Аз ниҳол то оянда: Қадамҳои сабзи Ӯзбекистони Нав

Сатҳи умумии замини вилоят 40 миллиону 20 ҳазор гектарро ташкил мекунад. Бинобар таҳлилҳо дар асоси индекси № DVI саҳми минтақаҳои сабзи вилоят ба 11,0 фоиз баробар аст. Аз ҷумла дар шаҳри Бухоро саҳми сабзазоркунии ҳудуд ба 9,0 фоиз мерасад. Дар айни замон дар ҳудуди вилоят 83-то «Боғи сабз», «Боғи ҷамоатии сабз» ва «Боғи истироҳатӣ» мавҷуд буда, сатҳи умумии онҳо ба 282,51 гектар баробар аст. Аз ҷумла 27-то боғ – сатҳи умумиашон 153,8 гектар дар шаҳри Бухоро воқеъ гаштааст.

Бо мақсади ба аҳолӣ фароҳам овардани муҳити мусоиди экологӣ, васеътар намудани ҳудуди сабз ва беҳтарнамоии сифати ҳаво ҳар сол фаслҳои баҳору тирамоҳ дар доираи Барномаи умумимиллии «Макони сабз» мувофиқи шароити иқлим ниҳолҳои мевадору манзаравӣ, инчунин кӯчатҳои буттавӣ шинонда мешавад. Хусусан мавсими баҳори соли ҷорӣ 6 млн. 428 ҳазор бех ниҳол ва кӯчат шинонда шуд, ки ин нисбати нақша 5млн. 948 ҳазор бех ба 108 фоиз баробар аст. Ҳамин тариқ бо мақсади дар гирду атрофи корхонаҳои бузурги ҳудуди вилоят таъмин кардани бехатарии экологӣ, маҳдудсозии таъсири моддаҳои зарарнок дар таркиби атмосфера, инчунин дар атрофи корхонаҳо созмон додани минтақаҳои санитарию ҳимоякунӣ 356,98 ҳазор бех ниҳол шинонда шуда, «тасмаи сабз» барпо гардид.

Дар вилоят 14-то корхонаи хоҷагии ҷангалпарварӣ фаъолият дошта, онҳо дар тасарруфи худ 544,08 ҳазор гектар замин доранд. Аз ҷумла, ҷангалзорҳо 312,9 ҳазор гектар, майдонҳои обёришаванда 195 гектар, дашт 28,1 ҳазор гектар, заминҳои тоифаи дигар 8,08 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд. Бо мақсади фарохтар намудани сатҳи сабзазорҳои ҳудуди хоҷагиҳои ҷангалпарварӣ, азнавбарқароркунии ҷангалзорҳои мавҷуда мунтазам ҷараёни корҳо сурат мегиранд.

Дар вилоят бо мақсади таъмин кардани барқарории экологӣ, фарохтар намудани ҳудуди майдонҳои сабз, пешгирӣ кардани ҷараёни чӯлшавӣ, инчунин барои аҳолӣ фароҳам овардани муҳити қулайи экологӣ тадбирҳои пешомаднок андешида мешавад.

То соли 2030 дар ҳудуди вилоят 1млн. 200 ҳазор гектар майдон ба сабзазор табдил дода шуда, барномаи ба 30 фоиз расондани ҳудудҳои сабзи вилоят таҳия мегардад. Дар доираи барнома – мавзеъҳои аҳолинишин омӯхта шуда, ҳудудҳои иловагии сабзгардонӣ муайян карда мешавад, дар шаҳр ва ноҳияи Бухоро иборат аз 200 гектар майдон ҳудудҳои сабз созмон меёбад.

Дар 100 гектари ин майдон боғи дендрология, дар 100 гектари дигараш боғи ботаникӣ барпо карда мешавад,  то охири соли 2026 дар майдони умумии 7,51 гектар бунёд кардани 13 «Боғи сабз» пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади бароҳмонии истифодабарии самаранок аз боғҳои дендрологию ботаникӣ, баргузор намудани машғулиятҳои амалӣ, омӯзиш ва пажӯҳиши навъҳои растаниҳои ба шароити иқлим мувофиқ чорабиниҳо оиди ба тасарруфи «Техники «сабз» гузаронида мешаванд.

Дар 13 шаҳру ноҳияи вилояти Бухоро (дар ҳар як ҳудуд даҳтогӣ) ҷамъ 130-то кӯчаи соядори сайр созмон дода мешавад. Ба воситаи ин дар мавсими гарми тобистон барои аҳолӣ роҳҳои пиёдагардӣ ва минтақаҳои истироҳаткунӣ сохта мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳо микроиқлим беҳтар мегардад.

Дар давоми солҳои 2026-2027 дар ҳудуди вилоят ниҳолҳои манзаравию мевадори ба шароити иқлим мувофиқ 31,3 млн. бех шинонда мешавад.

 

 

Васеътар намудани ҷангалзорҳо ва зиёдтар намудани аҳамияти экологии онҳо дар назар аст. Бо ин мақсад ва мубориза ба муқобили чӯлшавӣ ва эрозияи хок,  ҳар сол дар 58,2 ҳазор гектар майдон ҷангалзорҳо бунёд мегардад, дар бешазор дар 230 гектар майдон чораҳои сарфакунии об ва пешгирии бодлесӣ (эрозия)-и замин дида мешавад, дар 174,3 гектар майдон плантатсияҳои растаниҳои дорувор созмон меёбад.

Дар давоми солҳои 2026-2027 дар шафати роҳи оҳани ҳудудҳои бо вилояти Навоӣ ҳамсарҳад ва дар атрофи роҳи автомобилгарди сӯи аэропорти барпошавандаи мавзеи «Ӯртачӯл»-и ноҳияи Бухоро бунёд кардани «тасмаҳои сабз» ба нақша даромадааст. Ин «тасмаҳои сабз» нафақат бо мақсади сабзазоркунии ҳудудҳо, балки барои ҳифзи эрозия шамол (бодлесӣ) ва регкӯчӣ, инчунин баҳри тозакунии ҳавои атмосфераю дар атрофи роҳ ташаккулёбии минтақаҳои ҳимояи экологӣ хидмат мекунад.

Шароити табиии иқлими вилояти Бухоро, хусусан дар дашту саҳро регкӯчӣ, бӯрони чангу хок барин хатарҳои экологӣ гоҳ-гоҳ ба амал меояд. Ба ҳамин муносибат муайян кардани ҳудудҳои дахлдор, дар он майдонҳо бо мақсади ҳифз намудани растаниҳо ва афзоиш додани онҳо, васеътар кардани масоҳати қитъаҳои ҳимояшаванда низоми корҳо, чорабиниҳо амалӣ гардонда мешавад. Аз ҷумла, дар лаби роҳҳои автомабилгард хатти ҳимоя аз бӯрони хок созмон меёбад, дар атрофи роҳи автомобилгарди байналмилалии А-380 ва дигар роҳҳои асосии автомобилгард қитъаҳои кӯчидани хок муайян карда шуда, он ҷо долони ҳимоя аз хок созмон меёбад.

Қад-қади роҳҳои оҳан ҷангалзорҳои ҳимоя ва бо мақсади нигоҳдории ҳаракати регу хок хатти ҳимоя сохта мешавад, бо мақсади пешгирии кӯчидани хок фақат бо ниҳолшинонӣ маҳдуд нашуда, ба нигаҳдорӣ ва барқароркунии растаниҳои дашт эътибор меафзояд.

Мо дар ин бора ба сардори Садорати экология ва тағйирёбии иқлими вилоят Ҷасур Абдуллоев рӯ овардем.

– Ҷасур Убайдуллоевич, дар доираи тадбирҳои амалии Барномаи давлатии соли 2026 дар қатори дигар вилоятҳо дар вилояти Бухоро низ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ бо рақамҳои мушаххас барпо намудани боғу деворҳои сабз, боғҳои ботаникию дендрологӣ дар майдонҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи хушкидаи баҳри Арал шинондани ниҳолҳо таъкид ёфтааст. Ин нақшаҳо кай ҷомаи амал мепӯшанд?

– Албатта, мо дар ин бора чораҳои зарурӣ меандешем ва ният дорем, ки дар мавсими тирамоҳ онро амалӣ созем, – гуфт вай.

Чи хеле ки таъкид ёфт, дар вилояти Бухоро бобати барқарории экологӣ ва қавитар гардондани ҳифзи муҳити атроф эътибори назаррас ба чашм мерасад.

То соли 2030 дар вилоят ба 30 фоиз расондани ҳудудҳои сабз, истифодабарии оқилона аз захираҳои табиӣ, маҳдудсозии таъсири манфии чӯлшавию регкӯчӣ ва беҳтарсозии муҳити экологӣ вазифаи асосӣ аст.

 

Амрулло Авезов,

хабарнигори

«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: