САЛОМАТИИ ШАҲРВАНДОН – МАҚСАДИ АСОСИИ МО

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои дунё бо сабаби паҳн гардидани пандемия вазифа ва масъулияти шифокорон сад андар сад зиёд гардид.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои дунё бо сабаби паҳн гардидани пандемия вазифа ва масъулияти шифокорон сад андар сад зиёд гардид. Зеро агар беморе барои шифо ҷустан ба шифохона ояд ва ё аз ягон ҷиҳат муроҷиат намояд, шифокорон албатта ва бе чуну чаро дар хидмати онҳо омода мебошанд. 
Ба ин хотир бояд эътироф намуд, ки мо ҳарчанд кӯшиш ба харҷ диҳем ҳам, дар навбати аввал аз худи шаҳрвандон масъулияти зиёд талаб карда мешавад. Бояд шаҳрвандон ба қоидаҳои карантин қатъиян риоя намоянд. Яъне, пеш аз ҳама ба саломатии худ бояд бефарқ набошанд. Дар навбати дигар барои он ки сиҳату саломат бошанд, бояд ба қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ низ ҳатман амал намоянд. Чунончи, дастҳои худро мунтазам бо собун бишӯянд, пӯшидани ниқобро фаромӯш насозанд ва масофаи байниҳамдигариро низ нигаҳ доранд.
Ин маънои онро дорад, ки бояд ҳар яки мову шумо нисбат ба тозагиву саломатии худ, ки чун обу ҳаво бароямон зарур аст, набояд бепарво бошем. Дарвоқеъ, хоҳ дар кӯча ва хоҳ дар хона, баҳри беҳдошти саломатии аҳли оила ва наздикони худ эҳтиёткориро аз даст надиҳем.
Имрӯзҳо дар шифохонаи бемориҳои сироятии ноҳияи Сариосиё чандин нафар беморони «COVID-19» ва ба ин беморӣ гумондоршудагон табобат мегиранд. Шифокорон бо ҳар як бемор шабу рӯз дар робита буда, кӯшиш менамоянд, ки ҳар як нафари онҳо бо розигии хеш аз ин даргоҳ берун раванд.
Ҳоло ба ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ гуфтанием, ки ин беморӣ касбу кор ва ё синну солро интихоб наменамояд. Фарқ надорад ва ё гуфта наметавонем, ки фардо ин бемории нохонда ба сари кӣ меояд. Аз ин рӯ, бояд ҳамагон пайи рафъи ин беморӣ аз як гиребон сар бароварда, ҳаракат намоем, ки ҳарчи тезтар аз ин балои дар чашм ноаён раҳо ёбем. Муҳимтар ин ки ба воҳима наафтода сабру тоқатро пеша намоем.
Инчунин гуфтанием, ки баҳри шифои беморон аз тарафи ҳукуматамон ҳамагуна шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Вазифаи мову шумо аз он иборат аст, ки ҳамеша саломатии худро посдор бошем.
Инчунин, ба қоидаҳои карантин ва чораву тадбирҳое, ки баҳри эҳтиёт шудан аз гирифтории ин беморӣ дида мешавад, сари вақт бояд амал намоем.
Танҳо дар ҳамин сурат метавонем аз ин бало, офат ва ё беморӣ ғалаба намоем. Ба ҳар ҳол аз ҳама  хоҳиш карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ ба воҳима наафтанд. Беҳуда ба кӯча набароед ва ба қоидаҳои карантин амал намуданро фаромӯш насозед. Чунки агар шумо сиҳату саломат бошед, дар он сурат мо – шифокорон низ нафаси сабук мекашем. Чунки саломатии шумо мақсади асосии мо нест магар?! 

Ғафурҷон ИСМОИЛОВ, шифокори дараҷаи олии шифохонаи бемориҳои сироятии ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: