Дар ҳокимияти ноҳияи Кармана ҷаласаи васеи таҳлилӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди иҷтимоӣ иқтисодии ҳудуд, корҳои ободонӣ, интизоми андоз ва кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ноҳия, намояндагони дахлдори «ҳафтгонаи маҳалла» ва масъулони соҳа иштирок карданд.
Дар оғози ҷаласа ҳокими ноҳия Шоҳрух Болтаев ба раиси маҳаллаи «Арғун», фаъоли занону духтарони маҳаллаи «Бешкент», роҳбари ҷавонони маҳаллаи «Арабхона» барои иҷрои софдилонаи вазифаҳо, инчунин барои талошҳои фидокоронаашон ҷиҳати фаровонии мардум ва рушди маҳалла сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Ҳолати корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ баррасӣ гардид. Дар баъзе ҳудудҳо масъалаҳои тозагӣ, корҳои ҳашар дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ танқид шуданд. Шоҳрух Болтаев ба масъулон супоришҳои мушаххас дод, ки корҳои мавсимии ободониро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом диҳанд, инчунин корҳои кандани ҷӯйборҳо ва таваҷҷуҳ ба ободонии ҳудудҳоро пурзӯр намоянд. Ҳамзамон, масъалаи интизом дар пардохтҳои хидматрасонии ҷамъоварии партов низ алоҳида муҳокима шуд. Нокифоя будани шартномаҳо бо аҳолӣ, инчунин қатъу васлҳои низоми ҷамъоварии партов дар баъзе маҳаллаҳо танқид гардида, барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ва густариши истифодаи низоми пардохти электронӣ чораҳо муайян карда шуданд.
Ҳангоми таҳлил нишонаҳои қарздорӣ аз андоз дар ноҳия қайд карда шуд, ки аз ҷониби баъзе корхонаҳо ва субъектҳои соҳибкорӣ пардохти он сари вақт анҷом дода намешавад. Дар ин самт ба мақомоти андоз супориш дода шуд, ки бо қарздорон ба таври мақсаднок кор баранд, корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият диҳанд ва интизомро мустаҳкам намоянд.
Инчунин таъкид гардид, ки омӯзиш ва баррасии муроҷиатҳои аҳолӣ, бахусус пешниҳодҳо ва шикоятҳо дар гурӯҳи телеграми «Иш беринг» дар сатҳи кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳоким ба масъулон дастури қатъӣ дод, ки фаъолияти гурӯҳ ҳар рӯз мониторинг шуда, ба муроҷиатҳо зуд ҷавоб диҳанд ва натиҷаи амалӣ таъмин гардад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.