Тавлиди муҳаббат

Шоири шинохтаи ӯзбек Сироҷиддин Рауф хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тошканд буда, фаъолияти меҳнатиашро дар рӯзномаи вилоятии «Қашқадарё» ба сифати мусаҳҳеҳ оғоз бахшидааст.

 Баъде тақдир ӯро ба Тошканд пайваст, дар рӯзномаҳои «Туркистон», «Инсон ва қонун», «Биржа», «Ҷамъият», дар маҷаллаҳои «Тафаккур», «Ҳаёт ва қонун» ба ҳайси мудири шуъба, ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррир, дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ба сифати котиби масъул хидмат намуд. Алъон сармуҳаррири маҷаллаҳои «Шарқ юлдузи» ва «Звезда Востока» мебошад.

Маҷмӯаҳои шеъриаш «Моҳе, ки мегиряд», «Гунбази сабз», «Шумо ба ман даркор», «Ташриф», «Нақшҳои нилӣ», «Ман як шаҳрванд», ҳамчунин китобаш барои бачаҳо «Мусобиқаи аҷиб» аз чоп баромадаанд. Вай ба ҳайси мутарҷим ашъори ҷудогонаи Иван Бунин, Евгений Евтушенко, Иван Франко, Леся Украинка ва дигаронро аз русӣ ба ӯзбекӣ баргардондааст. Ба наздикӣ аз ҷониби нашриёти «Саҳҳоф» китоби наваш бо унвони «Зар ҳам худат, заргар ҳам худат» ба дасти хонандагон расид, ки мақолот, эссе, суҳбату тақриз ва қайдҳои солҳои гуногун иншокардаашро фаро гирифтааст. Дорандаи  медали «Шуҳрат» мебошад.

Сироҷиддин РАУФ

БА РОҲИ МАН НАРУСТ ОН ГУЛ, КИ ДИЛ ҶУСТ

Сар омад сабр, аммо роҳи ман дур,

Умеди роҳпаймоям ятим аст.

Дили чун кӯҳ пурбардошт, дардо,

Чу кӯли об чашми ман, дуним аст.

Сар омад сабр, аммо роҳи ман дур.


Умеди роҳпаймоям ятим аст,

Маро бинмуд саргардон саробе.

Шинос он роҳҳои дерин, аммо,

Равонам бо раҳи пурпечутобе.

Умеди роҳпаймоям  ятим аст.

 

Дилам холист, чашмам кӯли об аст,

Муроде нест ҳосил аз чунин кор.

Ба роҳи ман наруст он гул, ки дил ҷуст

Бақо дар даҳр неву бевафо ёр,

Дилам холист, чашмам кӯли об аст.

ФАНД

Туӣ дар ғафлат аз дирӯза умрат,

Ба ҳам монанд ин рӯзони бенур.

Зибаски бохтӣ имкон ту дирӯз

Набошӣ ҳеч аз имрӯз дилпур.

 

Такон бар пеш бидҳад ҳар дақиқа,

Нишинад офтоб,ояд саҳаргоҳ.

Зи даври пеш мондаст ин ақида –

Фишор орад ба дил санги қади роҳ.

 

Ту вақте интизори рӯзи хубӣ,

Набитвонӣ, ки бепарво ниҳӣ пот.

Вале нохост фаҳмӣ, хӯрдаи фанд

Дурӯғин ваъда гар будаст фардот.

СУБҲДАМ

Чу ширин хобҳоямро бинӯшид,

Бишуд шаб пир.

Бишуд шаб пир.

Чу чашми хешро  оҳиста пӯшид,

Бишуд испед мӯю ришҳояш.

В-аҷаб ҳоле,

Чӣ сир ин ҷо,

Ки лол ақл аст, мӯъҷизаст:

Намояд маҳв оламро шаби пир

Ба нури ҳусн,

Бо рангин ҷамоле!

ДАР ДИЛИ ШАБ

Ба сӯи хонаи худ рафт хуршед,

Набикшоянд дигар мурғакон лаб.

Дар оғӯши сукунат монд ҳастӣ,

Садоеро ту гӯйӣ зор ин шаб.

 

Зи худ пурсем андар қаъри зулмат

Куҷо он рӯйи зебо, он тароват?

Чу шаб торик, дар пеши нигоҳат

Насозад мурғаке дигар тиловат.

 

Ғами беҳуда дилро мефишорад,

Пареш афкор, ҳис бар ҷанда монад.

Бихандад субҳ бар ҳоли ману зуд

Шаби торикро аз дар биронад.

ТАВЛИДИ МУҲАББАТ

Зи боғи осмон истораи шӯх

Бирезад бар замин гулханда, оваҳ.

Зи дил, ки рӯ ба оби ханда шустаст,

Муҳаббат мешавад тавлид ногаҳ.

 

Зи рӯйи ту бипурсад нур маҳтоб,

Навозад бод мӯҳои туро боз.

Ман астам соҳиби он қалби бедор,

Назар бар рӯйи ин навзод андоз.

 

Чӣ сон ин тифл, к-исми он Муҳаббат

Ба меҳри туст ташна, бо ту ҳур аст.

Муҳаббат ҳусни умру даҳр бе он

Гадои ҷандапӯши чашмкӯр аст.
 

Мутарҷим Ш. МУҲАММАД

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: