Ҳарорати уқёнусҳои ҷаҳон рекорди таърихиро нав кард

Хадамоти «Copernicus» оид ба назорати тағйирёбии иқлим хабар дод, ки ҳарорати миёнаи сатҳи уқёнусҳои ҷаҳон ба сатҳи бесобиқа баланд шудааст.

Тибқи маълумоти хадамот, ҳарорати миёнаи сатҳи уқёнусҳои ҷаҳон ба 21,1 дараҷа расида, рекорди қаблии 21,09 дараҷа, ки моҳи марти соли 2024 ба қайд гирифта шуда буд, шикаст.
Мутахассисони «Copernicus» таъкид мекунанд, ки ин нишондиҳанда ба тамоюли дарозмуддати афзоиши ҳарорати миёнаи уқёнусҳо мувофиқат мекунад. Ба гуфтаи онҳо, ин раванд ҳамчунин ба падидаи «Эл-Ниньо», ки дар уқёнуси Ором мушоҳида мешавад, иртибот дорад.
Иқлимшиносон ба замони ба қайд гирифтани ин рекорд низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Одатан баландтарин ҳарорати оби уқёнусҳо моҳҳои марту апрел, пас аз анҷоми тобистон дар нимкураи ҷанубӣ, мушоҳида мешавад. Аммо имсол ҳарорати оби баҳру уқёнусҳо қариб ҳар рӯз рекордҳои нав мегузорад.
Ба гуфтаи мутахассисон, ин вазъ метавонад нишонаи он бошад, ки гармӣ дар уқёнусҳои ҷаҳон ба таври устувор ҷамъ шуда истодааст, хабар медиҳад  Kazinform.
Директори банақшагирии стратегии Маркази аврупоии пешгӯии обу ҳаво дар дурнамои миёна (ECMWF) Саманта Бёрджесс мегӯяд, ин рекорд боз як далели афзоиши фишор ба уқёнусҳои ҷаҳон мебошад.
«Падидаи Эл-Ниньо ба низоми иқлим гармии иловагӣ ворид мекунад, аммо он ҳамзамон бо гармшавии глобалӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон ба вуҷуд омадааст, сурат мегирад. Бо боло рафтани ҳарорати уқёнусҳо, хатари таҳдид ба экосистемаҳои баҳрӣ ва ҷамоатҳои соҳилӣ низ меафзояд», — гуфтааст ӯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: