Ҳифзи муҳити атроф, истифодабарии оқилона аз захираҳои табиӣ ва таъмин кардани бехатарии экологӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини рӯз аст.
Мӯътадилона идома ёфтани ҳаёт дар рӯйи Замин аз бисёр ҷиҳат ба ҳолати табиии атмосфера вобаста мебошад. Яке аз механизмҳои муҳими табиии ҳимоя ин қабати озон аст. Ҳар сол 16 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон қайд меёбад.
Қабати озон чаро муҳим? Озон газест, ки аз се атоми оксиген тарки бёфта, дар қабати стратосфераи атмосфера дар ҳолати ғуншуда (консентратсия) вомехӯрад. Ин қабат рӯйи Заминро аз нурҳои зарарнок – ултрабунафши Офтоб ҳимоя мекунад. Агар нурҳои ултрабунафш ба организми инсон аз меъёр зиёдтар таъсир кунад, ба саломатӣ хатари ҷиддӣ дорад. Хусусан, хавфи гирифторшавӣ ба бемориҳои пӯст, чашм, низоми иммун меафзояд. Инчунин пурқувватшавии нурҳои ултрабунафш ба растаниҳо, наботот, эконизоми баҳру хушкӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин рӯ, ҳифзи қабати озон на фақат барои экология, балки баҳри саломатии инсон ва рушди муътадили ҷамъият низ аҳамият дорад.
Сабаби халалдоршавии қабати озон дар чист?
Дар натиҷаи тараққиёти саноат ва технология дар асри гузашта моддаҳои гуногуни ба қабати озон зараровари кимиёвӣ ба атмосфера баромад. Хусусан пайвастҳои карбон (хлорфторкарбонҳо), галон ва моддаҳои дигар ба қабати озон таъсири ҷиддӣ расонд. Пайвастагиҳое, ки ба атмосфера партоб шудаанд, ба стратосфера рафта расида, бо таъсири нури Офтоб ба парчашавии молекулаи озон иштирок карданашон мумкин аст.
Дар натиҷа дар атмосфера консентратсия (зичӣ)-и озон кам шуда ҳудуди «сӯрохии озон» ба вуҷуд омадаанд. Ин ҳолат аҳли башарро водор намудааст, ки бобати ҳифзи қабати озон чораҳои қатъӣ ва самаранок андешад.
Дар таърихи ҳифзи қабати озон Протоколи Монреал, ки 16 сентябри соли 1987 қабул шудааст, аҳамияти ҷудогона дорад. Ин созишномаи байналмилалӣ ба масъалаи марҳила ба марҳила маҳдуд кардани истеҳсол ва истеъмоли моддаҳои маҳвкунандаи озон нигаронида шудааст. Протоколи Монреал яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими экологӣ аст, ки давлатҳои зиёдро дар атрофи мақсади умумӣ муттаҳид кардааст. Дар натиҷаи амалӣ гаштани он истифодабарӣ аз моддаҳои несткунандаи озон ба дараҷаи эҳсосшаванда маҳдуд гардид.
Ҳифзи қабати озон бо мубориза зидди дигаргуниҳои иқлим алоқаманд аст. Аз ҳамин сабаб аз онҳо марҳила – ба марҳила рӯ гардондан на фақат ба барқароршавии қабати озон, балки ба ҳифзи иқлими глобалӣ низ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳоло гузаштан ба технологияи бехатари экологии хунуккунӣ, истифодабарӣ аз сохторҳои самараноки энергия ва ҷорӣ кардани стандартҳои экологии муосир вазифаи муҳим аст. Ҳифзи қабати озони стратосфераи Замин ташаббуси муҳими байналмилалӣ буда, вазифаҳои он дар конвенсияи Вена «Дар бораи ҳифзи қабати озон» моҳи марти соли 1985 тасдиқ шудааст. Ӯзбекистон Конвенсияи Венаро моҳи майи соли 1993 ратификатсия кардааст. Ин масъала аз ҷониби мамлакатҳои ҳамҷамъияти дунё омӯхта шуда, 16 сентябри соли 1987 оид ба масъалаи глобалии ҳифзи қабати озон ҳуҷҷати муҳим арзи вуҷуд кард.
Моддаҳои 19 ва 20-и қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба масъалаҳои қабати озон бахшида шудааст.
Ҳифзи қабати озон вазифаи фақат созмонҳои байналмилалӣ, идораҳои давлатӣ, ё ки корхонаҳои саноатӣ нест. Дар ин ҷараён маданияти экологии ҳар як шаҳрванд аҳамияти муҳим дорад.
Пешгирӣ кардани ба атмосфера хориҷ шуда рафтани моддаҳои хунуккунии воситаҳо аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳиманд. Инчунин интихоб кардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар, сарфаю сариштакорона истифода бурдани захираҳои энергия, ҷобаҷогузории дурусти партов ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат қисми ҷудонашавандаи масъулияти умумиэкологист.
Ба ҷавонон дар бораи аҳамияти қабати озон дар ҳаёти инсон, сабабҳои маҳвгардии он, аҳамияти ҳифзи табиат маълумот дода, шууру масъулияти онҳоро нисбати экология боло бардоштан мумкин аст. Зотан маданияти экологии имрӯза асоси муҳити солими фардо мебошад.
16 сентябр – Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон ин санаи хушку холӣ набуда, балки тадбири экологиест, ки инсониятро ба дарки масъулият назди табиат водор месозад.
Ҳифзи қабати озон ин ҳифзи саломатии инсон, табиат ва авлоди оянда аст. Дар ин бобат бояд ҳар яки мо саҳм гузорем.
Нодир Ибодов,
мудири шуъбаи Садорати
экология ва тағйирёбии
иқлими вилояти Бухоро.