Комбинати кӯҳию металлургии Олмалиқ (ККМО) яке аз бузургтарин корхонаҳои саноати металлургияи рангаи Ӯзбекистон ба шумор меравад. Таърихи он бо ташаккули саноати истихроҷ ва коркарди мис, рух, тилло, нуқра ва дигар металлҳои қиматбаҳо робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар корхона бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ таҳти унвони «Марҳилаи нави рушди саноат: лоиҳаҳои бузурги сармоягузории ККМО» пресс-тур ва рӯзи «дарҳои кушод» баргузор гардид. Иштирокдорон бо лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, иқтидори замонавии истеҳсолот ва роҳҳалҳои нави технологии татбиқшаванда аз наздик шинос шуданд.
Нахуст рӯзноманигорон аз фабрикаи 3-юми ғанигардонии мис боздид намуда, бо раванди истеҳсолот, имкониятҳои муосири технологӣ ва натиҷаҳои аввалини он шинос шуданд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар асоси консепсияи рушди комбинат то соли 2030 корҳои васеъмиқёс амалӣ карда мешаванд. Дар ин консепсия афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ба истифода додани иқтидорҳои нав ва таҳкими рақобатпазирии корхона дар бозорҳои байналхалқӣ ҳамчун вазифаи афзалиятнок муайян гардидаанд. Дар ин самт азхудкунии кони «Ёшлик-1» ва бунёди иқтидорҳои нави ғанигардонӣ аҳаммияти муҳим дорад.
– Фабрикаи 3-юм, ки 16 марти соли 2026 расман ба фаъолият оғоз намуд, дар асоси технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои баланди сифат бунёд шудааст, – гуфт муовини сармуҳандиси фабрикаи 3-юм Шаҳзод Юлдошев. – Фабрика дорои иқтидори коркарди солона 60 миллион тонна маъдан ва истеҳсоли қариб 900 ҳазор тонна консентрати мис буда, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар байни бузургтарин корхонаҳои ғанигардонии мис дар ҷаҳон низ мавқеи сазоворро ишғол мекунад.
Аз рӯйи иқтидор он дар қатори корхонаҳои бузурги ғанигардонии мису молибдени «Cerro Verde» ва «Toromocho»-и Перу, «Escondida», «Los Pelambres» ва «Collahuasi»-и Чили қарор дорад.
Ба фаъолият оғоз намудани фабрика дар шароите, ки талабот ба мис дар бозори ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст, барои таҳкими иқтидори содиротии Ӯзбекистон, зиёд намудани воридоти асъори хори-ҷӣ, диверсификатсияи истеҳсолоти маҳаллӣ ва рушди кластери мис дар иқтисоди миллии кишвар заминаи муҳим фароҳам меорад.
Натиҷаҳои аввалини истеҳсолот низ нишон медиҳанд, ки имкониятҳои маҷмааи нав тадриҷан васеъ мегардад. Аз ҷумла, аз 16 март то 3 ноябри соли ҷорӣ дар корхона 10 миллион тонна маъдан коркард гардида, ба заводи гудозиши мис беш аз 160 ҳазор тонна консентрати мис интиқол дода шуд. Ин нишондиҳанда яке аз аввалин натиҷаи назарраси комбинат буда, аз идомаи муназзами раванди азхудкунии марҳилавии иқтидорҳои истеҳсолӣ шаҳодат медиҳад.
Динамикаи афзоиши ҳаҷми коркарди маъдан низ қобили таваҷҷуҳ аст. Агар дар моҳи март 661,5 ҳазор тонна маъдан аз нав коркард шуда бошад, ин нишондиҳанда дар моҳи июн ба зиёда аз 1 миллиону 160 ҳазор тонна расид. Дар моҳи октябр бошад, ҳаҷми маъдани коркардшуда аз 1,6 миллион тонна зиёд гардид. Ин нисбат ба нишондиҳандаи моҳи март қариб 2,5 баробар зиёд мебошад. Ҳоло аз 12 осиёби фабрика 11-тоаш пурра дар фаъолият мебошанд. Дар осиёби боқимонда бошад, корҳои танзим ва озмоишӣ идома доранд.
Корхонаи ҷудокунии тиллои Ковулдӣ бо қувваю имкониятҳои худи комбинат бунёд шудааст. Фабрика 15 майи соли ҷорӣ корро оғоз намуда, барои коркарди маъданҳои аз конҳои «Ковулдӣ» ва «Қуйи-Кенҷасой» истихроҷшаванда ихтисосонида шудааст. Иқтидори солонаи он барои истихроҷи металлҳои қиматбаҳо 200 ҳазор тонна ашёи хом пешбинӣ гардидааст.
Сармуҳандиси фабрикаи ҷудокунии тилло Аҳмадхон Абдураҳимов таъкид намуд, ки дар доираи лоиҳа барои таъмини раванди истеҳсолот таҷҳизоти зарурии технологӣ, аз ҷумла мошинҳои флотатсионӣ, гидросиклонҳо, осиёбҳо, классификаторҳо насб гардиданд. Ҳамчунин, бинои дуошёнаи маъмурию хоҷагӣ, барои кормандон, ошхона ва ҳуҷраҳои шустушӯӣ ва барои кормандони хадамоти муҳофизат бинои алоҳида низ бунёд карда шуд.
Аҳмадхон Абдураҳимов боз тазаккур дод, ки таҷҳизоти дар фабрика насбшуда аз ҷониби заводи марказии таъмиру механикии комбинат дар доираи барномаи маҳаллисозӣ истеҳсол гардидаанд. Ин барои истифодаи самараноки имкониятҳои истеҳсолии маҳаллӣ ва афзоиши ҳиссаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, дар фабрика 151 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Лоиҳаҳое, ки муаррифӣ гардиданд, ба таври возеҳ миқёси корҳои дар самти навсозии истеҳсолот, коркарди амиқи маъдан, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва маҳаллисозӣ анҷомдодашавандаро дар ККМО нишон доданд.
Набия Нодирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Аксбардор: Р. Галиев.