САВДОИ БАХТ

Шариф ХАЛИЛ

(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта.)

(Ҳикоя)

– Духтарро ҷеғ занед, Нодирбой! Хушу хурсанд ба падараш супоред, – ором хоҳиш намуд Бобоҷон.
Султоналӣ дар як гӯша тамошобин буд. Ба вай фармуда буданд, ки ҳушёриро аз даст надиҳад.
Нодир қадре андешида, сахт лаб газид ва ғазаби худ аз худ ба ҷӯшидан қарибашро банд андохта, дар таассуф ба Қодир нигарист.
– Қарорат қатъист? Духтаратро мебарӣ?
– Рав, биёр духтари маро! – ду даст дар пушт, як қадам ба пеш гузошта, боз таъкид кард Қодир.
Нодир роиҷ қомат рост гирифт ва ҳамоно лаб зери дандон сар такон дод ва:
– Туро ман одам гӯям... ҳе садқаи..., – давоми гапи худро нагуфту ба як тараф туф кард.
– Ба хонадони ту духтар додана, ҳо ана, ба он саги беозор диҳам савобаш зиёдтар! – ба тарафи саги пире, ки фук рӯйи дастон гузошта, пинак мерафт, ишорат кард Қодир ва таъсири сухани худро бармало ҳис карда, мағрур сар афрошт. 
Аз ин кори ӯ хуни Нодир ҷӯшид. 
– Биёред! – гуфт ба самти хона овоз андохта. – Биёред, ки матоашро гирифта барад! 
– Аз ҳаддат нагузар! Матоъ будааст-а! Фарзанди одамизод вай.
– Зуд биёред!..
Аз дари хона шармида Насима баромад. Писари Нодир – Восит як рух намуду зуд пинҳон шуд.
– Қодир! Мана, гир духтаратро! – гуфт Нодир, дастон дар миён, омирона.
Насима бо андоми ларзон дар як гӯша истода, бо сари хам ҷамоатро таҳти назорат гирифт.
Ногоҳ латтаи Қодир ба об афтод, як лаҳза худро бохт ва рангаш канд ва рӯяш ба пахтакӯҳна монанд шуда, бо нигоҳи ҳузнолуд ба пеши пояш нигарист. Танаш арақи сард фароварда, гӯё дунёи равшан аз зери пояш лағжид. Баъд нигоҳи мусибатбораш ба рӯи Бобоҷон қарор гирифт. 
– Мана, духтаратон, пайдо шуд, – гуфт раис сухани мувофиқе наёфта. – Акнун ором шавед.
Нигоҳи ланҷу таассуфбори Қодир ба сӯйи Насима шитофт. Ӯро сархаму беболу пар ёфта, дилаш реш-реш гашт. Баъд бо шаст ба Нодир рӯ овард – як даст дар пушт ва бо дасти дигар ҳаворо бурида:
– Ёфтӣ аҳмақатро! – гуфт  ӯ арбадаҷӯ.
– Боз чӣ мехоҳӣ? Духтарам гуфта дунёро танга барин кардӣ, мана духтарат. Гиру рав! – ду даст дар пушт қулфу калид бо имои сар ба самти дарвоза ишорат кард Нодир. 
– Не, Нодирбой! Ин акнун духтари хона барин нест! Кӣ медонад, дар хонаи ту як шаби дароз аз сари ҷавонаш чиҳо гузашт. Ё мисли қадимшаъни духтариашро барқарор мекунӣ, ё товони ҳама ин зиёнро месупорӣ! Фаҳмидӣ! Гӯлу гарангатро ёфтӣ! Ҳаҳ... Ма, бигиру бирав будааст... Пишакбача буд-а ба ту. 
– Товон-повон нест!
– Тушбераро хом шумурдӣ!
– Гапи ман яктост.
– Гов барин мекушамат, – қадаме пеш ниҳод Қодир.   Ту феъли гандаи маро нағз медонӣ!
Бобоҷон ва Султоналӣ мушавваш шуда, пеш гузаштанд, то Қодир ба фалокате боис нагардад.
Нодир имдодхоҳ ба Бобоҷони раис нигарист ва аз сар ҷунбонданаш дарёфт, ки ризо шавад. Баъд пушт тофта, андешакунон то лаби пали юнучқа омад ва муддате ба он алафҳои расида нигарист. Домани сабзу хуррами ҳота ба феъли вайронаш ҳеҷ асар нагузошт ва ӯ  баргашта, аз бари раис, рӯ ба Қодири ҷангҷӯ истод. 
– Агар шаъни духтаратро андеша накунӣ, ихтиёрат. Зорӣ дорему зӯрӣ не! Модоме ҷуброн мехоҳӣ, чӣ илоҷ. Товон бошад, ана, товон ҳам медиҳам. Гап зан, дили ғироматро кушо! – гуфт озод Нодир.
– Аввалан, дили ман ғиром не! Инро бо ҳар ду гӯши лухсидаат шунав.
– Хӯ-ӯшш...
– Сониян... Товон, ҳмм... таво-он... 
Қодир як лаҳза хомӯш гашт. Аз даруни мағзи нооромаш кадом як рақамеро ҷуст. Баъд, ана, пайдо карду нав забон кушодан мехост, ки Нодир:
– Дар даҳонат ғунҷидаашро гӯй! – гуфта, пешдаҳон дод.
Қодир, ки аз инсоф кор гирифтан мехост, якбора пӯстинро чаппа пӯшид.  
– Сад миллион! – ангушти ишорат ба осмон гардонд ӯ. – То сад миллион сӯм надиҳӣ,  аз ҳамин остон берун равам, писари Боқирлӯлӣ набошам!
– Ваҳ...
– Ҳа-а?! 
– Сад... ми-ллио-он?! – каф ба каф кӯфт Нодир.
– Чӣ, газид? 
– Бемор- ку, нестӣ?
– Ин қадар налақ! Ба даҳонам ғунҷидааш ҳамин, ки шунидӣ!
Нодир дар тавалло ба Бобоҷон нигарист.
– Раис, чӣ мегӯед? Қодир валлоҳ ки, гузаронд.
Бобоҷон гулӯ равшан карда, ба миён даромад. Нодир ва Қодир ниҳоят аз ду самт ҷой гирифта, дар ҳаяҷон гӯш ба даҳони раис доданд.
– Хайр... гуфта-шунида, хеле дилҳоро холӣ кардед. Бас. Ҳаёт ба тую маниҳо, зӯргӯиҳо ширин намешавад. Зиндагӣ бо бахти фарзандон ширин, бо тӯю тамошояш зебо! Чӣ гуфтед, Нодирбой?
– Ҳақ асту рост, раис, - даст рӯйи сина нимтаъзим кард Нодир.
– Қодирбой, шумо одами одӣ не, дунёдида, одамдида...
– Албатта! Мисли Нодир дидаамон кӯр нест, – пичинг партофт Қодир.
Нодир рӯй турш кард, дандон совид, аммо тоқат кард.
Бобоҷон ба ҳар ду тарафи пархошҷӯ маънидор назар карда:
– Ман аз азал ба шумо эҳтироми баланд дорам, Қодирбой, – гуфт бо меҳрубонӣ даст ба китфи ӯ монда.
– Раҳмат, раис. Ана ба он каллаварам ҳам фаҳмонед, ки Қодир аз таги қоқу берун наомадааст. Ҳурматаш дар байни халоиқ барҷост!
– Медонем мо чандпула одам ҳастӣ ту! – Нодир заҳрханд зад, аммо ба Қодир фурсати даҳон кушодан надода, Бобоҷон сухани худро идома дод: 
– Қодирбой, шумо дар маҳалла обрӯ доред, эътибор доред. Суханатон вазн дорад, чор кас шунидаву агар дар рӯятон нагӯяд, ҳатман дар ғайбатон тавсиф мекунад, ки Қодир марди ботаҷриба, Қодир одами дурандеш аст. 
– Э дар забонатон садқа! 
– Ҳамин хел! Қодирбой ҷони одам аст мегӯянд.
–  Рост-де. Мисли Нодир, шукр, шарманда нестам. Албатта, обрӯ дорам.
Нодир як ҷӯшиду ба нигоҳи раис дучор омада, ногузир хомӯш гашт.
– Ҳамин хел ки бошад... Қодирбой!
– Лаббай, раисҷон.
– Аз барои ризоияти Аллоҳ аз ними даъвоятон гузаред.
Қодир, ки даст рӯйи сина нигаҳ медошт, оҳи вазнине кашида, дастонашро оҳиста поин андохт. Баъд паси гарданашро хорида ва дар ҳамин ҳол ду-се бор амиқ нафас гирифта, гуфт:
– Дар номи покаш мурам ман! Барои Худои меҳрубон нагузарам, барои кӣ мегузарам? Майлаш нисфашро диҳад!
(Давом дорад).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: