Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусайн 23–24 ноябр бо сафари давлатӣ дар ин кишвар қарор хоҳад дошт.
Мувофиқи барномаи сафар, дар шаҳри Аммон музокироти сатҳи олӣ, форуми тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони расмӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ва дигар чорабиниҳо баргузор мегарданд.
Дар рӯзномаи музокирот масъалаҳои масъалаҳои ба марҳалаи нав баровардани муносибатҳои Ӯзбекистон ва Урдун, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҷой доранд. Бахусус, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, чун саноати нассоҷӣ, кӯҳкорӣ ва кимиё, кишоварзӣ, дорусозӣ, инчунин фаъолсозии робитаҳои фарҳангиву башардӯстона ва табодули сайёҳӣ диққати махсус дода мешавад.
Дар анҷоми музокирот қабули як қатор санадҳо ба нақша гирифта шудааст.