Дар шаҳри Тошканд филиали Маркази миллии таҳқиқотии «Институти Курчатов»-и Федератсияи Русия таъсис дода мешавад.
Дар ин бора дар қарори Ҳукумати Ӯзбекистон таҳти рақами 643, ки 25 ноябри соли 2026 қабул гардидааст, пешбинӣ шудааст.
Тибқи қарор, филиали нав ба рушди ҳамкориҳои илмию технологӣ миёни Ӯзбекистон ва Русия, анҷом додани таҳқиқоти муштарак дар самтҳои афзалиятнок ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ машғул хоҳад шуд.
Самтҳои асосии фаъолияти филиал масолеҳшиносӣ, энергетикаи атомӣ, биоэкономика, тибби ҳастаӣ ва радиология, инчунин технологияҳои квантиро дар бар мегиранд.
Ҳамчунин, бо Маркази геномика ва биоинформатика ва Маркази технологияҳои пешрафтаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар соҳаҳои биотехнология ва технологияҳои геномӣ таҳқиқоти муштараки илмӣ анҷом дода мешаванд.
Дар филиал низоми омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар соҳаҳои технологияҳои ҳастаӣ, физикаи квантӣ ва радиобиология ба роҳ монда мешавад.
Барои донишҷӯёни болаёқат, докторантон ва олимони ҷавон ҳамасола таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати на кам аз 10 нафар дар озмоишгоҳҳои пешбари муассисаи марказии Институти Курчатов дар Русия ташкил карда мешавад.
Илова бар ин, барои докторантон ва муҳаққиқони мустақили филиал низоми роҳбарии муштараки илмӣ (co-tutelle) бо иштироки олимони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷорӣ карда мешавад.