Нашриёти «Янги аср авлоди»-и Тошканд дар баробари ба табъ расондани осори шоиру нависандагони маҳаллӣ таҳти шиори «Адабиёти ҷаҳон» интишори беҳтарин намунаҳои назму насри адибони халқҳои гуногунро ба роҳ мондааст.
Дар растаи китоби яке аз толорҳои барҳавои ин идораи табъу нашр силсилакитобҳое низ ба чашм мерасанд, ки аз ҳикояҳо таркиб ёфтаанд.
Муаллифҳо – насрнависони шинохта аз як қатор мамлакатҳои ҷаҳон. «Ҳикояҳои Куриё» («Духтари гандумгун»), «Ҳикояҳои Туркия» («Ба дуриҳо нарав»), «Ҳикояҳои Итолиё» («Борони тирамоҳ»), «Ҳикояҳои Ҷопон» («Мавсими шоҳпаракҳо»), «Ҳикояҳои Амрикои Лотинӣ» («Чашмҳои Лина») эътибори дӯстдорони адабиёти бадеъро ба худ кашанд. Дар миёни онҳо, китоби сабзранге бо унвони «Ҳикояҳои Тоҷикистон» («Меҳрубон») низ диққати моро ба худ ҷалб мекунад. Онро беихтиёр ба даст мегирем, то бо муҳтавояш ошно шавем.
Абдуҷаббор Муъминов, ки дер инҷониб ба адабиёт ва маданияти ду халқ сидқидилона хидмат менамояд, ҳикоёти адибони тоҷикро моҳирона ба ӯзбекӣ баргардондааст. Вай дар ин кор таҷрибаи ғанӣ дорад. Аз осори Муҳаммад Расунӣ (Марокаш), Абдурауф Бенаво (Афғонистон), Аҳмадҷон Абубакр (Доғистон), Ромулдас Ланкаускас (Литва), Михайло Прудник ( Украина), Гергий Гулиа (Гурҷистон), Владимир Субботин (Русия), Ерухан (Арманистон) барин устодони наср, ки дар адабиёти кишварҳои худ ҷойгоҳи махсус доранд, беҳтарин намунаҳоро ба ӯзбекӣ баргардондааст. Дар баргардониши осори адибони тоҷик ба ӯзбекӣ низ дасти расо ва ҳунари воло дорад. Китобхонҳо «Саргузаштҳои Сафармахсум» (Ҷалол Икромӣ ва Ҳабибулло Назаров), «Қиссаҳои ҷавонии ман» (Юсуф Акобиров), «Ҷӯгӣ» (Сорбон), «Умре чун чароғак» (Б. Маҳмадов) ном китобҳои адибони тоҷикро ба забони модариашон мутолиа кардаанд.
Дар солҳои охир соҳиби ордени «Шараф»-и Тоҷикистон, узви ташкилотҳои адабии Тоҷикистону Ӯзбекистон Абдуҷаббор Муъминов дар тарҷума ва тарғиби адабиёти тоҷик боз ҳам самараноктар фаъолият мебарад. «Антологияи насри замонавии тоҷик» аз тариқи нашриёти «Адабиёт» (Тошканд) бо бар гардониши ӯ дар арафаи чоп аст.
Китоби «Ҳикояҳои Тоҷикистон» («Тожикистон ҳикоялари»), ки ҳоло дар даст дорем, фарогири 28 ҳикоя мебошад. Бинобар бархӯрдории ӯ аз нозукиҳои санъати тарҷума, аз ҷумла «Меҳрубон», «Даъво», «Думбура», «Ёди лаҳза», «Барфӣ», «Вақти имтиҳон буд», «Имрӯз-пагоҳ», «Меҳри фарзанд», «Ваъдаи падар», «Дар арафаи баҳор», «Барфи сабз» барин ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Меҳмон Бахтӣ, Сорбон, Бахтиёр Ҷумъа, Абдуғаффор Абдуҷаббор, Сироҷиддин Икромӣ, ки бо забони салису банду басти ҷолиб ҷудо шуда меистанд, хеле хуб тарҷума шудаанд.
Ҳикоёти ин маҷмӯа дар солҳои гуногун таълиф ёфта ва қисмате аз онҳо (аз ҷумла, «Даъво» ва «Думбура» (муаллифон Абдулҳамид Самад ва Саттор Турсун) дар вақташ аз беҳтарин ҳикояҳои адабиёти тоҷик дар давраи муосир эътироф шуда бошанд, китобхонҳои ӯзбек бо мутолиаи «Ҳикояҳои Тоҷикистон» метавонанд бо нигоштаҳое низ ошноӣ пайдо кунанд, ки онҳоро метавон аз беҳтарин ҳикояҳои рӯз шумурд. Бигирем «Кобулбибӣ»-и Саид Сангинро, ки баробари дилангезии санъати нигориш бо сужети мароқангез ба нозуктарин торҳои эҳсос нохун мезананд: Кобулбибӣ, дар даст кӯдак, ба ҳамлаи гургҳо дучор мешавад. Вай дар асл зани шуҷоъ, вале танҳо нест – кӯдак ҳаст! «Худои қудратманд, бигузор маро пора-пора кунанд, аммо тифламро дар паноҳат нигоҳ дор!» Вай тифлро маҳкамтар ба оғӯш зер кард ва ҷониби гургҳо, ки наздик мешуданд, ба зону нишасту таъзим намуд. Нигоҳаш ба чашми сардори вуҳуш – модагурд афтод ва аз дил гузаронд: «Чун ман ба наздикӣ модар шудааст». Чашмҳо бархӯрданд. Модагург, ғайриинтизор, дар атрофи модари ба зону афтода як гирд гашт ва роҳашро давом дод. Дигар гургҳо низ чун рӯдборе, ки ба харсанг дучор шудааст, ба ду тараф тақсим шуда рафтанд...
Ҳикояҳои хуб дар тарҷумаи хуб таваҷҷуҳи китобхонҳоро ба худ мекашанд.
Муҳаммадҷон ШОДӢ.