Дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Туркия ҷиҳати иштирок дар Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), Бонуи аввали Ӯзбекистон Зироат Мирзиёева дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки дар шаҳри Анталия баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҷараёни он аз таъсиси Эътилофи ҷаҳонии «Партовҳои сифрӣ» (Zero Waste) хабар дода шуд.
Ҳадафи эътилоф муттаҳид сохтани талошҳои ҳамсарони сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо дар роҳи тарғиби муносибати эҳтиёткорона ба захираҳои табиӣ ва кам кардани ҳаҷми партовҳо мебошад.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиш Зироат Мирзиёева ба Бонуи аввали Туркия Эмине Эрдуғон барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипоси амиқ намуда, саҳми шахсии ӯро дар пешбурди ташаббуси «Партовҳои сифрӣ» дар сатҳи байналмилалӣ махсус таъкид кард. Ҳамчунин, аз таъсиси Эътилофи ҷаҳонии «Партовҳои сифрӣ» пуштибонӣ карда шуд.
Бонуи аввали Ӯзбекистон инчунин як қатор ташаббусҳоро ҷиҳати рушди маърифати экологӣ дар доираи эътилоф, ҳамчунин дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои экологии пешниҳоднамудаи ҷавонон ба миён гузошт.