АГАР МЕҲР НАМЕБУД,

хатмкунандагон пас аз 45 сол вонамехӯрданд...

Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, 
дунё ҳама ҳеҷ,
Эй ҳеҷ зи баҳри ҳеҷ бар
 ҳеҷ мапеч.
Донӣ, ки зи одамӣ 
чӣ мемонаду бас,
Меҳр асту муҳаббат асту 
боқӣ ҳама ҳеҷ.
Бале, ҳамсинфони собиқ, ки 45 сол пеш ҳамчун хонандагони синфи 10 «А» мактаби миёнаи рақами 21-уми ноҳияи Самарқандро хатм намуда буданд, меҳри дидори ҳамдигар ва устоду мактаб дар як ҷо сарҷамъ намуд. 
Гирдиҳамоӣ субҳ дар саҳни мактаби ҷоноҷон бояд барпо мегардид, аммо гурӯҳи зиёде шояд аз бетоқативу пазмонии лаҳзаҳои шодмонӣ бошад, ҳанӯз бармаҳалтар дар ҷойи эълоншуда ҳозир гардиданд. Аксарияти онҳо дар ҳайрат буданд, ки чаро баробари онҳо боз устодону фаъолони маҳаллаи атроф пасупеш ба саҳни мактаб меоянд. Сонитар хонандагони мактаб дар даст гулдастаҳо меҳмононро пешвоз гирифтанд. Чун ба маҷлисгоҳи мактаб ворид шуданд, барои хонандагони собиқ аён гашт, ки дар ин рӯзҳо мактабашон садсолагии хешро низ ҷашн мегирад. Хонандагон нахуст ба синфхонае, ки солҳои 1969-1979 таҳсил намуда буданд, ворид шуданд. Ёди айёми бачагӣ, толибилмӣ карданд. Ба хонандагон омӯзгори фанни математика Маҳфуза Ҳамроева, муаллимаи фанни химия Матлуба Акрамова, муаллимаи фанни таърих Ӯғулой Қамарова, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Раҳматулло Зубайдов, муаллимаи фанни тарбия Мағфират Мавлонова аз рӯи фанҳои худ дарсҳои шавқовар гузаштанд. Дар таълимгоҳ директори мактаб  Анварҷон Зоҳидов дар бораи роҳҳои пуршебу фарози мактаби рақами 21 дар зарфи сад сол ҳарф зада, таъкид кард, ки таърих фаромӯшнопазир аст. Аслан бунёди мактаб соли 1923 оғоз ёфта, соли 1924, ҳангоми сафари мулозими шӯравӣ Калинин ба зудӣ бо тамоми таҷҳизоташ бунёд гардид. Аз ин рӯ мактаб нахуст номи Калининро гирифт. Сипас, чанде аз муаллимон дар бораи хидматҳои шоистаи устодони мактаб дар тӯли сад сол, шогирдони барӯманди он сухан  гуфтанд. Аз хатмкунандагони соҳибҷашни мактаб Назриддин Қамаров, Санҷар Хоҷаев, Азиз Ғафуров, Гулнора Обидова,  Холида Абдуллоева, Нодира Сафоева ва дигарон сипосномаи худро ба устоду шогирдон ва ташкилкунандагони ин вохӯрии хотирмон пешкаш намуданд.  
Шеърхониву суханронии муаллимаҳои пуртаҷриба Заррина Остонақулова ва Истода Эргашева ҳусни тадбирро барафзуд. Ташаббускори чорабинӣ раиси маҳаллаи Шалғамон Нарзиддин Қамаров эълон намуд, ки аз 32 нафар ҳамсинфон шаш нафар аз олам гузаштаанд. Ҳамсинфон пеши худ мақсад гузоштанд, ки зуд-зуд аз суҳбати ҷонбахшу дидори гарми ҳамдигар баҳра мебардоранд. Зеро меҳр қимати баланд дорад. Он дар чашму дилу дида макон гирифтааст. Агар ҳамон меҳр намебуд, мо пас аз гузаштани ин қадар солҳо бо ҳам вонамехӯрдем. 

Озод ҲАМИДЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: