Президенти Ӯзбекистон роҳбари Иттиҳоди байналмилалии велосипедрониро қабул кард

  • Президенти Ӯзбекистон роҳбари Иттиҳоди байналмилалии велосипедрониро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 ноябр Президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартянро қабул кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории самарбахши мамлакат бо ин созмони бонуфузи варзишӣ баррасӣ шуданд.
Давид Лаппартян дастовардҳои Ӯзбекистонро дар соҳаи велосипедронӣ ва паравелосипедронӣ, инчунин корҳои васеъмиқёсеро, ки дар мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори муосири варзишӣ ва ташвиқи васеи ҷавонон барои шуғл бо ин намуди варзиш амалӣ мегарданд, эътироф намуд.
Ба масъалаҳои пешбурди барномаҳои муштарак аз рӯйи омодасозии варзишгарон ва такмили ихтисоси мураббиён, инчунин таъсиси филиали минтақавии Маркази ҷаҳонии велосипедронӣ дар шаҳри Тошканд диққати махсус дода шуд.
Нақшаҳои баргузории чорабинӣ ва мусобиқаҳои бузурги байналмилалии варзишӣ оид ба велосипедронӣ дар Ӯзбекистон дар асоси «харитаи роҳ»-и муштарак баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот роҳбари созмони варзишӣ бо хушнудӣ гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои саҳми бузургаш дар рушд ва оммавигардонии велосипедронӣ бо ҷоизаи олии фахрии Конфедератсияи велосипедронии Осиё – «Ҷоизаи президентӣ» сарфароз гардидааст.
 
ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: