Сарвазири Ўзбекистон Абдулла Арипов ба Афғонистон рафт. Дар ин бора хабаргузории "Ariana News" хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Абдулла Ариповро дар фурудгоҳи Кобул муовини нахуствазири ҳукумати муваққати “Толибон” дар умури маъмурӣ Абдул-Салом Ҳанафӣ ва вазири саноат ва тиҷорат Нуруддин Азизӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳайат дар ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон ва анҷумани тиҷоратӣ, ки 17 август дар Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор шуд, ширкат кард.