Дар кишварамон ҷиҳати рушди завқи китобхонӣ, таҳкими неруи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҷавонону наврасон озмунҳои гуногун, аз қабили «Китобхони ҷавон», «Оилаи ҷавони китобхон», инчунин маҳфилҳои адабӣ, лоиҳаҳои маърифатӣ ва ташаббусҳои гуногун роҳандозӣ шудаанд.
Соли ҷорӣ чун идомаи мантиқӣ ва қисми ҷудонопазири ин иқдомоти шоиста бо ташаббуси Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев Ҳаракати миллии китобхонӣ низ оғоз ёфт.
Хуб, имрӯз раванди омодагӣ ба озмун дар чӣ сатҳ аст? Он чӣ хел баргузор хоҳад шуд? Барои дарёфти посух ба ин савол ва чанд масъалаи дигар бо роҳбари шуъбаи Дастгоҳи марказии Агентии корҳои ҷавонон Мансур БОЙСАРИЕВ суҳбат оростем.
– Алҳол дар Ӯзбекистони Нав фарҳанги мутолиа, эътибор ба китобу китобхонӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад, – дар оғози мулоқот гуфт М.Бойсариев. – Воқеан, китобхонӣ на танҳо масъалаи таълим, балки неруи бузурги маънавие мебошад, ки ояндаи халқу миллат ва рақобатпазирии мамлакатро таъмин менамояд. Маҳз бо мақсади тарғиби васеи фарҳанги китобхонӣ дар байни ҷавонон, афзунсозии таваҷҷуҳи онҳо ба мутолиа, инчунин, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии китобхонҳои наврас дар асоси таҷрибаи Амороти Муттаҳидаи Араб байни донишомӯзони мактабҳои таълими умумӣ озмун ва барномаи умумимиллии «Ҳаракати миллии китобхонӣ» роҳандозӣ гардид. Лоиҳа дар доираи таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар фармоиши Президент аз 22 майи соли 2026 «Дар бораи васеъ ҷорӣ кардани барномаи китобхонӣ дар байни ҷавонон ва дастгирии шавқмандии онҳо» муайян гардидаанд, амалӣ мегардад.
– Тартиби иштирок дар озмун чӣ гуна аст? Барои сабти ном чӣ бояд кард?
– Дар озмун донишомӯзони мактабҳо аз синфи I то XI метавонанд иштирок кунанд. Озмун бо назардошти синну сол ва сатҳи дониш аз рӯйи се тоифа – байни синфҳои I-V, VI-VIII ва IX-XI гузаронида мешаванд. Барои ҳар як тоифа мувофиқи хусусиятҳои синнусолӣ рӯйхати адабиёт ташаккул ёфтааст. Дар маҷмӯъ, рӯйхати адабиёт 120 асарро дар бар мегирад, ки аз намунаҳои эҷоди шифоҳии халқи ӯзбек, асарҳои машҳури адабиёти миллӣ, адабиёти бачагонаи ҷаҳон, адабиёти мумтоз ва осори нависандагони муосир иборатанд. Аз ҷумла, 20 асар барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, 50 асар барои донишомӯзони синфҳои 6 то 8 ва 50 китоб барои синфҳои 9 то 11 тавсия шудааст. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин китобҳоро дар шакли электронӣ ва ё шакли аудиоӣ метавон аз барномаи «Mutolaa» дарёфт кард.
Барои иштирок дар озмун донишомӯзон бояд нахуст тавассути платформаи махсус – kitobxonlikharakati.uz сабти ном намоянд. Ба ин платформа тавассути Telegram, бо ёрии рақами телефон метавон ворид шуд. Аз рӯйхат гузаштан ва иштирок дар озмун ройгон аст.
Донишомӯзон дар платформа метавонанд бо китобҳои мувофиқи синну соли худ шинос шаванд, инчунин фаъолияти китобхонии худро қайд намуда, онро пайгирӣ намоянд, холҳоеро, ки аз санҷиши тест мегиранд, бубинанд ва мавқеи худро дар рейтинг муайян созанд.
– Озмун дар чанд марҳила баргузор мегардад?
– «Ҳаракати миллии китобхонӣ» дар се марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи якум – зинаи мактаб ва ноҳия мебошад. Ин марҳила аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз ёфт ва то моҳи феврали соли 2027 идома меёбад. Иштирок дар он тавассути платформа амалӣ гардида, иштирокдорон метавонанд адабиёти тавсияшударо мутолиа намуда, аз санҷиш гузаранд. Моҳи феврал аз ҳар як шаҳру ноҳия 50 нафарӣ донишомӯзони синфҳои 6-8 ва 9-11, ки аз тести махсус холҳои баландтаринро ба даст овардаанд, ба марҳалаи навбатӣ роҳ меёбанд. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ танҳо дар ду марҳила иштирок мекунанд.
Марҳилаи дувум – зинаи вилоятӣ – моҳҳои март-апрел баргузор гардида, дар он иштирокдорон баробари кор кардани тест, дар иншонависӣ низ қувваозмоӣ менамоянд. Марҳилаи ниҳоӣ – ҷумҳуриявӣ дар асоси шартҳои суҳбати озод ва иншо гузаронида мешавад.
– То ҳол чанд нафар донишомӯзон барои иштирок сабти ном кардаанд? Оё барӯйхатгирӣ ҳанӯз идома дорад?
– То имрӯз тавассути сомонаи kitobxonlikharakati.uz 56 ҳазор нафар сабти ном намудаанд. Бақайдгирӣ идома дорад ва тибқи шартҳои озмун, иштирокдорон бояд то моҳи феврали соли 2027 китобҳои муайяншударо мутолиа намуда, аз рӯйи низоми панҷ корти мутолиа дар санҷишҳо иштирок кунанд. Яъне дертар сабти ном намудан барои иштирокдорон ягон монеа эҷод намекунад. Зеро рӯйхати китобҳо қаблан эълон гардидааст.
Иштирокдорон пас аз мутолиаи китобҳои барои ҳар як марҳила пешбинишуда аз санҷиш мегузаранд ва танҳо баъди ба даст овардани натиҷаи зарурӣ ба марҳилаи навбатӣ роҳ меёбанд. Яъне онҳое, ки санҷишҳоро дар муддати кӯтоҳ иҷро карда, холҳои баландтар ҷамъ мекунанд, ба марҳилаи минбаъдаи озмун роҳхат мегиранд.
– Аз ин бармеояд, ки озмун асосан ба таври онлайн сурат мегирад..?
– Бале. Платформаи ягонаи рақамӣ воситаи асосии идора ва ташкили равандҳои «Ҳаракати миллии китобхонӣ» ба шумор меравад. Иштирокдорон метавонанд дар он сабти ном кунанд, китобҳои электрониро дастрас намоянд, сабти аудиоии асарҳоро шунаванд, натиҷаи санҷишҳоро бубинанд. Ҳамчунин, платформа барои назорат ва таҳлили сатҳи фаъолнокии китобхонии хонандагон дар мактаб, ноҳия ва вилоятҳо имкон фароҳам менамояд. Дар асоси натиҷаҳое, ки ба даст меоянд, рейтингҳо ташаккул ёфта, иштирокдорони фаъол ва пешсаф муайян мегарданд. Дар ниҳоят, чунин низоми рақамӣ барои таъмини шаффофият, назорати босамар ва ҷамъбасти одилонаи натиҷаҳои озмун мусоидат мекунад.
– Ғолибони озмунро чӣ гуна туҳфаҳои гаронбаҳо интизор аст?
– Хазинаи умумии ҷоизаҳои солона 240 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Барандаи шоҳҷоиза бо 50 ҳазор доллар мукофотонида мешавад, ки ин дар таърихи кишварамон арзишмандтарин ҷоиза дар самти китобхонӣ мебошад. Барандагони ҷойи дуюм ва сеюм мутаносибан 30 ва 15 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ мегиранд. Инчунин, аз рӯйи як қатор номинаҳои махсус – «Фаъолтарин омӯзгор», «Беҳтарин мактаби китобхон», «Беҳтарин оилаи китобхон», «Намунаи талош ба сӯйи мақсад» ва «Эътирофи махсус» пешқадамҳо муайян гардида, бо ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.
– Барои маълумоти ҷолиб ва суҳбати пурмазмун ташаккур.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
Шаҳзод КЕНҶАЗОДА,
мухбирони «Овози тоҷик».