Барои рушди босуръати соҳаи нақлиёту логистика имкониятҳои нав фароҳам мегарданд

  • Барои рушди босуръати соҳаи нақлиёту логистика имкониятҳои нав фароҳам мегарданд
  • Барои рушди босуръати соҳаи нақлиёту логистика имкониятҳои нав фароҳам мегарданд
  • Барои рушди босуръати соҳаи нақлиёту логистика имкониятҳои нав фароҳам мегарданд
  • Барои рушди босуръати соҳаи нақлиёту логистика имкониятҳои нав фароҳам мегарданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо сармоягузор ва соҳибкорони соҳаи нақлиёту логистика мулоқот кард.

Роҳбари давлат таъкид намуд, ки мутобиқ ба суръати баланди рушди иқтисодиёти мамлакат пеш бурдани низоми нақлиёт, ҷалби васеи сармоя ва технологияҳои муосир ба соҳа ва дар ин раванд боз ҳам тақвият додани иштироки бахши хусусӣ хеле зарур аст.

Дар мулоқот ҷиҳати навсозии инфрасохтори нақлиёт, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ дар соҳа ва пурзӯр намудани ҳамгироии мамлакат ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ вазифаҳои афзалиятнок муайян гардиданд.

Дар даҳ соли охир ба соҳаи роҳсозӣ 80 триллион сӯм ҷудо гардида, 7 ҳазор километр роҳ аз нав сохта шуд, 125 ҳазор километр роҳ таъмир гардид. Ҳоло имкони ҷалби 20 миллиард доллар сармоя ба соҳа мавҷуд аст.

Бахусус, панҷ лоиҳаи бузург бо арзиши умумии 5,6 миллиард доллар оид ба сохтмони роҳҳои автомобилгарди пулакӣ ба масофаи 593 километр амалӣ мегардад.

Барои ҷалби васеи соҳибкорони маҳаллӣ ба сохтмони роҳу пулҳо низ имкониятҳои нав фароҳам мегарданд. То имрӯз дар минтақаҳо 131 лоиҳаи пешниҳодӣ ба маблағи 4 миллиард доллар таҳия шудааст. Чунин лоиҳаҳо ба сармоягузорон бо шарти сохтмон, нигоҳдорӣ ва идоракунии роҳҳо, инчунин ҳуқуқи таъсиси иншооти савдо ва хидматрасонӣ дар канори онҳо пешниҳод мегарданд.

Дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ лоиҳаҳо ба маблағи 6,5 миллиард доллар амалӣ мешаванд. Президент ба шарикони хориҷӣ пешниҳод намуд, ки оид ба ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ба татбиқсозии лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории байналмилалӣ ва омода намудани ширкатҳоямон барои иштирок дар тендерҳои хориҷӣ барномаи муштарак таҳия карда шавад.

Таъкид гардид, ки дар сохтмони роҳ, пеш аз ҳама, таъмини сифат ва самарадории иқтисодӣ муҳим мебошад.

– Ҳоло ба мо роҳе лозим нест, ки имрӯз арзон сохта шуда, пагоҳ боз аз буҷет маблағ талаб кунад, балки роҳи босифате зарур, ки тӯли солҳо хидмат намояд, – гуфт роҳбари давлат.

Бо ин мақсад вазифа гузошта шуд, ки истифодаи битуми полимерӣ ва технологияҳои геотекстилӣ ба стандартҳои роҳсозӣ ворид карда шуда, аз соли оянда риояи ин талабот ҳангоми сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳатмӣ гардад.

Ба масъалаҳои афзунсозии иқтидори ҳамлу нақл дар соҳаи роҳи оҳан ва мутобиқ сохтани инфрасохтор ба ҳаҷми интиқоли борҳо дар оянда диққати махсус дода шуд.
Баробари ба кор шурӯъ кардани роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» ҳаҷми интиқоли бор 10 баробар афзуда, соле ба 15–16 миллион тонна хоҳад расид. То соли 2030 дар мамлакат сохтмони 545 километр роҳи нави оҳан ва то 65 фоиз расонидани ҳиссаи роҳҳои барқӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин таҷдиди хатсайри Ангрен – Поп ва дигар самтҳои муҳим, инчунин бунёди хати алоҳидаи роҳи оҳани баландсуръат дар масири Тошканд – Самарқанд дар назар аст. Роҳбари давлат аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорон даъват кард, то дар татбиқсозии ин лоиҳаҳо, ки 8 миллиард доллар арзиши умумӣ доранд, ҳамкорӣ намоянд.

Барои соле то 5–6 ҳазор адад зиёд кардани парки вагонҳои боркаш ба соҳибкорон имтиёзҳои андоз ва тахфифҳо ҳангоми истифодаи инфрасохтори роҳи оҳан пешниҳод мешаванд. Аз соли оянда дар соҳа марҳила ба марҳила сиёсати нави тарифӣ ҷорӣ гардида, низоми шаффофи ташаккули хароҷоти интиқол роҳандозӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки барои ба бандари бузурги хушкӣ табдил додани Ӯзбекистон, ки Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷанубро бо ҳам мепайвандад, тамоми имкониятҳо мавҷуданд.

Ба масъулон супориш шуд, ки аз имкониятҳои долони Миёна босамр истифода бурда, музокиротро бо шарикони хориҷӣ оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои электронии боркашонӣ ба анҷом расонанд ва ҳаракати қатораҳои блокиро, ки кишварамонро бо бандарҳои бузурги баҳрии ҷаҳон мепайванданд, ба роҳ монанд.

Дар даҳ соли оянда ба 80 миллион тонна расонидани иқтидори логистикии мамлакат чун ҳадаф муқаррар гардидааст. Дар ин самт вазифаи бунёди 9 маркази бузурги логистикӣ ба маблағи 1,6 миллиард доллар дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон муайян гардид.
Дар соҳаи авиатсия низ ҷиҳати ҷалби сармояҳои хусусӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои иштирокдорони бозор ташаббусҳои нав пешниҳод шуданд.

Тӯли солҳои охир шумораи фурудгоҳҳои мамлакат ба 18 адад расид. Соли ҷорӣ ба 17 миллион нафар расидани шумораи мусофироне, ки тавассути нақлиёти ҳавоӣ интиқол меёбанд, пешбинӣ шудааст. Дар солҳои наздик ба 25 миллион нафар расонидани ин нишондиҳанда ҳадаф муайян гардидааст.

Дар ҳудуди ҳамшафати фурудгоҳи нави байналмилалӣ, ки бо иштироки ҳамкорони хориҷӣ бунёд мегардад, лоиҳаи «Aerocity» ба маблағи 5 миллиард доллар амалӣ мешавад. Дар он эконизоми ягона офарида хоҳад шуд, ки марказҳои логистикӣ ва тиҷорати электронӣ, маҷмааҳои савдо, меҳмонхона ва манзилҳои истиқоматиро фаро мегирад.

Бо мақсади афзунсозии рақобатпазирии ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ вобаста кардани нархи сӯзишвории авиатсионӣ ба нархи миёнаи он дар бозори ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҷорӣ кардани имтиёзоти иловагии андоз ва гумрук барои воридоти сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва иҷораи ҳавопаймоҳо муайян гардиданд. Ба ширкатҳои ҳавопаймоие, ки уҳдадории омодасозӣ ва ба кор қабул намудани халабонҳои маҳаллиро ба зимма мегиранд, низ сабукиҳои махсус пешниҳод мешаванд.

Бо назардошти шароите, ки фароҳам мегардад, вазифа гузошта шуд, ки то соли 2030 шумораи кемаҳои ҳавоӣ ҳадди ақал ба 250 адад расонида шавад. Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди инфрасохтори фурудгоҳҳои байналмилалӣ онҳо то соли 2030 аз андозҳои амвол ва замин озод карда мешаванд.

Президент ташаббуси таъсиси Донишгоҳи байналмилалии авиатсияи шаҳрвандии Ӯзбекистонро дар шаҳри Тошканди Нав пешниҳод намуд, ки кампуси муосир, марказҳои таълимӣ-тақлидӣ ва илмиву тадқиқотии худро хоҳад дошт.

Дар мулоқот масъалаҳои пешниҳоди хидматрасониҳои мусоид ва босифати нақлиёти ҷамъиятӣ ба аҳолӣ низ баррасӣ гардиданд.

Дар се соли охир аз ҷониби соҳибкорон беш аз 3,5 ҳазор автобуси муосир ворид гардида, 330 хатсайр ба низоми нав гузаронида шуданд. Дар натиҷа интиқоли рӯзмарраи мусофирон дар пойтахт 2 баробар ва дар минтақаҳо 2,5 баробар афзуд.

Минбаъд хатсайрҳои автобусие, ки пойтахтро бо минтақаҳои агломератсионӣ мепайванданд ва то 20 километр тӯл кашидаанд, пурра ба низоми «брутто» гузаронида мешаванд. Барои соҳибкороне, ки паркҳои автобус бунёд мекунанд, имтиёзҳои андоз ҷорӣ гардида, механизми нави маблағгузории ташкили хидматрасониҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои дурдаст таҳия мегардад.

Бо назардошти афзун гардидани теъдоди мусофирон дар метрои Тошканд, дар ду соли оянда ворид кардани 28 қатораи панҷвагонӣ ва ба низоми панҷвагонӣ гузаронидани 40 қатораи чорвагонии мавҷуда муайян гардид.

Президент бо сармоягузорон ва соҳибкорон мулоқоти ошкоро баргузор намуда, ҷиҳати рушди соҳа, бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва татбиқсозии лоиҳаҳои ояндадор фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои онҳоро шунид.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: