Гарчанде маҷмаа бо ҳадафи фароҳам овардани шароити муносиб барои кӯдакон бунёд шудааст, имрӯз аз имкониятҳои он наслҳои гуногуни сокинони маҳалла низ баҳра мебаранд.
Дар кишвари мо ба ғамхории махсус нисбат ба кӯдакони дорои маъюбият, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои иштироки фаъолашон дар таҳсил, варзиш, фарҳанг ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа дар баробари ҳамсолонашон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Зеро дар давраи кӯдакӣ на ба маҳдудиятҳои инсон, балки ба қобилияту истеъдоди ӯ таваҷҷуҳ кардан ва барои он ки худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос намояд, мусоидат кардан муҳим аст.
Маҷмааи инклюзивии варзишие, ки дар маҳаллаи ба номи Фитрати шаҳри Хонобод мавриди истифода қарор гирифт, далели амалии чунин ғамхорист. Ҷолиби диққат аст, ки идеяи бунёди ин маҷмаа, ки арзиши он 1 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, аз ташаббуси шахсии корманди хадамоти иҷтимоии маҳалла Давронбек Акромов сарчашма гирифтааст.
— Дар ибтидо қасд доштам ин корро аз ҳисоби худ анҷом диҳам, — мегӯяд Давронбек Акромов. — Ҳадафам фароҳам овардани шароити муносиб барои он буд, ки кӯдакони дорои маъюбияти маҳалла озодона ба варзиш машғул шаванд. Вақте ҳаммаҳаллаҳоямон аз ин ташаббус огоҳ шуданд, онро дастгирӣ карданд ва мо тасмим гирифтем, ки лоиҳаро дар миқёси васеътар амалӣ созем. Бо ин мақсад якҷо бо аҳолӣ овоз ҷамъ карда, дар раванди «Буҷети ташаббусӣ» иштирок намудем ва ба қатори ғолибон шомил шудем. Дар натиҷа имкони бунёди майдончаи варзишии пӯшида ва майдончаи инклюзивии «Workout» барои кӯдакон фароҳам омад.
Акнун дар ин ҷо на танҳо кӯдакони дорои маъюбият, балки кӯдакони солим низ метавонанд ба варзиш машғул шаванд. Якҷо машқ кардан, бо ҳам муошират намудан ва вақти худро якҷоя гузаронидан ба таъмини баробарии кӯдакони дорои маъюбият дар ҷомеа, таҳкими эҳсоси меҳру эҳтиром нисбат ба онҳо мусоидат мекунад.
Ҳарчанд маҷмаа бо назардошти ниёзҳои кӯдакон бунёд шудааст, аз имкониятҳои он сокинони маҳалла аз наслҳои гуногун низ истифода мебаранд. Хусусан субҳи барвақт дар ин макон метавон мардону занони солмандро дид, ки бо машқҳои ҷисмонӣ машғуланд.
Пас, ташаббусе, ки аз нияти неки як нафар оғоз ёфт, ба шарофати ҳамдилию ҳамбастагии сокинони маҳалла ба макони ободе табдил ёфт, ки ба манфиати ҷомеа хизмат карда, тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамояд ва шаҳрвандони синну соли гуногунро ба ҳам меорад.
Саминҷон ҲУСАНОВ,
«Халқ сўзи».