашудаи баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи қувваи барқ ​​ва гази табиӣ низ баррасӣ шуд.

Бо дарназардошти норасоии маблағ дар корхонаҳои маҷмӯи сӯзишворию энергетикӣ аз сабаби карантин оид ба дастгирии молиявӣ ва афзун намудани сармояи корӣ тадбирҳо муайян шуданд.

Шахсони масъул оид ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: