Таркиби мунтахаби U-23-и Ӯзбекистон барои Бозиҳои Осиё маълум шуд

Таркиби ниҳоии мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Ӯзбекистон барои иштирок дар Бозиҳои Осиё эълон гардид. Ба ҳайати даста дар маҷмӯъ 23 футболбоз шомил шудаанд.

Мунтахаби Ӯзбекистон дар мусобиқаи бонуфузи қитъавӣ дар гурӯҳи «С» қарор дошта, барои роҳ ёфтан ба марҳилаи плей-офф бо се рақиб рақобат мекунад.
Дарвозабонҳо: Самандар Муратбаев («Насаф»), Максим Муркаев («Пахтакор»), Умар Рустамов («Олимпик Мобиуз»).
Муҳофизон: Ғиёсҷон Ризақулов («Қизилқум»), Дилшод Муртазоев («Насаф»), Қувончбек Хушвақтов («Насаф»), Дилшод Абдуллаев («Пахтакор»), Диёрбек Абдуназаров («Насаф»), Рӯзибой Файзуллаев («Олимпик Мобиуз»), Саидхон Ҳамидов («Олимпик Мобиуз»).
Нимҳимоятгарон: Равшан Хайруллаев («Бухоро»), Муҳаммадалӣ Реймов («Локомотив»), Саидумархон Саиднуриллаев («Металлург»), Сардор Баҳромов («Насаф»), Оллоберган Каримов («Сӯғдиёна»), Азизбек Тӯлқинбеков («Бунёдкор»), Ойбек Урмонҷонов («Динамо»), Асилбек Ҷумаев («Нефтчӣ»), Муҳаммадалӣ Ӯринбоев («Антверпен»).
Ҳамлагарон: Шодиёр Шодибоев («Локомотив»), Фирдавс Абдураҳмонов («Динамо»), Нурлан Ибраимов («Локомотив»), Амирбек Саидов («Сӯғдиёна»).
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби U-23-и Ӯзбекистон дар гурӯҳи «С»-и Бозиҳои Осиё бо мунтахабҳои Филиппин, Кувайт ва Ветнам рақобат мекунад.

Дастаи Ӯзбекистон аввалин бозии худро дар мусобиқа 15 сентябр бар зидди мунтахаби Филиппин баргузор менамояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: