25-27 ноябри соли ҷорӣ дар маҷмааи намоишгоҳии CAEx Uzbekistan 31-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд таҳти унвони «Сайёҳӣ дар Роҳи абрешим – 2026» ва нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории сайёҳӣ баргузор гардид.
Ӯзбекистон дорои имкониятҳои ғании сайёҳӣ буда, ба таври шоиста яке аз самтҳои ояндадортарини сайёҳӣ дар харитаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Кишвари мо, ки дар қалби Роҳи бузурги абрешим ҷойгир аст, мероси бойи таърихию фарҳангии худро бо эҳтиёт ҳифз намуда, ҳамзамон имкониятҳои навро барои рушди сайёҳии муосир фароҳам меорад.
25-27 ноябри соли ҷорӣ дар маҷмааи намоишгоҳии CAEx Uzbekistan 31-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд таҳти унвони «Сайёҳӣ дар Роҳи абрешим – 2026» ва нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ, инчунин намояндагони ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷӣ иштирок карданд. Дар маросими ифтитоҳ Абдулазиз Аққулов, раиси Кумитаи сайёҳӣ ва Кордула Волмуттер, директори минтақавии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ оид ба Аврупои СММ баромад намуданд. Дар доираи ин намоишгоҳ аввалин форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ташкил карда шуд, ки имкониятҳои васеъро барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ, барқарор кардани шарикии нав ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин бахш фароҳам овард.
Дар намоишгоҳ намояндагони беш аз 45 кишвар, зиёда аз 600 ширкати хориҷӣ ва тақрибан 20 ташкилоти байналмилалӣ иштирок доштанд. Мақсади асосии баргузории чунин чорабинӣ муаррифии самтҳои байналмилалии сайёҳӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон, вохӯриҳои корӣ ва муҳокимаи дурнамои рушди соҳа буд.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои Озарбойҷон, Беларус, Ветнам, Олмон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Эрон, Италия, Чин, Қирғизистон, Малайзия, Малдив, Русия, Тоҷикистон, Таиланд, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Чехия иштирок намуданд.
Имрӯз марказҳои таърихии кишвар анъанаҳои чандинсоларо бо ҳаёти фаъоли шаҳрӣ, инфрасохтори муосир, шаклҳои гуногуни фароғату истироҳат ба таври ҳамоҳанг пайваст менамоянд. Барои сайёҳон самтҳои гуногун – аз саёҳатҳои фарҳангию маърифатӣ ва зиёратӣ то сайёҳии гастрономӣ, экологӣ, табобатию солимгардонӣ ва тиҷоратӣ дастрас мебошанд.
– Навсозии инфрасохтор, рушди дастрасии нақлиётӣ, бунёди иншооти муосири ҷойгиронӣ ва истироҳат ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти миллии сайёҳӣ мусоидат намуда, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам меоранд, – гуфт Абдулазиз Аққулов. – Тибқи маълумоти охирин дар моҳҳои январ-октябри соли 2026 ба Ӯзбекистон 11,6 миллион сайёҳи хориҷӣ ташриф овардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳи имсола ба рушди сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Дар экспозитсияи миллии Ӯзбекистон ҳамаи 14 минтақаи кишвар ва шаҳри Тошканд муаррифӣ гардидаанд.
Инчунин намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, операторони сайёҳӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва тиҷорати меҳмонхонаҳо ҷамъ омаданд. Ин нишон медиҳад, ки чорабинӣ на танҳо ҳамчун намоишгоҳ, балки ҳамчун платформа барои муколамаи байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва ташаккули лоиҳаҳои нави тиҷоратӣ дар бахши сайёҳӣ аҳамияти бештар дорад.
Дар маросими ифтитоҳ инчунин масъалаи баргузории чорабинии расмии ифтитоҳии Соли байналмилалии сайёҳии устувор ва қобили зист дар соли 2027 дар Тошканд бо ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ таъкид шуд. Ин ташаббус барои густариши иштироки кишвари мо дар рӯзномаи ҷаҳонии сайёҳӣ ва тақвияти мавқеи он дар ҷомеаи байналмилалии сайёҳӣ аҳамияти бузург дорад.
Раёсатҳои минтақавии сайёҳӣ меҳмононро бо мавзеъҳои табиӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти ҷойгиронӣ, маҷмааҳои санаторию солимгардонӣ ва имкониятҳои гастрономии минтақаҳо шинос намуданд.
Меҳмонон бо гуногунии маҳсулоти сайёҳии Ӯзбекистон – аз сафарҳои фарҳангию маърифатӣ то сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, гастрономӣ ва саргузаштӣ шинос шуданд.
Дар чорабинӣ инчунин ислоҳоти амалӣ дар Ӯзбекистон барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони хориҷӣ қайд карда шуданд. Аз ҷумла, дар бахшҳои гумрук, андоз ва тиҷорат беш аз 50 механизми имтиёзнок ва дастгирӣ ҷорӣ карда шудаанд. Дар минтақаҳо 33 маҷмааи бузурги сайёҳӣ, 53 кӯчаи сайёҳӣ, 57 маҳалла ва деҳаҳои сайёҳӣ, 14 истироҳатгоҳ ва 7 кластери сайёҳӣ таъсис дода шудаанд. Ғайр аз ин, 51 меҳмонхона таҳти идоракунии 31 бренди меҳмонхонаҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд.
Корҳо барои таъмини бехатарии сайёҳон ва фароҳам овардани муҳити бароҳати сайёҳӣ дар кишвари мо дар рейтингҳои байналмилалӣ низ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, дар рейтинги бехатарии сафар дар соли 2027, ки аз ҷониби маҷаллаи CEOWORLD нашр шудааст, Ӯзбекистон дар байни 198 кишвар ҷойи 27-умро ишғол кард ва ба категорияи бехатарии «Хеле баланд» шомил карда шуд.
– Имрӯз мо метавонем бо итминон бигӯем, ки Ӯзбекистон ба яке аз маконҳои бехатартарин барои сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст, – гуфт Абдулазиз Аққулов.
Санаи намоишгоҳи навбатӣ низ эълон шуд: 32-юмин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд «Сайёҳӣ дар Роҳи абрешим» аз 24 то 26 ноябри соли 2027 баргузор мешавад. Шарикон ва меҳмонони хориҷӣ даъват карда мешаванд, ки дар он иштирок кунанд.
Г. Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Аксбардор: Р. Галиев.