Ба иштирокдорони маросими ифтитоҳи расмии "Соли 2027 – Соли байналмилалии сайёҳии устувор ва пойдор"

Иштирокдорони муҳтарами анҷуман!

Меҳмонони азиз!

Ҳамаи шуморо бо кушоиши Соли байналмилалии сайёҳии устувор ва пойдор, ки соли 2027 чунин ном гирифтааст, самимона муборакбод менамоям.

Дар пояи ташаббуси Ӯзбекистон аз соли 2024, ки эъломияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул намуд, соли 2027 Соли байналмилалии сайёҳии устувор ва пойдор эълон гардид, ки барои ҳамаи мо воқеаи таърихӣ шуд. Ташаббуси моро зиёда аз 80 давлати ҷаҳон дастгирӣ карданд, ки ин ягонагии муносибат ба рушди сайёҳӣ ва эътирофи ҷаҳонии саъю кӯшишҳои моро дар самти мазкур намоиш дод.

Алҳол, дар шароити мураккаби вазъи геосиёсӣ, хуруҷҳои вобаста ба тағйирот дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва таъминсозии амният моҳияти сайёҳӣ бобати қарин сохтани давлат ва халқҳо торафт меафзояд. Соли 2025 саҳми сайёҳӣ дар маҷмӯи ҷаҳонии маҳсулоти дохилӣ 11 триллиону 600 миллиард доллар, ё худ 9,8 фоизро ташкил дод, афзоиши он аз рушди умумии иқтисодиёти ҷаҳон бештар аст, ки шаҳодати имкониятҳои бузурги соҳа ба шумор меравад.

Бояд таъкид намуд, ки дар зери ин нишондиҳандаҳо меҳнати миллионҳо нафар мардум, намояндагони тиҷорати хурду миёна қарор дорад ва аз бисёр ҷиҳат некӯҳолии оилаҳо, амалӣ гардидани умедҳо ва саъю кӯшишҳои насли ҷавон аз рушди соҳа вобаста мебошад.

Солҳои охир сайёҳӣ дар Ӯзбекистон соҳае гардид, ки барои иқтисодиёт моҳияти стратегӣ дорад. Дар арсаи сайёҳии байналмилалӣ ҷолибияти кишвари мо, рағбати минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба он меафзояд. Тӯли даҳ моҳи соли 2026-ум 11 миллиону 600 ҳазор сайёҳ ба Ӯзбекистон омаданд, ки ин миқдор дар тамоми соли 2025-ум кишвари моро зиёрат карда буданд. Содироти хидматҳои сайёҳӣ 1,5 баробар афзуда, ба 6 миллиард доллар расид. Баробари афзудани шумораи меҳмонон мо зиёд кардани давомияти буду боши онҳоро дар мамлакат, миқдори хидматрасонӣ, баланд бардоштани саҳмашон дар иқтисодиёти миллиро вазифаи бартариноки худ меҳисобем.

Ҳоли ҳозир дар мамлакат 7600 меҳмонхона ва дигар чунин иншоот амал мекунанд. Баробари шабакаҳои дар тамоми ҷаҳон машҳури меҳмонқабулкунӣ чун “Hilton”, “Marriott”, “InterContinental”, “Radisson”, дар бозори сайёҳии Ӯзбекистон беш аз 50 бренди байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо карданд.

Бобати вусъат додани ҷабҳаи хидматрасониҳои нақлиётӣ дар сектори мазкури иқтисод низ корҳои зиёд татбиқ мегарданд. Аз ҷумла оид ба хатсайри ҳавоӣ бо 54 давлат муоҳидаҳо ба имзо расиданд, бо 102 шаҳри 33 кишвар хатсайрҳои бевоситаи авиатсионӣ ба роҳ монда шуданд, ба зиёда аз 200 самт парвозҳо амалӣ мешаванд.

Ба мақсади дастгирӣ намудани соҳибкорӣ дар соҳа тӯли панҷ соли охир беш аз 50 навъи имтиёз ба роҳ монда шуданд. Рушди сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд тақрибан 1 миллион нафарро бо шуғл таъмин карда, соҳаро ба нуқтаи муҳими рушди иқтисодиёти ватан табдил медиҳанд.

Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки то соли 2030-юм миқдори сайёҳони хориҷиро, ки ба кишвари мо меоянд, ба 20 миллион, содироти хидматҳои сайёҳиро то ба 10 миллиард доллар, бошуғлфарогирии аҳолиро дар соҳа ба 2 миллион, саҳми сайёҳиро ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 7 фоиз зиёд кунем.

Барои ба ин мақсадҳо муваффақ шудан ба диверсификатсияи хидматҳои сайёҳӣ эътибори махсус медиҳем, то ки буду боши ҳар як меҳмон ба кишвари мо сермазмунтар бошад.

Кор бобати ба кор андохтани имкониятҳои бештар дар чунин самтҳои сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳиҳои корӣ, саргузаштӣ, ногаҳонӣ, деҳқониву халқӣ, тиббӣ ва пазандагӣ, пешниҳоди сабукиҳои андоз ва гумрук ба соҳибкорон мунтазам идома меёбанд. Баробари ин ба мақсади коҳиш додани бори иншооти мероси фарҳангӣ дар шаҳрҳои таърихӣ ба минтақаҳои нав равона кардани селаи сайёҳон маҷмӯъҳои замонавии сайёҳӣ, деҳаву маҳаллаҳои махсуси сайёҳӣ фароҳам оварда мешаванд. Ҳоли ҳозир миқдори чунин иншоот 57 ададро ташкил медиҳад, шумораи онҳо то соли 2030-юм ба 140 адад расонда хоҳад шуд.

Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!

Соли 2027 дар Ӯзбекистон бобати рушди устувори сайёҳӣ ва таҳкими пойдории он чораҳои мушаххас татбиқ мегарданд.

Мо фикр мекунем, ки барои пойдории соҳа алайҳи буҳронҳо бояд сайёҳии дохилӣ инкишоф дода шавад.

Боз як масъалаи муҳим ин амиқсозии ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи Осиёи Марказӣ собит менамояд, ки бо кишварҳои ҳамсоя якҷо чун соҳати ягонаи сайёҳӣ амал кардан имкон медиҳад натиҷаҳои бузург ба даст оянд. Бинобар ҳамин ҳам тамоми давлатҳоро даъват мекунам, ки ба пурзӯр кардани ҳамкориҳо дар соҳаи мазкур, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя эътибори махсус диҳанд.

Ҷаҳонишавӣ нирӯи асосии сайёҳӣ мебошад. Ҳамчунон барои ҳеч кас пӯшида нест, ки омили мазкур ба анъана ва ҳувиятҳои бисёрасринаи миллӣ таъсири бузург дорад. Фикр мекунем, соҳаи сайёҳӣ дар кори ҳифзи махсусияти халқҳо ва маданияти миллии кишварҳо, ҳамоҳангии онҳо бо технологияҳои замонавӣ воситаи самараноктарин мегардад.

Пешниҳод мекунам, ки ҳамзамон бо ҳифзи маданияти миллӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ, маҳз аз тариқи рушди сайёҳӣ ба ҷаҳониён ягонагӣ ва нотакрории онҳоро намоиш диҳем. Зеро пешрафт аз тариқи имрӯз сохта, оянда бошад, дар пояи суннатҳои миллӣ бунёд меёбанд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек ба мо бояд эҳсоси масъулияти шахсӣ, фароҳам овардани имкониятҳо, ягонагии кору сухан такягоҳи муҳими маънавӣ бошанд.

Бо дарназардошти зарурияти таъмин сохтани рушди дарозмуҳлати сайёҳӣ пешниҳод мекунам, ки мо бо чорабиниҳои соли 2027 маҳдуд нашавем, нақшаи ҷаҳонии амалиётро барои панҷ соли оянда кор карда бароем.

Чунин барнома таҳти васояти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ бояд ба муттаҳид кардани имкониятҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва сектори хусусӣ ва ҳамчунин ба даст овардани  натиҷаҳои мушаххас хидмат кунад.

Бовар дорам, ки ҳамоиши байналмилалии кунунӣ барои таҳкими минбаъдаи эътимод ва ҳамдилии тарафайн дар соҳаи сайёҳӣ, дарёфти шарикони нав ва муваффақ шудан ба муоҳидаҳои амалӣ, бунёди ҳамҷиҳатонаи сайёҳии умумии устувор ва пойдори оянда қадами муҳим хоҳад гардид.

Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи шумо сиҳҳату саломатӣ, дар фаъолиятатон комёбиҳои нав ва аз буду бош дар Ӯзбекистон таассуроти хуш ва ба анҷуман кори сермаҳсул орзу мекунам.

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: